
Шери Худо шоҳи вилоят Алӣ,
Сайқали ширки хафиву ҷалӣ.
Рӯзи аҳад чун сафи ҳайҷо гирифт,
Тири мухолиф ба танаш ҷо гирифт.
Ғунчаи пайкон ба гили ӯ нуҳуфт,
Сад гули роҳат зи гули ӯ шукуфт.
Руйи ибодат сӯи меҳроб кард.
Пушт ба дарди сари асҳоб кард.
Ханҷари алмос чу бифрохтанд,
Чок бар он чун гулаш андохтанд.
Ғарқа ба хун ғунчаи зангоргун,
Омад аз он гулбуни эҳсон бурун.
Гул гули хунаш ба мусалло чакид,
Гуфт: Чу фориғ зи намоз он бидид.
Ин ҳама гул чист таҳи пои ман.
Сохтаи гулзор, мусаллои ман?
Сурати ҳолаш чу намуданд боз,
Гуфт ки : Савганд ба донои роз,
Каз алами теғ надорам хабар.
Гарчи зи ман нест хабардортар,
Тоири ман сад раҳнишин шуд, чи бок,
Гар шавадам тан чу қафас чок чок?
Ҷомӣ, аз олоиши тан пок шав,
Дар қадами покравон хок шав.
Бошад аз он хок ба гарде раси,
Гард шикофиву ба марди раси.
Абдураҳмони Ҷомӣ