Зиндагиномаи Бобо Тоҳири Урён

Зиндагиномаи Бобо Тоҳири УрёнБобо Тоҳири Урёни Ҳамадонӣ яке аз шоирони асри 4-5 ҳиҷрии қамарӣ мебошад.

Дар бораи зиндагии ин шоири ориф иттилои дақиқе дар даст нест танҳо ривоятҳое аз мақоми илмӣ ва ирфонии ин шоир вуҷуд дорад ва гуфтаанд,ки ба ин далел ба ӯ Урён мегуфтанд,ки у аз алоиқи дунё даст кашида буд ва гуфта шуда,ки ӯ муосир бо подшоҳи Туғрулбеки Салҷуқӣ буда аст ва мулоқотҳое байни ин подшоҳ ва Боботоҳир анҷом шудааст аст. Бо диққат кардан дар рубоиёти ӯ метавон ба бархе аз
аҳволи ӯ пай  бурд.  Ба унвони мисол ӯ дар ин рубои фармудааст:

Насиҳат бишнав аз пури Фаридун

ки шуъла аз танур сар нояд

мутаваҷҷеҳ мешавем,ки номи падари ӯ Фаридун будааст ва ҳамчунин гуфта шуда,ки Боботоҳир фарзанде ба номи Фаридун дошта,ки дар замони ҳаёти ӯ фавт шуда,ки дар сугвории ӯ гуфта:

Фаридун азизам рафта аз даст

бу раҳ к- аз нав Фаридуне  бисозем

ки маънои он ин аст,Фаридун азизам аз даст рафта ва аз Худо фарзанди дигар биталабем ва нуктаи дигар ин аст,ки ӯ рӯзҳоро бештар дар куҳ ва биёбон мегузаронид ва шабҳоро ба ибодат ва риёзат машғул буда аст . Дар мавриди соли вафоти ин шоири ориф назарияҳои мухталиф баён шуда ва ба таври яқин наметавон соли вафоти ӯро мушаххас кард. Аммо мақбараи Боботоҳир дар шаҳри Ҳамадон наздики буқаи имомзода Ҳорис ибни Алӣ қарор дорад.

Инак чанд маврид аз ривоятҳо ва достонҳое,ки дар мавриди Бобо Тоҳири Урён баён шудааст зикр мекунем.

Ҳикояти аввал :

Гуянд шоҳи Салҷуқӣ (Туғрулбек)дар даврони сафар ва футуҳоташ ба шаҳри Ҳамадон ба хидмати Бобо Тоҳир рафта,аз ӯ панд ва андарз хост, Бобо Тоҳир ба ӯ гуфт ба ту он ро мегуям,ки Худои Мутаол дар Қурон фармуд: (Инналлоҳа яъмурукум би-л-адли ва-л–иҳсон) Бо бандагони
Худо аз рӯи адл ва эҳсон рафтор кун ва сипас Бобо Тоҳир лулаи абреқеро,ки бо он вузу мегирифт шикаст ва ба ҷой ангуштар дар ангушти Туғрул кард ва гуфт: бирав ба ёрии Худо пирӯз хоҳи шуд ва гуянд то замоне,ки он ангуштар дар дасти ӯ буд пайваста дар ҷангҳо қотеъ ва пирӯз буд чун он ангуштар  шикаст ӯ ҳам дар ҷангҳо шикаст хурд.

Ҳикояти дуввум:

Гуянд Бобо Тоҳир дар оғоз ҷавони рузе бо шавқ ва алоқаи бисёр ба мадрасае ворид шуд ва тасмим ба фарогирии илм ва дониш  гирифт, аммо ҳангоме,ки суханони илмии талабаҳоро  бо шавқи фаровон  мешунид матолиби онҳоро намефаҳмид лизо  ба яке аз талабаҳо гуфт шумо чи мекунед,ки ба ин улум огоҳ мешавед он шахс ба шухи ба ӯ гуфт: бисёр ранҷ ва заҳмат мекашем, дар ин ҳавз яхро шикаста ва дар сармои шаб ғусл карда ва чиҳил бор сарро дар об фуру мебарем чун берун меоем асрори ин улум бар мо маълум ва фарогирии он бар мо осон мешавад, Бобо Тоҳири содадил  бо ишқу шавқ ба маърифати Илоҳӣ ин сухани ва шухиро ҳақиқат дониста ва чун шаб шуд дар ҳангоми хоби талабаҳо ба мадраса омад ва яхи ҳавзро шикаста ва дар об ғусл кард ва чиҳил бор сар ро дар об фуру бурд ва чун аз ин кор фориғ шуд шуълаҳое аз осмон фуруд омад ва ба қалби ӯ ворид шуд ва пинҳон гардид ва тавонист дар роҳи ирфон ва шинохт ба мақоми болое бирасад.

Ҳикояти севвум:

Дарвеше қасди дидори Бобо Тоҳир кард ва барои дидани ӯ ба кӯҳи Ҳамадон шитофт,масофатеро паймуд то ба хидмати ӯ расид.Дид ҳама атрофи Бобо Тоҳирро барф гирифта ва бар асари ҳарорати бадани Бобо Тоҳир миқдоре аз барфҳо об шуда ва замин хушк аст. Чун наздики зуҳр шуд, дарвеш бо худ фикр кард,ки гурусна хоҳам монд зеро назди Бобо Тоҳир ҳеч таоме нест. Бобо Тоҳир аз фикри ӯ огоҳ шуд ва гуфт эй дарвеш акнун вақти зуҳр аст бояд намозро адо кунем ва дар фикри шикам мабош,ки рузиро Худо мерасонад чун аз хондани намоз фориғ шуданд дарвеш дид ба дуои Бобо Тоҳир ҷуйи обе падид омад ва суфрае канори он ҷуй паҳн шуд ва таомҳои гуногун ва муаттар дар он суфра чида шуд. Бобо Тоҳир гуфт: Дарвеш! Бисмиллоҳ, ҳамин ки дарвеш даст ба таом бурд таом аз назараш пинҳон шуд, ӯ фикр кард,ки Бобо Тоҳир сеҳр мекунад вале Бобо Тоҳир аз фикри ӯ огоҳ шуд ва ба ӯ гуфт: не дарвеш сеҳр нест ту бидуни номи Худо даст ба таом бурди! бисмиллоҳ бигу, чун дарвеш бисмиллоҳ гуфт таом зоҳир шуд ва дарвеш аз он таом майл намуд.

Вижагиҳои сухан

Ашъоре,ки аз Боботоҳир боқи мондааст рубоӣ аст,ки ба лаҳҷаи Лурӣ(яке аз ақвоми Иронӣ,ки бо лаҳҷаи хосе суҳбат мекунанд ва дар шаҳри Луристони Ирон зиндаги мекунанд) суруда шудааст.  Бо хондани ашъор ӯ мутаваҷҷеҳ мешавем,ки ӯ бо сухани бисёр равон ва сода ва бе пирояи худ некукорӣ,хайрхоҳи ва эҳсон ва тарки зулму ситамро ба хуби баён кардааст, ӯ ишқ ва имон ва дилбохтагии худ ба мазҳаби худ ва тавассул ба хонадони Пайғамбар(с) ва тазарруъ ба даргоҳи Худоро чунон бо ҷозиба баён мекунад,ки хонанда аз хондани рубоиёт хаста намешавад. Нолаи ҷонсузи Бобо Тоҳир яке аз анвори ишқи Илоҳӣ аст,ки дар калима ба калимаи ашъори ӯ майи анворро мебинем ва сузишу оташ онро ҳис мекунем.

Муаррифии осор

Аз Бобо Тоҳир маҷмуае аз суханони ӯ ба забони Арабӣ боқи монда аст,ки дар он ақоиди ирфониро дар илм ва маърифат ва ибодат баён кардааст ва ҳамчунин маҷмуае,ки шомили сурудаҳояш бо забони Лурӣ аз ӯ ба ёдгор мондааст.

Гузидае аз ашъор

Ғазал

Дило дар ишқи ту сад дафтар ситам                       Ки сад дафтар зи кавнайн аз бар ситам

Манам он булбули гул ношукуфта             Ки озар дар таҳи хокистар ситам

Дилам суҷа  зи ғусса вар бариҷа                       Ҷафои дӯстро хоҳон наз ситам

Му он удам миёни оташистон                           Ки ин на осмонҳо муҷмар ситам

Шуд аз найли ғаму мотам дилам хун                Ба чеҳра хуштар аз нилуфар ситам

Дар ин олола дар куяш чу гулхан                     Ба доғи дил чу сузон ахгар ситам

На рӯзи ситам,ки бо душман ситезам                На баҳри дӯстон симу зар ситам

Зи даврон гарчи пар бе ҷоми айшам             Вале бе дӯст хунин соғар ситам

Чарам доим дар ин марзу дар ин кишт Ки мурғи ху гар боғу бар ситам

Манам Тоҳир,ки аз ишқи накуён Дили лабрези хун андар бар ситам

***


Қасида

Буто тоз ар чун ту дилбари ситам                             Ба тан авду ба сина муҷмар ситам

Агар ҷуз меҳри ту андар дилам би                           Ба ҳафтоду миллат кофар ситам

Агар рӯзе дусад борат бубинам                                 Ҳаме муштоқи бори дигар ситам

Фироқи лола руён сутаҳ дилам                                Ваз эшон дар раги ҷонам настар ситам

Манам он шох бар нахли муҳаббат                       Ки ҳастари сояву меҳнат бар ситам

На кори охират кардам на дунё                                Яке бе соя нахл бе бар ситам

На хур на хоб дидам ба ту гуйи                                  Ба пайкари ҳар сари му ханҷари ситам

Ҷудо аз ту ба ҳурру хулду тубо                                  Агар хурсанд гардам кофар ситам

Чу шамъам гар сар андозанд сад бор                          Фурузандатар равшаантар ситам

Маро аз оташи дузах чи ғам би                             Ки дузах ҷуз вай аз хокистар ситам

Самандар ваш миёни оташи ҳиҷр                       Парешон мурғи беболу пар ситам

Дарин дейрам чунон мазлуму мағмум Чу тифли бе падару бе модар ситам

Намегирад касам ҳаргиз ба чизе Дар ин олам зи ҳаркас камтар ситам

Ба як нола бисуҷам ҳарду олам                            Ки аз сузи ҷигар хунёгар ситам

Ба болинам ҳама алмоси сувда                             Ҳама хору хасак дар бистар ситам

Мисоли кофарам дар муъминистон                  Чу муъмин дар миёни кофар ситам

Ҳама сувҷам ҳама сувҷам ҳама сувҷ                   Бигир май чун фурузон ахгари ситам

Рухи ту офтобу му чу ҳурбо                                 Ва ё пажмони гули нилуфар ситам

Ба мулки ишқ руҳи бе нишонам                         Ба шаҳри дил яке сурати пар ситам

Рухаш то карда дар дил ҷилва аз меҳр             Бу хубии офтоб ховари ситам

Бимиро дил осойиш биёбӣ                                   Ки му то ҷон надодаму анар ситам

Ман аз рузи азал тоҳир бизодам                       Азинру номи Бобо Тоҳир ситам

***

Дубайтӣ

Агар ёри маро диди ба хилват                               Бигу эй бевафо эй бемурувват

Гиребонам зи дастат чок чоку                                Нахоҳам духт то рӯзи қиёмат

***

Фалак на ҳамсаре дорад на ҳам каф Ба хунрезиӣ дилаш асло нагуфт уф

Ҳамеша шиваи кораш ҳамине                              Чароғи дуд мониро кунад пуф

Фалак дар қасди озорам чароӣ                           Гулам гар нести хорам чароӣ

Ту,ки боре зи душам бар надорӣ                         Миёни бори сарборам чароӣ

***

Зи дил нақши ҷамолат дар нашйи ёр                         Хиёли хатту холат дар нашйи ёр

Мижа созам ба даври дида пур чин                      Ки тоу ним дар нашйи ёр

***

Агар заррин кулоҳи оқибат ҳеч                                Агар худ подшоҳи оқибат ҳеч

Агар мулки сулаймонат бибахшанд                       Дар охир хоки роҳи оқибат ҳеч

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.