Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз

Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз,
Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз.
Сад бандро кушодаму растам зи сад бало,
Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.
Сад марг пушти сар шуду сад дард зери по,
Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз.
Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон,
Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз.
Як умр роҳ ҷуставу як ҷо ситодаам,
То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз.
 Лоиқ Шералӣ

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.