Сафари вазири хориҷа ба Теҳрон

Сафари вазири хориҷа ба Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон меояд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои гуфтугӯ дар бораи роҳҳои густариши равобити кишвараш бо ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз ба Теҳрон сафар мекунад.

Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷаи Белорус – Владимир Макей низ имрӯз вориди Теҳрон мешавад.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Белорус дар сафари худ ба Теҳрон, имрӯз якшанбе илова бар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф – вазири умури хориҷаи Эрон бо дигар мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон низ дидор ва гуфтугӯ мекунанд.

Садои Хуросон

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.