Панде аз Ҳазрати Исо (ъ)

Панде аз Ҳазрати Исо (ъ)

   Рӯзе ҳазрати Исо (ъ) бо иддае аз пайравонаш аз бозорчае мегузашт. Ногаҳон гурӯҳеро дид, ки ба даври саги мурдае ҷамъ шудаанд ва дар бораи он гуфтугӯ мекунанд. Яке мегуфт: “Бӯи бади он инсонро хафа мекунад!”Дигаре мегуфт: “Чи қадар касиф аст!”Саввумӣ мегуфт: “Чи қадар зишт аст!” Вақте ки навбати ҳарф задан ба ҳазрати Исо (ъ) расид, гуфт: “Ҳамаи шумо айби ӯро гуфтед ва ман акнун ҳасани онро мегӯям; воқеъан чи дандонҳои сафеду зебое дорад!”

Ҳама аз ин ҳарф тааҷҷуб карданд. Ҳазрати Масеҳ (ъ) фармуд: “Кӯшиш кунед, ки ҳамеша аз миёни зиштиҳо ва зебоиҳо,зебоиҳоро нишон диҳед.”

Tojikon.org

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.