بسم الله الرحمن الرحیم

مِنَ الْمُؤْمِنِینَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَیْهِ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَی نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ یَنْتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِیلًا
Дар миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки бар сари аҳду паймоне, ки бо Худованд бастанд, содиқона истоданд, баъзе бар сари аҳду паймон ва дифоъ аз ҳақ то марзи шаҳодат пеш рафтанд(то охирин нафас истоданд), баъзе ҳам дар интизоранд(то дар роҳи ҳақ шароби шаҳодат нӯшанд), ҳаргиз тағиру табдиле дар аҳду паймони хӯд надодаанд.(Сураи аҳзоб, ояти 23)

Хабари террор ва шаҳодати ғамангезу ноҷавонмардонаи раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, ҳазрати оятуллоҳ шаҳид имом Хоманаӣ(рҳ) ҳамроҳи ҳамсари гиромияш ва фарзандону навааш, ба дасти бадбахттарин ва хӯнхортарин инсонҳои рӯи замин, бо забони рӯза дар моҳи шарифи Рамазон дар синни 87 солагӣ, қалби тамоми мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳонро ба дард овард ва хӯнашонро ба ҷӯш.

Ҳазрати оятуллоҳ шаҳид имом Хоманаӣ(рҳ) умри бо баракати беш аз 70 соли хӯдро дар роҳи ислому барпоии адолат, мубориза бо истеъморгарону зургӯёни сарватандӯзи ҷаҳонӣ(капиталистону империалистон) ва ҳимоят аз заъифону мазлӯмони олам сипарӣ намуд. Вай дар рӯшди илмӣ, истиқлолу пешрафт, ваҳдату тавонмандсозии Эрони исломӣ ва ҳамчунин дар таҳким ва гӯстариши робитаҳо ва сулҳу дӯстӣ бо ҳамзабонон, ҳамсоягон, мусулмонон ва ҳатто миллатҳои ҷаҳон нақши бисёр барҷастае дошт. Аз тарафе ҳам монеъи аслии бесуботию нооромӣ, таҷзияи кишварҳо, султаю нақшаи ғарбиҳо ва империалисми ҷаҳонӣ дар минтақа ва кишварҳои исломӣ буд.

 Ин олими раббонӣ ва илоҳӣ шахсияти андешманду пурталоше буд, ки дар заминаи илму маърифат ба хусӯс дар фиқҳу усул, тафсиру ҳадис, калому ақоид, ҳикмату ирфон, ахлоқу тарбият, сиёсату қазоват, тамаддуну улуми инсонӣ ва мудирияту ҳукмронии исломӣ осору хадамоти бисёр арзандаеро барҷой гӯзошт.

Ҳазрати оятуллоҳ шаҳид имом Хоманаӣ(рҳ) на танҳо дар миёни мардӯми Эрон роҳбар, улгӯи шуҷоат ва намунаи басирату муқовимат дар баробари истеъмору империалисми ҷаҳонӣ буд, балки дар миёни мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон низ ҳамчун роҳбари адолатхоҳу ҳаким аз маҳбубият ва иқболи беназире бархӯрдор буд.

Таъкиду сафориши ҳазрати оятуллоҳ шаҳид имом Хоманаӣ(рҳ) дар рӯзҳои охири умраш ба мардӯми мусулмони Эрон ин буд: Миллати огоҳи Эрон зӯлмро намепазирад ва зери байъату фармони фосидону золимон нахоҳад рафт.(Яъне шуҷоъу истиқлолталабу адолатхоҳ бошед.)

Мо ин мусибати сангин ва шаҳодати ноҷавонмардонаи ҳазрати оятуллоҳ шаҳид имом Хоманаӣ(ризвонуллоҳ таъоло алайҳ) ва хонаводаашро, ки аз фарзандони ҳазрати Заҳро(с) ва Расули Акрам(с) (эшонзода) ҳастанд, ба пешгоҳи Расули Худо(с) ва хонадони покаш, уммати исломӣ, озодихоҳони ҷаҳон ва миллати ҳамзабону доғдори Эрон самимона таъзият ва таслият мегӯем.

Аз Худованди меҳрубон дар ин моҳи шарифи Рамазон мехоҳем, ки дасти моро аз домани поки Паёмбари Акрам(с) ва хонадони покаш кӯтоҳ нагардонад, ҳарчӣ беш аз пеш моро аз илму маърифаташон баҳраманд гардонад ва дӯстию муҳаббати хонадони Пайғамбар(с), ки супориши қуръони карим ва музди рисолаташ аст, рӯз то рӯз дар дили мо биафзояд!

Дӯшманони дину ин хонадон ба хусӯс шаҳиди мазлӯмро, мусулмонону адолатхоҳони ҷаҳонро ҳарчӣ зӯдтар Худованди меҳрубон расвою нобуд бигардонад ва ба баракати ин хӯнҳои поку мазлӯм мусулмонону озодихоҳони ҷаҳонро бедору муқовимтар бигардонад ва омадани ҳазрати имом Маҳдию ҳазрати Исо(а)ро наздик бигардонад то башарият самараи дину маънавият ва сулҳу адолатро дар дӯнёву охират бичашанд!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст