Эътирози мусалмонони Фаронса ….

Эътирози мусалмонони Фаронса ....

Таҷамуъи мусалмонони шаҳри Лиони Фаронса ҳамзамон бо даҳумин солгарди мамнуъияти ҳиҷоб

Гирдиҳамоии мусалмонони шаҳри Лион алайҳи афзоиши исломҳароси дар Фаронса, шанбе 15 март, баргузор мешавад.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии  «katibin» ҳамзамон бо таҷамуъи эътирозомези шаҳрвандони мусалмони Париж алайҳи исломҳароси ва афзоиши иқдомоти зидди исломи дар Фаронса, шаҳрвандони дувумин шаҳри бузурги Фаронса низ бо таҷаммуъ мухолифати худ бо қонуни ҳукумати алайҳи ҳиҷобро эълом хоҳанд кард.

Ин таҷамуъ бо ҳамкории “Шурои ҳамоҳанги алайҳи нажодпарасти ва исломҳароси” тартиб дода шуда аст ва рӯзи шанбе, ба муносибати даҳумин солгарди тасвиби қонуни марбут ба мамнуъияти ҳиҷоб дар Фаронса, баргузор мешавад.

Ҳамчунин ширкаткунандагон дар ин таҷамуъ, ҳам садо бо бародарони динии худ дар Париж, ба сиёсатҳои зидди исломи ва исломҳароси эътироз хоҳанд кард.

Икно

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.