Моҳи Рамазон бисёр моҳи пӯрбаракат аст, инсонҳо бояд инро дарк намоянд ва аз лаҳза лаҳзаҳояш баҳра бибаранд ва хӯдро аз зӯлму гӯноҳҳо пок кунанд. Тибқи фармудаи машҳуру яқинии Расули Худо(с) мусулмонон шаби лайлатулқадрро дар шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон бояд ҷустуҷӯ намоянд:

تَحَرَّوْا لَيْلَةَ الْقَدْرِ فِي الوَتْر من الْعَشْرِ الْأَوَاخِرِ مِنْ رَمَضَان
Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон ҷустуҷӯ кунед.[1]
 
Дар сӯбҳи рӯзи 19 моҳи Рамазони соли 40 ҳиҷрии қамарӣ ҳазрати имом Алӣ (рз) дар ҳоли хондани намози сӯбҳи мардӯм дар масҷиди Кӯфа буданд, ки ногаҳон Абдурраҳмон ибни Мулҷами Муродӣ аз гурӯҳи Хавориҷ(терористҳои он замон) шамшери заҳрогини хӯдро бар сари мубораки имом Алӣ(рз) фурӯд овард. Ҳазрати имом Алӣ (рз)-ро пас аз зарбат хӯрдан дар меҳроби масҷид, ба хона оварданд ва баъди ду рӯз, яъне дар бисту якуми моҳи мӯбораки Рамазон ҳамзамон бо шабҳои қадр, бо захм ва заҳри он шамшер шаҳид шуданд. Ҳазрати имом Алӣ(рз) шахсияти камназир дар ислом, шогирд махсӯс ва саҳобаи бузӯрги Расули Худо(с) мебошад, ки сӯхан гуфтан дар бораи фазилат, илм ва хизматҳои вай кори осон ва содда нест. Дар айни инки ҳама ҳазрати имом Алӣ(рз) мешиносанд, вале боз дар бораи тавсиф ва баёни ҳақ ва ҷойгоҳаш кам миёранд. Дар тӯли таърих мебинем, ки баъзеҳо мехоҳанд ҳазрати имом Алӣ(рз)­-ро муъарифӣ кунанд ё ифрот(зиёдаравӣ) мекунанд ва он ҳазратро болотар аз устодаш Расули Худо(с) қарор медиҳанд ва ё баъзеҳо тафрит(камкорӣ) ва зӯлм мекунанд ва Ӯро монанди инсонҳои маъмулӣ тавсиф мекунанд, ки ингӯна муъарифӣ нодида гирифтани амри Қуръони карим ва Пайғамбари Аъзам мебошад. Ба ҳар ҳол сӯхан гӯфтан дар бораи ҳазрати имом Алӣ (рз) ва ҳамчунин инсонҳои барҷастаи тарбиятшудаи ваҳйу дин тақвою эҳтиётро лозим дорад, ки Ӯро на монанди дӯшманони дин ва ё дӯшманони он ҳазрат муъарифӣ намоӣ ва на монанди ҷоҳилони соддалавҳ, ки аз дарки каромату азамати ҳазрати имом Алӣ(рз) оҷизанд.

