
Дар ин дунё бархе бар асари инки гуноҳони зиёде анҷом медиҳанд бародари Шайтон мешаванд ва дар баъзе аз вақтҳо аз Шайтон ҳам пеши мегиранд. Худованд дар Қуръон чунин мефармояд:
وَ لَا تُبَذِّرْ تَبْذِیرًا إِنَّ الْمُبَذِّرِینَ كاَنُواْ إِخْوَانَ الشَّیَاطِینِ وَ كاَنَ الشَّیْطَنُ لِرَبِّهِ كَفُورًا
“Ҳеҷгуна исроф ва рехту поше макун. Бе тардид исрофкунандагон, бародарони Шайтонанд ва Шайтон ҳамвора нисбат ба Парвардигораш бисёр носипос аст. “
“Табзир” дар асл аз решаи “базр” ва ба маънии пошидан дона меояд, мунтаҳо ин калима махсуси мавориде аст, ки инсон амволи худро дар сурати мантиқи, харҷ мекунад, ки муолиди он рехту пош аст. Ба таъбири дигар табзир он аст, ки мол дар ғайри мавридаш масраф шавад ҳар чанд кам бошад ва агар дар мавридаш масраф шавад табзир нест ҳарчанд зиёд бошад.
Дар ин оят мубаззиронро бародарони Шайтон хонд, ки ин барои он аст ки онҳо низ неъмтаҳоеро ки Худо дод, куфрон мекунанд ва дар ғайри маҳаллаш, сарф менамоянд.
Таъбир ба “бародарон” ё барои он аст, ки амъолашон ҳамрадифи ва ҳамоҳанги аъмоли Шайтон аст; ҳамчун бародароне ки яксон амал мекунанд ва ё ба далели он аст, ки дар дузах ҳамнишини Шайтонанд.