
Бузӯргмарде, ки барои омаданаш Хонаи Худо аз ҳам шикофта шуд ва дар рафтани ғарибонааш меҳроби хонаи Худо ба хӯн нишаст то унвони баланди нахӯстин шаҳиди меҳроб ба номи шарифи ӯ сабт шавад.
Ҳазрати имомАлӣ (рз) дар саҳаргоҳи нӯздаҳӯми моҳи Рамазон дар саҷдаи намози субҳ бар асари зарбати ноҷавонмардонаи шамшери заҳролӯд ҷоҳили гӯмроҳе аз террористҳои ифротгарои гӯмроҳи он замон яъне хавориҷ (Ибни Мулҷами Мӯродӣ) бар фарқи сар хӯрд ба шиддат маҷрӯҳ шуд ва ду рӯзи баъд бар асари ин ҷароҳати амиқ дар шаби 21 моҳи Рамазон ба дидори Парвардгор шитофт ва ба саодату растгории абадӣ, ки умре дар интизори он буд, даст ёфт.
Ӯ(рз) дар шаби шаҳодати хӯш дар бораи қотили худ ба фарзандаш имом Ҳасан(рз) сӯпориш кард ва фармӯд: Фарзандам! Бо асири хӯд мудоро кун ва бо меҳрбонӣ ва раҳмат бо Ӯ рафтор кун, зеро мо аҳли байти раҳмат(с) ва мағфиратем, пас бихӯрон ба ӯ аз ончӣ худ мехурӣ ва биёшом ӯро аз ончӣ худ меошомӣ ва агар ман аз дунё рафтам аз ӯ қасос кун, аммо ҷасади ӯро ба оташ насӯзон ва дасту по ва соири аъзои ӯро қатъ макун.
Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ифротӣ ва иртиҷоии хавориҷи он замон, ки дар қолиби исломи ҷиҳодӣ зуҳӯр намуда буд, як андеша ва мазҳаби зидди тафаккур, ақлгароӣ, миёнравӣ ва таҳаммулпазирӣ буд. Ҷиҳоди ҷоҳилонаи хавориҷ иғвоангезӣ, фитнакорӣ, эҷоди кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ дар байн мусалмонон роҳандозӣ карда буд. Онҳо бо баҳонаи ислоҳоти фикрӣ ва эътиқодии мусалмонон, муборизаро бо бидъату хурофот шурӯъ намуда буданд, ки хӯни ҳазорон мусулмони саҳобаи донишманд ва бегуноҳро рехтанд, ки ҳазрати имом Алӣ (рз) яке аз қӯрбониён ва шаҳидони тафаккури ифротии хавориҷ мебошанд.
Тавре ки оқилон, донишмандон ва хирадмандон аз Қуръони карим ва роҳу равиши Паёмбари Худо (с) огоҳанд, ифрот ва ангезаҳои пурдаҳшати он оддитарин иртибот ва ҳамбастагӣ ба дини мубини ислом надорад. Ислом оини тафаккӯр, тадаббӯр, ақлгароӣ, ибодат, муҳаббат, самимият, баракат, андеша, дӯстӣ, миёнравӣ, таҳаммӯлпазирӣ, сулҳгароӣ, покӣ буда, ҳамагӯна анвоъи ифрот ва ангезаҳои пурдаҳшати онро қатъиян наҳӣ кардааст. Ононе, ки исломро сарчашмаи хурофот, таассӯб ва ҷаҳолат медонанд, хӯд гирифтори андешаву афкори ифротӣ гаштаанд.
Ифрот ва зӯлм дар дини Ислом ҳаром аст ва ҷоиз нест! Ҳеҷ муддаие наметавонад далел ва мадраке пешниҳод намояд, ки дини мубини ислом таҳрикдиҳандаи аносир ва авомили ифрот ва тундгароӣ аст. Ифротгароёни такфирӣ ва ҷоҳил хӯд имону ислом надоранд.
Фазилатҳои ҳазрати Алӣ (рз) аз забони Паёмбари Аъзам (с) фаровон дар манобеи исломӣ баён шудааст, ки Паёмбари Аъзам (с) мефармоянд:
اَنَا مَدِینَةُ الْعِلْمِ وَعَلِیٌّ بَابُهَا، فَمَنْ اَرَادَ الْمَدِینَةَ فَلْیَاْتِ الْبَابَ1
Ман шаҳри илмам ва Алӣ(рз) дарвозаи он аст, ҳаркас бихоҳад дохили илм шавад, пас бояд аз дарвозаи он дохил шавад.
Ман шаҳри илмам ва Алӣ(рз) дарвозаи он аст, ҳаркас бихоҳад дохили илм шавад, пас бояд аз дарвозаи он дохил шавад.
Мо фаро расидани солрӯзи шаҳодати мазлӯмонаи ҳазрати имом Алӣ (рз)-ро ба ҳамаи муъминону муштоқони он ҳазрат таслият мегӯем.
Дуруду салому раҳмату ризвони Худои меҳрубон нисори рӯҳи боазамати ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(рз) бод!
Дуруду салому раҳмату ризвони Худои меҳрубон нисори рӯҳи боазамати ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(рз) бод!
1-Мустадрак -ала- саҳеҳайни Ҳоким, ҷ.3, с. 137