Алӣ(рз) шаҳиди роҳи адолат
Адлу адолатхоҳӣ аз рисолатҳои муҳими пайғамбарони Илоҳӣ аст, ки Худованди меҳрубон пйғамбаронашро мефиристад то ҷаҳлу зӯлмро дар дӯнё аз байн бибаранд ва адолатро дар дӯнё ҳоким созанд.[2] Дар ҷое ки адолату оромиш бошад ва бесаводию зӯлму ноамнӣ набошад, онвақт башар метавонад истеъдодҳои хӯдро рӯшд диҳад ва ба саъодату камол бирасанд ва дар набуди адолату оромиш монанди бардагон ва ғӯломҳо зиндагиро мегӯзаронад ва ҳеҷгӯна рӯшду пешрафте нахоҳад кард.
 Маъруф аст, ки мегӯянд, “Он чи Алӣ (а)-ро кушт ва ба шаҳодат расонд, ин адолати ӯ буд”, яъне дар воқеъ, риъоят ва сахтгириҳои ӯ дар иҷрои адолат ва мубориза бо ҳақхӯрону золимон буд, ки саранҷом ба куштанаш анҷомид. Он ҳазрат хӯдаш дар ин бора мегӯяд, адолатхоҳӣ ва ба дунболи адолат рафтан, ба забон хеле осон аст, ва ҳама дӯст доранд, аммо дар амал иҷрои адолат он қадар сахт аст ва бо мавонеи гуногӯн мувоҷеҳ мешавад, ки дӯшвортарини корҳо мегардад.
Дар иҷрои адолат, ҳазрати амиралмӯъминин Алӣ (а) на дӯст мешинохт ва на дӯшман, на наздик мешинохт ва на дӯр.
Ҳазрати Алӣ (рз) бародаре дошт ба номи Ақил ибни Абӯтолиб(бародари танӣ ва аслиаш буд), Ӯ нобино ва шахси серфарзанду аёлманде буд. Замоне ки ҳазрати амиралмӯъминин Алӣ (рз) халифа буд, рӯзе бародараш Ақил пеши ҳазрати имом Алӣ (рз) омад ва дархост намуд, ки ҳақ ва саҳми Ӯро дар байтулмол бештар аз дигарон қарор бидиҳад, ҳазрати амиралмӯъминин Алӣ (рз) қабул накард. Ақил ҳам хеле исрор кард, ки ман ниёзмандаму фалону фалон.... .. Онгоҳ ҳазрати амиралмӯъминин Алӣ (рз) ночор шуд амалан адолатпешагияшро барои ӯ баён намояд. Ҳол, аз забони худаш бишнавем. Алӣ (рз) дар ин хусус дар ҷамъи мардӯм ин воқеаро чунин баён мекунад:
Савганд ба Худо, бародарам Ақилро дидам, ки ба шиддат ва бисёр ниёзманду фақир шуда буд ва аз ман мехост, ки як манн(миқдори вазни он замон) аз гандумҳои шуморо (мардӯмро аз байтулмол)ба ӯ бибахшам. Кӯдаконашро дидам, ки аз гуруснагӣ мӯйҳояшон ҷӯлида ва рангашон бар асари фақр дигаргӯн гашта; гӯё рӯяшон бо нил ранг шуда бошад. Ақил боз ҳам зораю исрор кард ва чанд бор хостаи хӯдро такрор намуд... . Хаёл кард, ман динамро ба Ӯ мефурӯшам ва ба дилхоҳи Ӯ гом бармедорам ва аз роҳу расми хӯдам даст мекашам. (Аммо ман дар баробари исрори Ӯ ва то ин ки бедор ва ҳӯшёр шавад ва бидонад, ки Алӣ дар иҷрои адолат сахтгир аст ва ҳеҷгоҳ кӯтоҳ намеояд) оҳанеро дар оташ гӯдохтам ва гарм намудам, баъд онро ба баданаш наздик сохтам, то бо сӯзондан ва ҳарорати он ибрат гирад. Нолае ҳамчун бемороне, ки аз сахтӣ ва шиддати дард меноланд сар дод ва чизе намонда буд, ки аз ҳарорати он бисӯзад. Ба вай гӯфтам:
Эй Ақил! Занони сӯгманд дар сӯги ту бигирянд, аз оҳани гӯдохташудае, ки инсоне онро ба сурати бозича бо оташи дӯнявӣ сурх кардааст нола мекунӣ, аммо маро ба сӯи оташе мекашонӣ, ки Худованди Ҷаббор бо шӯълаи хашм ва ғазабаш онро дар дӯзах барафрӯхтааст? Ту аз ин ранҷ менолӣ(оташу сӯхтани кӯтоҳ муддати дӯнёӣ) ва ман аз оташи сӯзон (сахти дӯзах)нолон нашавам...? [3]
 
