
Раисҷумҳури Эрон зарурати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба миёни Эрону Тоҷикистонро барои пешрафти ду миллат ва кишвар таъкид кардааст.
Ҳасан Рӯҳонӣ дар дидору мулоқот бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо баёни ин ки тавсеа ва пешрафти кишварҳои форсизабон барои Эрон аҳамият дорад, гуфтааст: зарфиятҳои густардае барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар вуҷуд доранд, ки бояд аз онҳо истифода шавад. Тоҷикистон кишвари ҳамзабон ва дорои фарҳангу дини муштарак бо Эрон аст, ду миллати мо аз дер боз ба якдигар муттасил будаанд ва фурсатҳои мухталифе низ барои анҷоми фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ду кишвар вуҷуд доранд, ки сармоягузорон ва ниҳодҳои бозаргонии Эрону Тоҷикистон барои анҷоми тарҳҳои муштарак аз онҳо истифода карда метавонанд.
Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, гузаштаи таърихӣ, забони форсӣ ва алоқаҳои муштарак миёни ду кишвар боис шудааст, то пешрафти Тоҷикистон барои Эрон аҳамият дошта бошад.
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни расонидани даъвати расмии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташрифи Ҳасан Руҳонӣ ба Тоҷикистон таъкид бар зарурати густариш ва таҳкими муносиботи дӯстонаи Теҳрону Душанбе карда, гуфтааст: тарҳҳои мавҷуд барои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг кофӣ нестанд ва бояд талош кард, ки ҳарчи зудтар теъдоди ин гуна тарҳҳо ва сатҳи ҳамкориҳо бо Эрон густариш ёбанд.