Ба гӯзориши хабаргӯзории Меҳр, баъд аз як ҳафта аз шаҳодати раҳбари муаззами инқилоб, аз сӯи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ фарзанди ҳазрати оятуллоҳ имом Сайид Алии Хоманаӣ шаҳид(рҳ) бо раъйи 90 дар сади намояндагони хубрагони раҳбарӣ ба унвони севумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд.

Матни баёнияи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба шарҳи зер аст:

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

  Миллати шариф ва озодаи Эрони исломӣ, салому дуруди Худованд бар шумо бод.
  Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, зимни арзи таслияти шаҳодати қоъиди азиму шаън, ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ (Қаддасаҳуллоҳу нафсаҳу закия) дигар шаҳидони гиромиқадр ба вижа фармондеҳони воломақом ва ҷон бар кафи нерӯҳои мусаллаҳ ва донишомӯзони мадрасаи шаҷараи тайибаи шаҳристони Миноб ва маҳкӯм намудани таҷовӯзи ваҳшиёнаи Амрикои ҷинояткор ва режими хабиси саҳюнистӣ ба ҳузӯр мерасонад, ин маҷлис билофосила пас аз интишори хабари шаҳодат ва парвози малакутии раҳбари фарзона ва ҳакими инқилоби исломӣ, илова бар шароити ҷангӣ ва таҳдидоти мустақими дӯшманон бар зидди ин ниҳоди мардӯмӣ ва бомбаборони дафтарҳои дабирхонаи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ки ба шаҳодати чанд тан аз кормандони ва гурӯҳи ҳеросати ин маҷмӯъа мунҷар шуд, лаҳзаи дар фароянди интихоб ва муаррифии раҳбари низоми исломӣ даранг нанамуданд, тадбирҳо ва тамҳидоти лозима барои баргӯзории иҷлоси иҷтимои намояндагони мӯҳтарами ин маҷлис, ки дар бисёре аз нуқтаҳои кишвар ҳузӯр доранд анҷом гирифт, то алорағми пешбиниҳои ҳӯшмандона дар асли 111-и қонуни асосӣ барои ташкили шӯрои муваққат, кишвар дӯчори халаъи раҳбарӣ нагардад.
  Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо болотарин ниҳодҳо ба ҷойгоҳи волои вилояти фақеҳ дар асри ғайбати ҳазрати Валии Аср (Аҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳу шариф) ва аҳамияти масъалаи раҳбарӣ дар низоми Ҷумҳурии Исломӣ, 47 сол ҳукмронии ҳакимона ва мубтани бар асли иззат, истиқлол ва иқтидори мӯъминони инқилобро пос медорад ва зимни гиромидошти ёди он раҳбари илоҳӣ ва мардумӣ эълом медорад, ин маҷлис пас аз баррасиҳои дақиқ ва гӯстарда ва истифода аз зарфияти асли 108- ин қонуни асосӣ, мутобиқи вазифаи шаръӣ ва эътиқод ба ҳузӯр дар маҳзари Худованди Муттаъол, дар иҷлосияи фавқулода имрӯз оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейнии Хоманаӣ(ҳафизаҳуллоҳ)-ро бар асоси раъйи қотеъи намояндагони муҳтарами маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба унвони севумин раҳбари низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъйин ва муъаррифӣ менамояд.
Дар поён бо қадрдонӣ аз аъзои шӯрои муваққати асли 111- ин қонуни асосӣ, ҳамаи миллати шарифи Эрон ба вижа нухбагон ва фарҳихтагони ҳавза ва донишгоҳро ба байъат бо раҳбарӣ ва ҳифзи инсиҷом, меҳвари вилоят, даъват мекунад ва истимрори лутф ва инояти ҳазрати Бори Таъоло бар ин кишвар ва мардӯми бузӯргро аз маҳзари рубӯбияш масъалат менамояд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотӯҳ

Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ


1404/12/17
2026/03/8

Дабирхонаи маҷлиси хубрагони раҳбарӣ


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст