Поёни мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Туркия

Поёни мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Туркия

Имрӯз 24 майи 2017 маросими ихтитомияи панҷумин давраи мусобиқоти байналамилалии Қуръони Карим дар Туркия бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар дар шаҳри «Анқара» баргузор шуд.  

Дар бахше аз ин маросим низ бо эъломи номи нафароти бартари ин мусобиқот аз онон таҷлил ба амал омад.  Бар асоси ин гузориш, дар риштаи қироати Қуръони Карим «Ҳабиб Дуа Ҷӣ» аз Туркия мақоми нахуст, «Сайид Мустафо Ҳусайнӣ» намояндаи Ҷ.И. Эрон рутбаи дувум ва «Муҳаммад Рӯзқун» аз кишвари Индонезия мақоми севумро касб карданд.  

Дар бахши ҳифзи кулли Қуръони Карим низ «Умар Заъбӣ» намояндаи Урдун рутбаи нахуст, «Форуқ Шоҳин» аз Туркия мақоми дувум ва «Муҳаммад бин Қосим» аз Яман рутбаи севумро ба даст оварданд.  

Ин мусобиқот, ки бо ширкати 120 ширкаткунанда аз 62 кишвари ҷаҳон, 19 моҳи май ба таври расмӣ оғоз шуда буд, имрӯз бо баргузории маросими ихтитомия ба кори худ поён дод.

Бознависӣ аз Iqna

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.