Дуои Паёмбар(с) ҳангоми дидани моҳи мубораки Рамазон

Дуои Паёмбар(с) ҳангоми дидани моҳи мубораки Рамазон
Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Расули Акрам(с) вақте моҳи мубораки Рамазонро медиданд, рӯй ба қибла истода, чунин мегуфтанд: Худоё! Ҳилоли ин моҳро барои мо бо амнияту имон ва саломативу Ислом ва офияти ҳамаҷониба ҳамроҳ кун ва ба дафъи бемориҳо ва анҷом додани намозу рӯза ва тиловати Қуръон, ёриямон деҳ. Худоё! Моро барои анҷом додани аъмоли моҳи мубораки Рамазон, саломат бидор ва аъмоламонро дар ин моҳ, солим қабул кун ва моро дар ин моҳ солим нигоҳ дор, то моҳ тамом шавад, дар ҳоле ки моро бахшида ва раҳмататро шомили ҳоламон карда бошӣ.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.