
Марде ба Имом Ҳусейн(а) гуфт: “Ман марди гунаҳкор ва нофармонам ва дар баробари маъсият сабр надорам. Пас маро панд бидеҳ.”
Имом Ҳусейн(а) фармуданд: “Панҷ корро бикун ва онгоҳ ҳарчи хостӣ гуноҳ кун.
Аввал ин ки рӯзии Худоро нахӯр ва ҳарчи хоҳӣ гуноҳ кун.
Дувум ин ки аз қаламрави Худо берун шав ва ҳарчи хоҳӣ гуноҳ кун.
Сеюм ин ки ба ҷое бирав, ки Худо туро набинад ва ҳарчи хоҳӣ гуноҳ кун.
Чорум ин ки ҳаргоҳ малакулмавт барои гирифтани ҷони ту омад, ӯро аз худат дур гардон ва ҳарчи хоҳи гуноҳ кун.
Панҷум ин ки ҳаргоҳ молики (маъмури дӯзах) туро ба оташ барад, дохили он нашав ва онгоҳ ҳарчи хоҳи гуноҳ кун!.”
Мизонулҳикмат, ҷ. 13, андарзҳои имом Ҳусейн(а)
Таҳияи Шаҳриёр