Эй моҳи махсӯси Худо рафти берун аз дасти мо

Оё з- моҳасти ризо? Моҳи муборак алвидоъ

Карди ту чун азми сафар, моро намуди хӯн ҷигар

Эй ҳамдами шому саҳар, моҳи муборак алвидоъ

Эй маъдани ҷуду сахо, эй ҳоҷати ҳар бенаво

Буд аз ту тарвиҷи дӯо, моҳи муборак алвидоъ

Рафти эй моҳи азиз, карди муҳиббон ашк рез

Эй ёри рӯзи растхез, моҳи муборак алвидоъ

Ганҷинаи ирфон туӣ, равнақдеҳи қуръон туӣ

Сарчашмаи имон туӣ, моҳи муборак алвидоъ

Зинат деҳи ҳар маҳфили, ту нӯри чашми ҳар дилӣ

Ту ёвари ҳар соилӣ, моҳи муборак алвидоъ

Ҳар кас ки хоҳони ту аст, нолон з-ҳиҷрони ту аст

Дар фикри даврони ту аст, моҳи муборак алвидоъ

Эй моҳи бо иззу ҷалол, мақсуди ҳайи лоязол

Моро накун афсурдаҳол, моҳи муборак алвидоъ

Мо ошқи номи туем, мо ташнаи ҷоми туем

Моил ба икроми туем, моҳи муборак алвидоъ

Гашти ниҳон аз ҳар назар, ку умр то соли дигар

Бинем рӯят чун қамар, моҳи муборак алвидоъ

Эй мояи умеди мо, эй шоҳиди рӯзи ҷазо

Дарди муҳиббон кун даво, моҳи муборак алвидоъ


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст