Дар фазилати Имом Ҳусейн(а)

Дар фазилати Имом Ҳусейн(а)

 

 

Фаро расидани рӯзи бистуми моҳи Сафари ҳиҷрии қамарӣ рӯзи Арбаин (чиҳилуми шаҳодат)-и Имом Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб ва ёрони бовафои ҳазратро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони башарият таслият мегӯем.

 

 

 

 

Дар фазилати Имом Ҳусейн(а)


Кист Ҳақрову Паёмбарро валӣ?

Он Ҳасансират Ҳусейн ибни Алӣ.

Офтоби осмони маърифат,

Он Муҳаммадсурату Ҳайдарсифат.

Нуҳ фалакро то абад махдум бувад,

З-он ки ӯ султони даҳ маъсум бувад.

Қурратулайни имоми Муҷтабо,

Шоҳиди Заҳро шаҳиди Карбало.

Ташна ӯро дашна оғушта ба хун,

Ним кушта гашта саргашта ба хун.

Он чунон сархуд, ки бурд бедареғ,

К-офтоб аз дарди ӯ шуд зери меғ.

Гесуи ӯ то ба хун олуда шуд.

Хуни гардун аз шафақ полуда шуд.

Кай кунанд ин кофирон бо ин ҳама,

Ку Муҳаммад? Ку Алӣ? Ку Фотима?

Сад ҳазорон ҷони поки Анбиё(а),

Сафзада бинам ба хоки Карбало.

Дар тамузи Карбало ташнаҷигар,

Сар буридандаш чӣ бошад з-ин батар?

Бо ҷигаргӯши Паямбар(с) ин кунанд,

В-он гаҳе даъвии доду дин кунанд.

Куфрам ояд ҳар ки инро дин шумурд.

Қатъ бод аз бун забоне к-ин шумурд.

Ҳар ки дар рӯе чунин овард теғ,

Лаънатам аз ҳақ бад-ӯ ояд дареғ.

Кошкӣ эй ман саги ҳиндӯи ӯ,

Камтарин саг будаме дар кӯи ӯ.

Ё дар он ташвир обе гаштаме,

Дар ҷигар ӯро шаробе гаштаме.

Мусибатномаи Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.