
Дар замони Расули Худо(с) зани дардманду беморе аз дунё рафт. Ҳар кас аз марги ӯ бохабар мешуд мегуфт: Бечора мурду роҳат шуд. Имрӯз ҳам шунида мешавад, ки агар касе дар ин дунё бисёр дарду ранҷ кашида бошад ва бимирад мегӯянд: Мурду роҳат шуд.
Билоли Ҳабаш(рз) низ бар ин асос назди Расули Худо(с) омаду гуфт: Фалон зани бемор роҳат шуд.
Расули Худо(с) фармуд: Бидон, ки касе бо марг роҳат мешавад, ки омурзида шавад. Ин гуна нест, ки ҳар кас бимирад роҳат шавад, балки барои бисёре аз мардум марг оғози нороҳатии онҳост. Ҷуз касе, ки бо имону тақво омурзида гардад. Чунин касе бо марг роҳат мешавад.
Достони дӯстон, ҷ.5, саҳ.201
