Ба гӯзориши иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ узмо Хоманаӣ, раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейнии Хоманаӣ аввалин паёми хӯдро ба миллати шарифи Эрон баён фармӯд ва матни паём чунин аст:
 
Ба номи Худои Бахшояндаву Меҳрубон
 
مَا نَنسَخْ مِنْ ءَآیَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأتِ بِخَیْرٍ مِّنْهَآ اَوْ مِثْلِها
 
«Ҳар оятеро, ки мо бекор гардонем ё фаромӯш онем, беҳтар ё монанди он меорӣ (Сураи Бақара, ояти 106).»
 
اَلسَّلامُ‌عَلَیکَ یا داعِیَ‌اللهِ وَ رَبّانِیَّ آیاتِهِ، اَلسَّلامُ‌عَلَیکَ یا بابَ‌‌اللهِ وَ دَیّانَ دینِهِ، اَلسَّلامُ‌عَلیکَ یا خَلیفَةَ‌اللهِ و ناصِرَ حَقِّهِ، اَلسَّلامُ‌عَلیکَ یا حُجَّةَ‌ا‌للهِ وَ دَلیلَ اِرادَتِه؛ اَلسَّلامُ‌عَلیکَ اَیُّهَا المُقَدَّمُ المَأمُول؛ اَلسَّلامُ‌عَلیکَ بِجَوامِعِ السَّلام؛ اَلسّلامُ‌عَلیکَ یا مَولایَ صاحِبَ الزَّمان.
 
Салом бар ту, эй даъваткунандаи мардум ба Худо ва сухангӯи оятҳои Ӯ! 
Салом бар ту, эй дарвоза ба роҳи Худо ва ҳокими дини Ӯ! 
Салом бар ту, эй халифаи Худо ва ёвари ҳаққи Ӯ! 
Салом бар ту, эй ҳуҷҷати Худо ва раҳнамои иродаи Ӯ! 
Салом бар ту, эй пешвои умедбахш! 
Салом бар ту бо ҳама саломҳо! 
Салом бар ту, эй соҳиби замон!
 
Дар оғози сухан, лозим медонам ба сарварам ҳазрати валӣ-аср (аҷҷала-ллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) ба муносибати шаҳодати раҳбари бузурги инқилоб, ҳазрати Хоманаии азиз ва ҳакиму хирадманд, таъзият арз намоям; ва аз он ҳазрат дуои хайре барои ҳар яки миллати бузурги Эрон, балки тамоми мусалмонони ҷаҳон, хизматгузорони Ислом ва Инқилоб, ҷонфидоён ва бозмондагони шаҳидони наҳзати Исломӣ хусусан дар ҷанги ахир ва ҳамчунин барои ин банда ва ҳақири нокас талаб мекунам.
 
Қисмати дуюми суханам бо миллати бузурги Эрон аст. Дар оғоз бояд мавқеи худро нисбат ба раъйи Маҷлиси мӯҳтарами хубрагон кӯтоҳ тавзеҳ диҳам. 
Ин хизматгузори шумо, Сайид Муҷтабо Ҳусейнӣ Хоманаӣ, ҳамзамон бо шумо тавассути симои Ҷумҳурии Исломӣ аз натиҷаи раъйи Маҷлиси хубрагон огоҳ шудам. Барои ман нишастан бар ҷое, ки маҳалли ҷулуси ду пешвои азим Хумайнии кабир ва Хоманаии шаҳид будааст, кори бисёр сангин аст. Зеро ин курсӣ ҷойи касест, ки пас аз беш аз 60 соли мубориза дар роҳи Худо ва гузаштан аз лаззатҳои зиндагӣ, ба гавҳари дурахшон ва чеҳраи намоёне на танҳо дар замони худ, балки дар тамомии таърихи ин кишвари мазлум табдил ёфта буд. Ҳам зиндагӣ ва ҳам шаҳодати ӯ бо шаҳомат ва иззате, ки аз иттико ба Ҳақ сарчашма мегирифт, пайванд дошт. 
 
Ман ин ифтихорро доштам, ки баъд аз шаҳодат пайкари он ҳазратро зиёрат кардам он чӣ дидам, кӯҳи устуворӣ буд; шунидам, ки дасти солими худро дар ҳам фишурда буд. 
Дар бораи ҷанбаҳои гуногуни шахсияти ӯ, аҳли иттилоъ бояд муддатҳо сухан гӯянд. Ин ҷо танҳо ба ҳамин ишора иктифо менамоям ва ҷузъиёташро ба фурсатҳои муносиб вогузорам. Ин аст сабаби сахтии нишастан бар курсӣ пас аз чунин шахсе ва пур кардани ин фосила танҳо бо ёрии Худои Таоло ва пуштибонии шумо мардум мумкин аст. 
 
Сипас, зарур медонам нуктаи муҳиммеро ёдовар шавам, ки ба асли суханам иртиботи мустақим дорад. 
Он ин аст, ки яке аз бузургтарин ҳунарҳои раҳбари шаҳид ва пешвои бузӯрги ӯ (Имоми Хумайнӣ), ҳамроҳ сохтани мардӯм дар ҳамаи саҳнаҳо, огоҳӣ бахшидан ба онҳо ва такя бар нерӯи халқ буд. Онҳо мафҳуми воқеии “ҷумҳур” ва “ҷумҳурият”-ро амалӣ карда, аз самими дил ба он имон доштанд. 
 
Нишонаи равшани ин ҳақиқат дар рӯзҳое дида шуд, ки кишвар бе раҳбар ва бе фармондеҳи кули қувво буд. Басирати миллати бузӯрги Эрон дар ин воқеъаи ахир, пойдорӣ, шуҷоат ва ҳузӯраш дӯстро ба таҳсин ва дӯшманро ба шигифтӣ водошт. 
Ин шумо мардум будед, ки кишварро раҳбарӣ ва иқтидори онро замонат кардед.
 
Ояте, ки дар оғоз овардам, ба ҳамин маъност: ҳеҷ ояте аз оятҳои Худо нест, ки агар муҳлати он бирасад ё фаромӯш шавад, Худованди Азим монанди он ё беҳтари онро ҷойгузин намекунад.
 
Қуръонро ба ихтиёри хӯд овардам, на ба ин маъно ки банда дар сатҳи раҳбари шаҳид бошам то чӣ расад ба он ки хӯдро болотар аз он фарз кунам; балки ҳадафи зикри ин ояти муборак таъкид ба нақши бузург ва шоистаи шумо  миллати азиз  мебошад. 
Агар он неъмати азим аз мо гирифта шуд, ба ҷояш бори дигар ҳузури Аммормонанди миллати Эрон ба ин низом ато гардид. 
Бидонед, ки агар қудрати шумо дар саҳна зуҳур накунад, на роҳбарӣ ва на ҳеҷ як аз дастгоҳҳои гуногун, ки шаъни ҳақиқии онҳо хидмат ба мардӯм аст, тавоноии воқеиро нахоҳанд дошт. 
 
Барои он ки ин маънӣ ба шакли беҳтарин амалӣ гардад: 
 
Аввал, бояд ба ёди Худованди Таборак ва Таоло буд, ба Ӯ таваккул кард ва ба анвори поки маъсумин (с) тавассул ҷӯст, ки кафолати кушодагиҳо ва пирӯзии қатъӣ бар дӯшман аст. 
Ин бартарии азиме аст, ки шумо онро доред ва дӯшманонатон аз он маҳруманд. 
 
Дуввум, бояд байни афрод ва табақаҳои миллат, ки одатан дар даврони тангноҳо (вазъияти мушкил) аз хӯд нишон медиҳанд, иттиҳоди комил ҳифз шавад. Ин бо чашмпӯшӣ аз нуқтаҳои ихтилоф ба даст меояд. 
 
Севум, бояд ҳузӯри муассир дар саҳна ҳифз шавад чӣ ба он муносибате, ки дар рӯзҳо ва шабҳои ҷанг аз хӯд нишон додед, ва чӣ ба шаклҳои гуногуни нақшофаринии муассир дар арсаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ ва ҳатто амниятӣ. 
Муҳим он аст, ки нақши дурӯст, бидуни халал ба ваҳдати иҷтимоӣ, дурӯст дарк ва то ҳадди мумкин ба иҷро гӯзошта шавад. 
Яке аз вазифаҳои роҳбарӣ ва бархе масъулин гӯшзад кардани баъзе аз ин нақшҳо ба афрод ва табақаҳои ҷомеа аст. 
Аз ин рӯ, аҳамияти ҳузӯр дар маросими рӯзи Қудси 1447-ро ёдовар мешавам, ки бояд унсури дӯшманшиканӣ дар он мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон бошад. 
 
Чаҳорум, аз кӯмак ва ёрӣ ба якдигар фурӯгӯзор накунед. Биҳамдулиллоҳ ин хислати ҳамешагии аксари эрониён аст. Умед меравад, ки дар ин рӯзҳои сахт, ки бархе аз афрод табиатан фишори бештар доранд, ин амр бештар ҷилва дошта бошад. 
Дар ҳамин маврид аз дастгоҳҳои хизматрасонӣ мехоҳам, ки дар ин ҷиҳат аз ҳеҷ гӯна кӯмак ва ёрӣ ба он афроди азизи миллат ва сохторҳои мардумии кӯмаккунанда дареғ наварзанд. 
 
Агар ин масоил риоят шавад, роҳи расидани шумо миллати азиз ба рӯзҳои бузӯрг ва пӯршукӯҳ ҳамвор хоҳад гашт. Наздиктарин намунаи он ба иҷозати Хӯдо пирӯзӣ бар дӯшман дар ҷанги феълӣ хоҳад буд. 
 
Дар шароите ки миллати мо ва ватани азизамон ба таври мазлумона мавриди ҳамлаи сарони ҷабҳаи истикбор қарор гирифтааст, ҷангҷӯёни шуҷо бо зарбаҳои кӯбанда роҳи дӯшманро бастаанд ва ӯро аз хаёли тасаллут ба ин сарзамини азиз ва эҳтимоли ҷудосозии он берун овардаанд. 
 
Бародарони азизи ҷангҷӯ! Талаби мардӯм, идомаи дифои муассир ва пандомӯз аст. Ҳамчунин, бояд ҳамоно аз абзори бастани тангаи Ҳурмуз истифода шавад. Дар мавриди кушодани ҷабҳаҳои дигар, ки дӯшман дар он таҷрибаи кам дорад ва сахт осебпазир аст, таҳқиқҳо анҷом ёфтааст ва фаъолсозии онҳо дар сурати идомаи вазъияти ҷангӣ ва бар асоси маслиҳатҳои умумӣ амалӣ хоҳад шуд. 
 
Ҳамчунин, аз муборизони ҷабҳаи муқовимат ташаккури самимӣ дорам. Мо кишварҳои ҷабҳаҳои муқовиматро беҳтарин дӯстони хӯд медонем ва амри муқовимат ҷузъи ҷудонашавандаи арзишҳои инқилоби исломист. 
Бедуни шак, ҳамроҳии унсурҳои ин ҷабҳа бо якдигар роҳи наҷот аз фитнаи саҳюнистиро кӯтоҳтар мекунад; ҳамон тавре ки дидем Ямани шуҷоъ ва муъмин аз дифоъи мардумони мазлуми Ғазза даст накашид, Ҳизбуллоҳи фидокор бо ҳамаи монеъаҳо ба ёрии Ҷумҳурии исломӣ омад ва муқовимати Ироқ низ далерона ҳамин хатро идома медиҳад. 
 
 
Сухани ман дар ин бахш бо онҳост, ки дар ин чанд рӯз ба навъе осеб дидаанд: 
Аввал, ҳамаи онҳое, ки азизеро ё азизонеро аз даст додаанд; ҳам онҳое, ки ҷароҳат бардоштаанд; ва ҳам касоне, ки хона, манзил ё ҷойи кору тиҷорати онҳо зарар дидааст.
 
Дар ин ҷиҳат, пеш аз ҳама, ҳамдардии амиқи хӯдро бо бозмондагони шаҳидони воломақом эълом мекунам. Ин эҳсос бар асоси таҷрибаи муштаракест, ки ман бо ин бузургворон дорам. 
 
Ғайр аз падари бузургворам, ки мусибати набуди он ҳазрат ба масъалае умумӣ табдил шуд инчунин ҳамсари азизу вафодорамро, ки умеди бисёре ба ӯ доштам; хоҳари фидокорам, ки хӯдро ба хидмати волидайнаш бахшида буд ва оқибат музди хӯдро гирифт; кӯдаки хурдсолашро; ва шавҳари хоҳари дигарамро, ки инсони донишманду поксиришт буд, ҳамаи инҳоро ба корвони шаҳидон супоридам. 
 
Аммо он чӣ сабри бар мусибатро имконпазир ва ҳатто осон месозад, таваҷҷӯҳ ба ваъдаи қатъии Хӯдованд барои аҷру подоши олӣ ба сабурони ҳақиқӣ аст. 
Аз ин рӯ бояд сабр кард ва ба лутфу кӯмаки Хӯдои Азим умед ва эътимод дошт. 
 
Дуввум, ин итминонро ба ҳамаи мардум медиҳам, ки мо аз интиқоми хуни шаҳидони шумо чашмпӯшӣ нахоҳем кард. Ин интиқом танҳо ба шаҳодати раҳбари бузурги инқилоб маҳдуд намешавад балки ҳар узви миллат, ки аз ҷониби дӯшман шаҳид гардад, хӯд мавзӯи мустақили парвандаи интиқом хоҳад буд. 
Бешак, қисме аз ин интиқом то имрӯз ба таври амалӣ сурат гирифтааст, аммо то замоне ки пурра ба натиҷа нарасад, ин парванда бар рӯи ҳамаи парвандаҳои дигар боз хоҳад монд. 
Ба хусус, нисбат ба хуни кӯдакон ва тифлон ҳассосияти бештар дорем. Аз ҳамин рӯ, ҷинояте ки дӯшман ба таври амдона дар мавриди мактаби “Шаҷараи Тайиба”-и Миноб ва баъзе мавридҳои монанд анҷом додааст, аз мақоми махсус дар ҷараёни расидагӣ бархӯрдор хоҳад буд. 
 
Севвум, маҷрӯҳони ин ҳамлаҳо ҷонбозон бояд хизматрасониҳои тиббии муносибро бепул дарёфт кунанд ва аз хидматҳо ва имтиёзҳои дигар низ баҳра баранд. 
 
Чаҳорум, то он ҳадде ки вазъияти кунунӣ имкон диҳад, бояд барои ҷуброни хисоротҳои молӣ ва зарари расида ба ҷойҳо ва амволи шахсӣ чораҳои кофӣ ва равшан таъин ва ба иҷро гузошта шаванд. 
Ин ду маврид вазифа ва амри ҳатмии масъулин аст, ки бояд онро амалӣ намуда ва гузоришашро ба ман ироа созанд. 
 
Нуктаи дигаре, ки бояд ёдовар шавам, ин аст: 
Ба ҳар сурат, мо аз дӯшман ғаромат хоҳем гирифт; ва агар ӯ сарпечӣ кунад, ба андозае ки манзур дорем аз амволи ӯ хоҳем гирифт, ва агар он низ мумкин набошад, ба ҳамон андоза аз амволи ӯро нобуд хоҳем кард. 
 
Мо бо 15 кишвари ҳамсоя, хокӣ ва баҳрӣ, робита дорем ва ҳамеша майл ба муносибати гарм ва созанда бо ҳамаи онҳо доштаем ва дорем. 
Аммо дӯшман аз солҳои пеш тадриҷан пойгоҳҳои низомӣ ва молӣ дар баъзе аз ин кишварҳо бунёд кардааст, то нуфуз ва тасаллуташро бар минтақа таъмин кунад. 
Дар ҳамлаи ахир, баъзе аз ин пойгоҳҳои низомӣ истифода шуданд ва табиист, ки мо мувофиқи огоҳии возеҳе, ки қаблан дода будем бидуни дастдарозӣ ба хӯди он кишварҳо, танҳо ҳамон пойгоҳҳоро мавриди ҳамла қарор додем. 
 
Аз ин пас низ, ночор ин амалро идома хоҳем дод; гарчи ҳамоно мӯътақид ба зарурати дӯстӣ бо ҳамсоягон ҳастем. 
Ин кишварҳо бояд мавқеи хӯдро нисбат ба мутаҷовизони ватани азизи мо ва қотилони мардумони мо равшан созанд. 
Ман тавсия мекунам, ки ҳарчи зудтар он пойгоҳҳоро банданд, зеро албатта то имрӯз дарёфтаанд, ки даъвои таъмини амният ва сулҳ аз ҷониби Амрико ҷуз як дурӯғ нест. 
 
Агар чунин кунанд, бо миллатҳои хӯд, ки умуман аз ҳамроҳӣ бо ҷабҳаи куфр ва рафтори таҳқиромези он норозиянд, робитаи бештар пайдо мекунанд ва бар сарвату қудрати хӯд меафзоянд. 
Боз таъкид мекунам, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ бидуни ҳеҷ гуна нияте ба султа ё истеъмор, омодагии комил барои иттиҳод ва муносибати гарм, самимӣ ва баробар бо ҳамаи ҳамсоягонашро дорад. 
 
Эй раҳбари шаҳид! Бо рафтани хӯд дарди сангине бар дилҳои ҳамаи мардум ворид кардед. 
Шумо ҳамеша ошиқи чунин поён будед ва ниҳоят Хӯдованд он амалро дар субҳи рӯзи даҳуми Рамазони муборак, ҳангоми тиловати Қуръони Карим, ба шумо ато фармӯд. 
Мазлумиятҳои зиёдро бо қудрат ва сабр таҳаммул кардед ва ҳаргиз аз хӯд бесабрӣ нишон надодед. 
Бисёре аз мардӯм қадри ҳақиқии шуморо нашинохтанд, ва шояд муддатҳо бигзарад то пардаҳо бардошта шаванд ва ҷанбаҳои аслии шахсияти шумо равшан гардад. 
 
Умедворем, ки дар мавқеи қурби илоҳӣ, дар миёни анвори поки маъсумин, сиддиқон, шаҳидон ва авлиё, ки бароятон фароҳам гашта, боз ҳам ба фикри пешрафти ин миллат ва ҳамаи миллатҳои ҷабҳаи муқовамат буда бошед ва барои онҳо шафоъат намоед ҳамон тавре ки дар зиндагии дунёи хӯд чунин будед. 
 
Мо бо шумо аҳд мебандем, ки барои баланд нигоҳ доштани ин парчам, ки парчами аслии ҷабҳаи ҳақ аст, ва барои расидан ба мақсадҳои муқаддаси шумо, бо тамоми вуҷӯд талош мекунем. 
 
Аз ҳамаи бузӯргворон, ки маро мавриди пуштибонӣ ва дастгирӣ қарор додаанд аз ҷумла мароҷеъи бузӯргвор, шахсиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва аз оммаи мардӯм, ки дар ҷамъомадҳои пуршукӯҳ барои изҳори байъати дубора бо низом ҳозир шудаанд ва ҳамчунин аз масъулини се қувва ва шӯрои муваққати роҳбарӣ барои тадбирҳои нек ва чораҳои муфид ташаккур менамоям. 
 
Умедворам, ки лутфу иноятҳои махсуси илоҳӣ дар ин соъатҳо ва рӯзҳои пурфайз, шомили ҳоли тамоми миллати Эрон ва балки ҳамаи мусулмонон ва мазлумони ҷаҳон гардад. 
 
Дар поён, аз ҳазрати валии аср (аҷҷала-ллоҳу фараҷаҳ) илтимос мекунам, ки дар ин боқимонда аз шабҳои пурбаракати қадр ва моҳи Рамазони муборак, аз даргоҳи Хӯдои Азим дуъо талаб намоянд: 
барои ғалабаи қатъии миллати мо бар дӯшман, инчунин барои иззат, фарохӣ, тандурустӣ, ва барои рафтагон мақом ва осоиши охират. 
 
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва таҳийятуҳу 
Сайид Муҷтабо Ҳусейнӣ Хоманаӣ
 
21\исфанд\1404
 
22\рамазон\1447
 
12\март\2026

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст