Ба гӯзориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ(рҳ), шӯрои олии амнияти милли Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ(рҳ), Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар таҷовӯзи амрикоӣ, саҳюнистӣ ба Эрон, сӯбҳи рӯзи шанбе ба шаҳодат расиданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ(рҳ) то охирин лаҳзаи шаҳодат дар маҳалли кори хеш (дафтари корашон) ҳузӯр доштанд ва ҳеҷгоҳ дар замони хатар ҳам рафтан ба паноҳгоҳро напазирӯфтанд. Масъулоне ҳам, ки дар замони ҷанг барои Ӯ пешниҳоди паноҳгоҳ рафтан мекарданд, Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ(рҳ) дар ҷавоб мефармӯд: Ҳаргоҳ барои ҳамаи мардӯми Эрон чунин паноҳгоҳе амне фароҳам кардед, онгоҳ ман ҳам аз он паноҳгоҳ истифода мекунам.
Масъулон ҳам дар ҷавобаш мемонданд, дигар наметавонистанд чизе бигӯянд. Чунки масъулон низ медонистанд, ки адолат яъне ҳарчизеро барои хӯд мехоҳӣ барои дигарон ҳам бихоҳӣ.

Бале нигоҳҳо хеле фарқ мекунад, Роҳбарӣ дар ислом хизматгори миллат аст, аммо дар ғайри ислом мардӯм дар хизмати Ӯ ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ(рҳ) дар роҳи ислом, мубориза бо зургӯёни сарватандӯз(капиталист) ва барпоии адолат ба дасти бадтарин ва хӯнхортарин инсонҳои рӯи замин дар моҳи шарифи Рамазон мазлӯмона ба шаҳодат расид.
Ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати ин ҳодисаи ҷонсӯз, 40 рӯз азои умумӣ ва 7 рӯз таътили умумӣ эълом кард.
 
Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ин замина баёнияи ба ин шарҳ содир кардааст:

بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованд бахшандаи меҳрубон

Рӯҳи баланди пешвои миллати бузӯрги Эрон ва озодихоҳони ҷаҳон ва уммати исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба малакути аъло пайваст ва ба орзӯи деринаи хеш расид ва бо пайравӣ аз ҷадди бузӯргвораш Имом Алӣ (а) дар моҳи мубораки Рамазон бо сар додани нидои осмонӣ “фузту ва раъбул Каъба”(Ба Худои Каъба растагор шудам) ба соҳати муқаддаси Илоҳӣ восил гардид ва шаҳди гӯворои шаҳодатро дар ин моҳи муборак нӯшид.

Имрӯз миллати хастагинопазири Эрон ва уммати исломӣ ва озодихоҳони ҷаҳон ва ба ҷиҳати ҳамлаҳои бадхоҳонаи Амрикои ҷинояткор ва саҳюнистҳои нобакор доғдоранд аммо дӯшманони хӯнхор ва дузахиёни ситамкори байналмилалӣ бидонанд бедордилони ҷаҳон роҳи хӯдро ёфтаанд ва ин шаҳодатҳо ҳар чанд барои миллати мо ва милатҳои исломӣ гарон бошад, аммо ононро муқовимтар ва мусаммамтар мегардонад ва бе тардид шаҳодати он шахси азимушшаън оғозгари хезиши бузӯрг дар мубориза бо ситамгарони олам хоҳад буд.

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
 



@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст