Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абӯбакри Иброҳим ибни Исҳоқ мулаққаб ба Фаридуддин ва мутахаллис ба Аттор яке аз шуаро ва урафои номдор ва машҳури адаби форс-тоҷик аст.
Аттор дар ҳудуди соли 540ҳ.қ. дар Кадкан яке аз тавобеи Нишопур ба дунё омад ва қабл аз ҳамлаи муғул ба ҳамроҳи хонаводаи падарии худ ба Шодиёх ҳиҷрат кард ва дар соли 618 ҳ.қ. бар асари фитнаи Чингиз ва қатли оми мардуми Нишопур ба шаҳодат расид.
Падараш илова бар ин ки табиб ва доруфурӯш буд, ба тасаввуф гароиш дошт ва орзу мекард, ки писараш баъд аз гузаронидани мароҳили камол, вориси падар шуда камар дар хидмати мардум бибандад.
Аттор ҳам ба ин орзуи падар ҷомаи амал пӯшонд. Пас аз фарогирии илми тиб ва гиёҳшиносӣ дорухонае барпо намуд ва дар он ба табобат пардохт, ки ҳар рӯз ҳудуди 500 бемор ба ӯ муроҷиат мекарданд. Худи Аттор ба ин амр ишора дорад:
Ба дорухона понсад шахс буданд,
Ки дар ҳар рӯз набзам менамуданд.
Аттор нигоҳи орифона ва амиқе ба ҳаводис ва воқеаҳои замони худ дошт, аз инрӯ шуғли табобат ва доруфурӯшӣ монеи фаъолиятҳои ӯ намешуд, зеро ду китоби худ ба номҳои “Мусибатнома” ва “Илоҳинома”-ро дар дорухона навишт. Худ дар ин бора мегӯяд:
Мусибатнома к-андӯҳи ҷаҳон аст,
Илоҳинома к-асрори аён аст.
Ба дорухона кардам ҳарду оғоз,
Чи гӯям зуд растам з-ину он боз.
Шайхи Нишопур таҳсили илмро дар мадрасаи “Шофеия” дар назди шайх Ҳамзаи Нишопурӣ, ки падараш ба ӯ алоқаманд буд, шурӯъ намуд. Дар муддати ду сол, пас аз омӯхтани алифбо бо каломи Худо Қуръони Карим низ ошно шуд. Дар ин даврон бо маҳорат ва истеъдоди хубе, ки дошт аз ҳамсолони худ пеш афтод. Пас аз он вориди мадориси илмияи шаҳр шуд ва бо вуҷуди ин ки аз назари синнӣ ҷавон буд, ба фарогири улуми арабӣ ва динӣ монанди тафсири оёт, аҳодис ва фиқҳ машғул шуд. Баъд аз гузаронидани давраҳои мухталиф ва фарогирии ҳикмат, калом, нуҷум, тиб ва гиёҳшиносӣ ба улуми роиҷи замони худ тасаллут ёфт ва яке аз мумтозини замони худ шуд.
Ончи мусаллам аст Аттор дар миёнаҳои умри худ дучори таҳаввули руҳӣ шуд ва ба ирфон рӯй овардааст. Дар мавриди чигунагии ин инқилоби руҳӣ достонҳое вуҷуд дорад, ки аз назари таърихӣ маълум нест дуруст аст ё не, вале маъруфтарини он ин аст, ки рӯзе Аттор дар дӯкони худ машғули муомила буд, ки дарвеше ба онҷо расид ва чанд бор бо гуфтани ин ҷумла, ки “Ба хотири Худо чизе ба мен бидиҳед” аз ӯ кӯмак хост, вале Аттор чизе ба ӯ надод.
Дарвеш ба ӯ гуфт: Эй хоҷа ту чигуна мехоҳӣ аз дунё биравӣ? Аттор гуфт: Ҳамонгуна ки ту аз дунё меравӣ. Дарвеш гуфт: Ту метавонӣ мисли ман бимирӣ? Аттор гуфт: Бале. Дарвеш косаи чубии худро зери сар ниҳод ва бо гуфтани калимаи Аллоҳ аз дунё рафт. Аттор чун инро дид хеле сахт таҳти таъсир қарор гирифт ва аз дӯкон берун рафт ва роҳи зиндагии худро барои ҳамеша тағйир дод.
Ӯ баъд аз дидани ҳоли дарвеш аз касбу кор даст бардошт ва ба хидмати ориф Рукнуддин рафт, ки дар он замон орифи маъруфе буд ва ба дасти ӯ тавба кард ва ба риёзат ва муҷоҳида бо нафс машғул шуд ва чанд сол дар хидмати ин ориф буд.
Ҳидоят ва тарбияти Аттор дар паймудани тариқати тасаввуф ва сайру сулук бар ӯҳдаи шайх Саъдуддини Абулфазл биннни Алрабит буд, ки пас аз муддате ба зумраи аҳли дин роҳ ёфта, аз ҷумлаи урафо ва сӯфиҳои номовари замони худ гардид.
Сипас Аттор қисмате аз умри худро ба расми соликони тариқат дар сафар гузаронд ва аз Макка то Мовароуннаҳр ба мусофират пардохт ва дар ин сафарҳо бисёре аз машох ва бузургони замони худро зиёрат.
Ҳарчанд дар мавриди осори Аттор миёни донишмандон ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо бинобар ончи худи Аттор дар “Хусравнома” зикр кардааст, осори ӯ иборатанд аз:
1. Мусибатнома 2. Илоҳинома 3. Асрорнома 4. Мухторнома 5. Мақомоти туюр “Мантиқуттайр” 6. Хусравнома 7. Ҷавоҳирнома 8. Шарҳул қулуб 9. Девони ғазалиёт ва қасоид
Ва агар “Тазкиратулавлиё”-ро, ки асари мансуб ба Аттор аст бар осори манзумаш изофа кунем, теъдоди китоби ӯ ба даҳ адад хоҳад расид, ки аз ин миён ду китобаш Ҷавоҳирнома ва Шарҳулқулуб ба дасти мо нарасидааст.
