
Ҷаъфари Фардӣ ба мақоми нахусти 36-умин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши қироат даст пайдо кард ва бар қуллаи қироати ин кишвар такя кард.
Фардӣ қории бартари ин давр аз мусобиқот дар соли 1982 дар шаҳри Теҳрон пойитахти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дунё омада ва фаъолиятҳои қуръонии худро аз соли 1990 оғоз кардааст ва бештари омӯзишҳояшро назди Ризо Фардӣ бародари бузургаш гузарондааст.
Қироатҳои ин қории барҷаста омехта аз ҳунари асотиди бузурги қуръонӣ аз ҷумла “Мустафо Ғалваш” ва “Шаҳот Анвар” аст ва илова бар он низ аз ҳисси дарунии худ дар тиловатҳояш истифода бурда ва ба зебоии қироати худ меафзояд.
Вай дар бахшҳои муқаддимотӣ ва неманиҳоии ин мусобиқот низ мақоми нахустро касб карда буд.
Ин давр аз мусобиқот аз 19 феврал дар шаҳри Шерози Эрон оғоз шуда ва фардо бо баргузории маросими поёнӣ ва бо тақдиру таҷлил аз нафароти бартар ба кори худ поён медиҳад.