Даъват ба ҳақ ва ҳақиқат

nabi 008

Суст нашудан он ҳазрат дар саҳнаи ҷиҳод

Кори муҳимми Пайғамбари Худо(с) даъват ба ҳақ ва ҳақиқат ва ҷиҳод дар роҳи ин даъват буд. Дар муқобили дунёи зулмонии замони худ Пайғамбари Акрам(с) дучори ташвиш нашуд. Чи он рӯзе, ки дар Макка танҳо буд ё ҷамъи каме аз муслимин ӯро иҳота карда буданд ва дар муқолибаш сарони мутакаббири араб ва раисони Қурайшу гарданкашон бо ахлоқҳои хашин ва бо дастҳои қудратманд қарор гирифта буданд ва ё умуми мардуме, ки аз маърифат насибе набурда буданд, ваҳшат накарданд. Сухани ҳаққи худро гуфтанд, такрору табйин ва иҳонатҳоротаҳаммул кард, сахтиҳо ва ранҷҳоро ба ҷон хариданд, то тавонист ҷамъи касиреро мусулмон ва муваҳид кунанд. Пайғамбар(с) дар ин саҳнаи даъват ва ҷиҳод як лаҳза дучори сустӣ нашуданд ва бо қудрат ҷомеаи исломиро пеш бурд, то ба авҷи иззат ва қудрат расониданд ва маъмурияти худро комил намуданд.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.