Маҷмӯи шаш китоби маснавӣ ва девони ғазалиёт ва қасоиди ӯ ҳудуди 50 ҳазор байтро ташкил медиҳад.
Дар осори Аттор андешаҳои орифона жарфнигарона ба ҳаводис ва вақоеи зиндагӣ, калимоти расо, баёни шево ва нуктасанҷиҳои зебо мавҷ мезанад. Ин вижагиҳо ба хусус дар маснавии “Мантиқуттайр” таҷаллии бештаре ёфтааст.
Аттор дар ин маснавӣ ба тафсир ва баёни ҳафт шаҳри ишқ, ки дар воқеъ ҳафт марҳалаи солик яъне “толиби ишқ”, ки иборатанд аз маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат, фақр ва фано пардохтааст ва ин масанавӣ аз осори дигари ӯ мумтоз аст.
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳануз андар хами як кӯчаем.
Аттор бо алоқаи шадид ба ирфон ва ғутавар шудан дар дарёи бекаронаи сайру сулук ва тасаввуф осори зиёде дар баёни андешаҳои ирфонӣ ба вуҷуд овард, ки бинобар ончи дар “Мусибатнома” зикр мекунад, такя бар мактаби Ҳаллоҷ дорад.
Овардаанд, вақте ки ҷаллоди чингизӣ қасд кард шайхи Нишопурро, ки дар миёни асирҳо буд гардан занад, ходимаш хост бо додани ҳазор дирҳам ҷони шайхро халос кунад, вале шайх гуфт: Мафурӯш, ки арзишам бештар аз ин аст. Дар ин ҳангом сарбози дигари муғул бо таҳқир ба Шайх гуфт: Агар аз куштани ин пир сарфи назар кунӣ дар иваз ба ту як тубраи коҳ хоҳам дод. Шайх ба ҷаллод гуфт: Бифурӯш, ки беш аз ин арзиш надорам. Дар ҳамин ҳол ҷаллод бо буридани сари Шайх, ӯро шаҳид кард.
Қатли ӯ дар соли 618 ҳ.қ. иттифоқ афтод ва марқадаш дар Нишопур мазори аҳли илму адаб аст. Ёдаш гиромӣ бод.
Намунае аз назми Аттор
Ғазал
То дар ин зиндони фонӣ зиндагонӣ бошадат
Кунҷи узлат гир то ганҷи маонӣ бошадат
Ин ҷаҳонро тарк кун то чун гузаштӣ з-ин ҷаҳон
Ин ҷаҳонат гар набошад он ҷаҳонӣ бошадат
Кому нокоми замон дар коми худ дарҳам шикан
То ба коми хеш фардо комронӣ бошадат
Рӯзаке чанде чу мардон сабр кун дар ранҷу ғам
То ки баъд аз ранҷ ганҷи шойгонӣ бошадат
Рӯйи худро заъфаронӣ кун ба бедории шаб
То ба рӯзи ҳашр рӯйи арғавонӣ бошадат
Гар ба тарки олами фонӣ бигӯӣ мардвор
Олами боқию завқи ҷовидонӣ бошадат
Субҳдам дарҳои давлатхонаро бикшодаанд
Арза кун гар он замон рози ниҳонӣ бошадат
То кай аз беҳосилии пирамарди баччатабъ
Дар ҳавои нафс мастию гаронӣ бошадат
Аз тани ту кай шавад ин нафси сагсерат бурун
То ба суратхонаи тан устухонӣ бошадат
Гар тавонӣ кушт ин сагро ба шамшери адаб
З-он пас ар ту давлате ҷӯӣ нишонӣ бошадат
Гар бимирӣ дар миёни зиндагӣ Атторвор
Чун дарояд марг айни зиндагонӣ бошадат
Намунае аз насри Аттор аз “Тазкиратул авлиё”
Ҳикояте аз Зуннуни Мисрӣ
Нақл аст, ки ҷавоне буд ва пайваста бар сӯфиён инкор кардӣ. Як рӯз шайх ангуштари худ ба вай дод ва гуфт: Пеши фалон нонво рав ва ба як динор гарав кун. Ангуштарӣ аз шайх бистад ва бибурд. Ба гарав настанданд. Боз хидмати шайх омаду гуфт: Ба як дирҳам беш намегиранд.
Шайх гуфт: Пеши фалон ҷавҳарӣ бар то қимат кунад. Бибурд. Ду ҳазор динор қимат карданд. Боз овард ва ба шайх (ҷараёнро) гуфт. Шайх гуфт: Илми ту бо ҳоли сӯфиён, чун илми нонво аст бадин ангуштарӣ. Ҷавон тавба карду аз сари он инкор бархост.
Таҳияи Саломуддини Муҳаммадамин
1 – Девони Аттор, ба эҳтимом ва тасҳеҳи доктор Тақии Тафаззулӣ, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, Теҳрон, 1345.
2 – Зиндагиномаи шоирони Эрон, Лайло Юсуфии Ҷоҷармӣ, Теҳрон, 1380.
3 – Форсии умумӣ, доктор Комили Аҳмадинажод ва доктор Алии Имонӣ, нашри Вироиш, 1380.
4 – Адабиёти форсӣ, Ҳусейни Деҳнавӣ, Зафар, Қум, 1378.
5 – http://daneshnameh.roshd.ir/mavara