Ғазале аз Саъдӣ

Ғазале аз Саъдӣ

Ғазал

Омади ваҳ ки чи муштоқу парешон будам,

То бирафти зи барам сурати беҷон будам.

На фаромушем аз зикри ту хомуш нишонд,

Ки дар андешаи авсофи ту ҳайрон будам.

Бе ту дар домани гулзор нахуфтам як шаб,

Ки на дар бодияи хори мағелон будам.

Зинда мекард маро дам ба дам уммеди висол,

Варна дур аз назарат куштаи ҳиҷрон будам.

Ба таваллои ту дар оташи меҳнат чу Халил,

Гуиё дар чамани лолаву райҳон будам.

То магар як нафасам буи ту орад дами субҳ,

Ҳама шаб мунтазири мурғи саҳархон будам.

Саъди аз ҷаври фироқат ҳама руз ин мегуфт,

Аҳд бишкастиву ман бар сари паймон будам.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.