
Охирин Ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон бино бар эъломи имом Хумайнӣ(рҳ) рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз озодии Қудс ва қиблаи аввали мусулмонон ном гирифтааст. Дар ин ҷумъаи охири моҳи шарифи Рамазон мусулмонон ва озодагони саросари дунё барои дифоъ ва ҳимоят аз Фаластин ва мазлумону мусулмонони ҷаҳон ва маҳкум кардани ғосибони қиблаи аввали мусулмонон ва мустакбирони олам роҳпаймоӣ мекунанд. Имсол рӯзи қудс дар ҷумҳурии исломии Эрон дар зери бомбаронҳои дӯшмани қудс ва ислом, яъне Амрико ва Исроил бо якпорчагӣ ва хашми оташини миллати қаҳрамони Эрон баргӯзор гашт. Аммо тазоҳуркунандагон таъкид карданд, ки озодии қудс бисёр наздик аст ва роҳи зиёде намонда аст ва иншоаллоҳ бо садои ваҳдатбахши озодагони ҷаҳон ва нафасҳои гарми рӯзадорони мусулмон режими ҷинояткору кӯдаккӯши Исроил аз саҳнаи рӯзгор маҳву нобуд хоҳад шуд ва Амрикои ҷинояткор ҳам аз минтақа ва кишварҳои исломӣ бо сарафкандагӣ ронда хоҳад шуд.
Дар поён баргӯзории хурӯши бошукӯҳи миллати Эронро дар роҳпаймоии рӯзи қудс, ки имсол ҳамзамон бо таҷовӯз ҳамлаи дӯшмани Амрикоӣ ва Исроилӣ ба хоки Эрон ва шаҳодати раҳбари инқилоби исломии Эрон ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ шуда аст, ба сурати тасвир пешкаш мегардад.



































