
Гӯзари замон ҳақиқатест инкорнопазир ва фурсатҳои пешомада яке пас аз дигарӣ мегӯзаранд. Ин мо инсонҳо ҳастем, ки ба хотири якнавохтӣ ва саргарм шудан ба умури рӯзмарраи зиндагӣ, аз гӯзаштани умри хӯд ғофил мешавем, вале ҳангоме ки қисмате аз замон, монанди поён ё оғози сол дар назар гирифта шавад, беҳтар ва бештар ба ин масъала метавон пай бибарем, ки чиҳоро аз даст додем ва бояд ба чиҳо имсол бирасем ва аз паёмҳое омадани сол баҳра гирем.
Фаро расидани соли нав, баҳори табиат ва иди Наврӯзи ниёгонро, ки имсол бо иди саъиди Фитр ва баҳори маънавият ҳамроҳу ҳамзамон шудааст, ба ҳамаи мусулмонони олам ба хусӯс ба миллати шарифи мусулмони Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният мегӯем.
Аз даргоҳи Худованди бузӯрг мехоҳем идии моро имсол, соли саршор аз баракату хӯшбахтӣ, шодмонию хуррамӣ, дӯстию мӯҳаббат, покию маънавият, илму маърифат, амнияту тандурӯстӣ қарор диҳад.
Орзӯмандем, ки мӯшкилоту нобасомониҳои рӯзгор ҳарчӣ зӯдтар ба поён бирасад ва оромишу осӯдагӣ сарбаландию хӯшбахтӣ ба ҳамаи мо арзонӣ гардад, ғаму андӯҳ аз қалби якояки мо дӯр бошад!
Аз Худованди карим оҷизона дархост менамоем, ки ҳар чӣ ба салоҳу камоли мост ба мо марҳамат фармоянд ва ин солро соли пирӯзии адолатхоҳон бар золимону зургӯён қарор диҳанд ва ҳарчӣ зӯдтар омадани ҳазрати имом Маҳдӣ ва ҳазрати Исо(а)-ро наздик бигардонанд.
Омин ё Рабал оламин!