Ҳақгароӣ ва адолатхоҳии ҳазрати Алӣ (рз)
Ҳазрати амири мӯъминон Алӣ (рз), инсони дастпарвардаи Пайғамбари Акрам(с) аст, ки дар миёни тамоми саҳобагон шуҷоъату илму адолахоҳиаш машҳуру забонзад мебошад. Мусулмонону адолатхоҳони олам бо доштани ҳамчунин пешвои поку одилу донишманд ифтихор мекунанд ва аз Ӯ ва фарзандонаш, ки якеаш имом Ҳусейн(рз) ҳаст, улгӯ ва дарс мегиранд. Инҳо хонаводаи Пайғамбари Акрам(с) ҳастанд, ки муҳаббат ва дӯст доштани ин хонадонро Худованди карим дар Қуръони карим музд ва аҷри рисолати Пайғамбари Акрам(с) медонад ва барои ҳар мусулмон таклифу лозим аст, хонадони Расули Худо(с)-ро дӯст бидоранду пайравӣ намоянд. Пайгамбари Худо ҳазрати Муҳаммади мустафо(с) дар бораи ҷойгоҳ ва ҳақгароии ҳазрати имом Алӣ(рз) мефармоянд:

علِيٌّ مَعَ الحَقِّ وَالحَقُّ مَعَ عَلِيٍّ يَدُورُ حَيْثُمَا دَار
 Алӣ ҳамроҳи ҳақ аст ва ҳақ низ ҳамроҳи Алӣ аст, ҳаркуҷо Алӣ бошад, ҳақ ҳам ҳамонҷост. [4]
Пайгамбари Худо (с) ҳамин ҳадисро дар ҷои дигар мефармоянд:

الحَقُّ مَعَ عَلِيٍّ وَعلِيٌّ مَعَ الحَقِّ لَن يَفتَرِقَا حَتى يَرِدَا عَليَّ الحَوض
Ҳақ бо Алӣ аст ва Алӣ бо ҳақ аст, он ду ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд, то ин ки дар сари ҳавзи Кавсар бар назди ман биёянд.[5]
 
Гӯшае аз васиятномаи ҳазрати имом Алӣ(рз)
 Дар лаҳзаҳои охирини ҳаёти муборакаш ҳазрати Алӣ (рз) ба фарзандон, наздикон ва ба ҳамаи мусулмонон васиятҳои хӯберо баён намӯд, ки ба гӯшае аз онҳо ишора мекунем:
»Шуморо ба тақвою парҳезкорӣ супориш мекунам, ки корҳои худро мураттабу муназзам кунед, ҳамеша дар фикри дастгирӣ ва ислоҳи байни мусулмонон бошед... .
Ятимонро фаромӯш накунед, ҳуқуқи ҳамсоягонро риоят кунед... .
Қуръонро барномаи амалии зиндагии хӯд қарор диҳед... .
Намозро бисёр дӯсту гиромӣ бидоред, ки сутуни дини шумост... .
Дар роҳи Худованд бо сарват, сӯхан ва ҷони хӯд талош, ҷиҳоду фидокорӣ кунед... .
Бо ҳам муттаҳид бошед ва бипайвандед... . Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ташвиқу даъват кардан ба хӯбиҳо ва манъ кардан аз бадиҳоро тарк накунед, чунки ки агар аз ин вазифаи илоҳӣ сарпечӣ кунед, золимону фосидони ҷомеа бар шумо пирӯз ва ҳоким мегарданд ва он гоҳ ҳар чи бар зидди золимону фосидон дуою нафрин кунед, дуоҳоятон мустаҷоб нахоҳад шуд (гӯноҳкору бадбахту хор мешавед)... «.[6]

