Манам Қуръон…

Манам Қуръон...

Қуръон

Манам Қуръон китоби осмонӣ,

Ки ҳастам то қиёмат ҷовидонӣ.

Худоро дар ҳақиқат ман забонам,

Диҳам доди сухан он сон ки донӣ.

Башарро медиҳам баҳри саодат,

Ба олам хатту машйи зиндагонӣ.

Манам он машъали роҳи ҳидоят,

Ҳидоят мекунам бо хуш забонӣ.

Ба дасти ман бувад насли башарро,

Калиди қуфли асрори ниҳонӣ.

Асотиди ҷаҳонро раҳ намудам,

Ки бошад кори ман партавфишонӣ.

Бари пай бар румузи каҳкашонҳо,

Агар умқи румузамро бихонӣ.

Суҳуф аз матни ман гардид комил,

Ки кулли комилам дар кордонӣ.

Ниҳам Тавротро туҳри ривоят,

Ки аз ӯ мекунам ман посбонӣ.

Зи Инҷилам бувад бар сина ҳоил,

Зи Марям ҳам медоли қаҳрамонӣ.

Бихон Қуръон агар хоҳи бари пай,

Ба аҷрому куроти осмонӣ.

Жулидаи Нишопурӣ

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.