Дуоҳое ки қабул намешаванд

Дуоҳое ки қабул намешаванд

Худо дар Қуръон моро ба дуо кардан амр карда аст ва дар беъзе аз вақтҳо дуои мо мустаҷоб (қабул) намешавад. Иллатҳои зиёде ҳаст.

Дар ҳадиси гаронбаҳое аз имом Содиқ(а) ривоят шуда аст, ки дуои панҷ гурӯҳ аз мардум қабул намешавад:

Аввал: Марде, ки бо занаш муносибати ахлоқӣ надошта бошад ва идомаи заношуӣ барои онон ғайри мумкин аст ва баҷои инки аз роҳи қонунии талоқ истифода кунад, дуо мекунад, ки Худо ӯро аз он гирифторӣ наҷот бидиҳад.

Дувум: Соҳиби ғуломе, ки се бор ғуломаш гурехта бошад ва ҳар бор ӯро пайдо карда, вале ӯро озод накарда аст ваё нафурухта аст ва барои бори чорум он ғулом мегурезад ва ӯ (соҳиби ғулом) даст ба дуо бармедорад ва аз Худо мехоҳад, ки ғуломашро пайдо кунад.

Сеюм: Шахсе, ки аз канори девори шикастае, ки наздик ба вайрон шудан аст мегузарад ва ба ҷои инки бо шитоб (тез) аз онҷо бигузарад ва убур кунад, меистад ва дуо мекунад, ки он девор бар сараш хароб шавад.

Чорум: Марде, ки ба дигаре пуле қарз дода, вале бар ин қарз додан шоҳид ва гувоҳе нагирифта ва дуо мекунад, ки қарзидор пули ӯро бидиҳад.

Панҷум: Марде, ки дар хона нишаста ва ба дунболи касбу кор намеравад ва аз Худо рӯзи ва сарват мехоҳад.

Ингуна дуоҳо мустаҷоб ва қабул намешаванд.[1]



[1] Дуо омили пешрафт ва рукуд, саҳ.11.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.