Хӯлоса
Адолатхоҳӣ ва адолатдӯстӣ хостаи тамоми инсонҳо дар тамоми давронҳо будааст. Аз тарафе ҳам монеъ ва мушкили аслии тамоми инсонҳо дар тамоми давронҳо зӯлми золимону зургӯён будааст, ки сарвату имконоти мддӣ ва маънавиро соҳиб мешаванд ва намегузоранд аз бесаводӣ, фақирӣ ва коргарӣ берун бароянд. Иҷозати сӯҳбат кардану ҳақталабию адолатхоҳиро аз мардӯм мегиранд ва ба инсонҳо иҷоза намедиҳанд, ки мушкилоту азобу ранҷашонро баён намоянд. Ҳаркас ҳам сӯҳбату шикоят аз золиме намояд ва ҳаққи фардӣ ё иҷтимоъиашро талаб кунад, онро бо баҳонаҳои зидди қонун, зидди давлат сӯхан гӯфтан муттаҳам ва туҳмат намуда муҷриму ҷинояткораш муъарифӣ мекунанд ва таҳдиду азобаш мекунанд. Ҳамин равиш ва сериал дар тамоми давронҳо дар миёни тамоми миллатҳо иҷро мешудааст ва золимону зургӯён намегузоштанд, ки инсонҳо ба озодӣ ва ҳаққашон ва адолат бирасанд.

Бояд каме андеша кунем, ки ҳақ ва адолатро касе мешиносад ва пайравӣ мекунад ва онро барпо мекунад, ки ё пайғамбар бошад ва ё донишманди поку шуҷоъ ва дӯр аз зарқу барқи дӯнё, ки дар баробари нафсу сарвату золимон битавонад биистад ва мубориза кунад ва мардӯми заъифу бечораро аз дасти зургӯёну золимон наҷот диҳад. Ҳазрати имом Алӣ(рз) тавоноии ин корро дошт ва нишон дод, ки исломи ҳақиқӣ нишонааш адолатхоҳӣ ва мубориза бо дӯздон, зургӯёну золимон аст, на созиш бо онҳо.

Барои ҳамин пайравони ростини дин ва ҳазрати имом Алиро бояд бо сифати адолатхоҳӣ ва мубориза бо зургӯёну золимон мешавад шинохт. Агар дар саргӯзашти мусулмонон ва таърихи ислом нигоҳ кунем то ҳол, яъне имрӯза дар ҷанги Исроилу Амрико бо Фаластин ба хӯбӣ пайравони имом Алиро мебинед, ки пӯштибони аслии мардӯми мусулмони мазлӯми Ғаззаю Фаластин ҳастанд ва дар ин роҳ ҳазина ва ҷон медиҳанд ва сарбаланд аз дӯнё ҳам мераванд. На монанди мазҳабҳою равияҳои дигар , ки бо зургӯёну золимон месозанду дину мусулмонону мазлӯмонро хор кардаанд ва аз адолатхоҳон ва мазлӯмон пӯштибонӣ намекунанд, бахотири тарси аз дӯшман ва сарвату айши дӯнёи зӯдгӯзар. Бинобарин адолатхоҳӣ дар забон бо амал хеле фарқ дорад ва амали бо адолат мубориза бо золимонро ва дастгирии мазлӯмонро металабад ва инҷост дар ҳамаи замонҳо мо инсонҳои ҳақгӯ ва одилро камтар пайдо мекунем, ки ситамдида ва мазлӯмро ёрӣ ва адолат барпо кунанд.

Дуруду салому раҳмату ризвони Худои меҳрубон нисори рӯҳи боазамати ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (рз)  ва сарвари адолатхоҳони ҷаҳон бод!
 Ин мусибат ва ин солрӯзи шаҳодати амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (рз) ба ҳамаи адолатхоҳону мусулмонони ҷаҳон таслият мегӯем. Иншоаллоҳ Худованди карим моро аз адолатхоҳону пайравону дӯстдорони ҳақиқии амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (рз) қарор диҳад то дӯстдори ҳаққу адолат ва аҳли он бошем ва дар охират ҳам бо он ҳазрат маҳшурамон бигардонад!
Омин ё Рабалоламин!

 
[1] -Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2017
[2] - Баргирифта аз сураи ҳадид, ояти25
[3] - Китоби Наҳҷул балоға, хӯтбаи шумораи 224
[4] - Саҳеҳи Термизӣ,ҷ.5, с.655
[5]-Мустадрак-ала-саҳеҳайни Ҳоким, ҷ.3.саҳ.134
[6] Китоби Наҳҷул балоға, номаи 31


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст