Мақоми озодии матбуот

Мақоми озодии матбуотСозмони хабарнигорони бе марз бо нашри гузориши нав дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додааст. Соли гузашта Тоҷикистон якбора 34 зина поин рафта, дар мақоми 150 ҷой гирифта буд.
Гузоришгарон дар радабандии нави озодии баён Арманистонро дар мақоми 79, Молдова-80, Қирғизистон-89, Русия-148, Қазоқистон-157, Белорусия-163 ва Узбакистонро дар мақоми 169-ум ҷой додаанд.
Озодтарин матбуоти дунё дар Норвегия, Шветсия ва Финландия эътироф шудааст ва Чин, Сурия, Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ дар охири радабандӣ ҷой гирифтаанд.
Бознависӣ аз Озодӣ

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.