Мо дине дорем, ки бо амал ба он ва татбиқи зиндагӣ бар асоси омузаҳояш, дигар ҳеҷ ҷое барои боварҳои хурофӣ, мунҳариф, умонсистӣ, пучгароӣ, ҷину шайтонпарастӣ ва ҳатто эътиқодоти муртаҷиъона нахоҳад буд. Дини Ислом як дини комил, оламгир, илоҳӣ ва ақлонӣ аст, ки пайравонашро ба саодат дар дунё ва охират башорат медиҳад.
Расулон, анбиё ва авлиёи илоҳӣ ҳамон касоне будаанд ва ҳастанд, ки динро аз Шореъ дарёфт намуданд ва гоҳ дар қолиби шореъ ва гоҳ дар ҷойгоҳи паёмрасон инсонҳоро ба ҳақоиқи ҳастӣ ошно намуданд, то битавонанд ба дурустӣ роҳу чоҳро бишносанд ва интихоб намоянд.
Аз Одам(а), то ба Хотам(с) ҳазорон расулу набӣ омад ва ҳазорон васӣ ва валӣ баъд аз худро ба башарият тақдим намуд, аммо бо итминон метавон гуфт, ки бисёре аз мо на сира ва на сулуки бештари онҳоро на медонем ва на шунидаем!
Бале, мо аз анбиё ва авлиё ҳамонро медонем, ки аз забони бузургони диниамон, олимону имомхатибонамон гуфта шудааст ва он ҳам дар ҳадде аст, ки бидонем Расуламон Муҳаммад асту Китобамон Қуръон.
Ҳарчанд ин ҳам ҷои шукри неъмати вуҷуди он олимони азизро дорад, аммо қасди мо на бе аҳамиятӣ нисбати онҳост, балки таваҷҷуҳ додани ҳамрадифонамон ба ин ҳақиқат аст, ки бояд барои зиндагии ояндаи худ, зиндагии гузаштагонро биомузем ва бифаҳмем, то хулосаи онро дар зиндагии имрӯзу фардои худ ҷорӣ намоем, чунон ки гуфтаанд; хатои дигарон имтиҳон надорад!
Пас дар канори ин масъала, ки расуламон кисту китобамон чист! бояд инро ҳам бидонем, ки расуламон чи корҳо карду чи корҳоро фармону наҳй намуд.
Дар инҷо ҳаминқадр бигӯем, ки яке аз авомри раслуи раҳмат Муҳммади Мустафо(с) ва Аллоҳ таъоло ин будааст, ки анбиё ва авлиё ва бузургон бояд шинохта шаванд ва эҳтиромашон бар ҳама воҷиб аст. Иншоаллоҳ тавониста бошем ва битавонем ба ин амри илоҳӣ амал намоем ва по ҷои пои бузургони динӣ гузошта аз роҳи рости онҳо мунҳариф нагардем.
Бо умеди ин ки битавонем, мо ҳамчун шумо ҳаррӯз нисбат ба бузургонамон огоҳии бештар пайдо кунем, дар инҷо нишонаҳое аз бузургони дину исломро, ки ҳифзу бузургдошти онҳо аз мавридҳое аст, ки барои эҳтиром, тарвиҷи аҳдоф ва тақвияти имони инсонҳо лозим аст, пешкаш менамоем. Бошад, ки иншоаллоҳ ин нишонаҳо моро ба сира ва амалҳои онҳо ошнотар намояд ва раҳравӣ роҳрафтагон бошем ва албатта зикри олим ибодат аст; ишора ва шинохти бештар нисбати ин бузургон ҳам ҳақиқатан хайр хоҳад буд, иншоаллоҳ.
Тасвирҳое аз мақбараҳои анбиё ва муъминони ба Худо


Иброҳими Халил – алХалил-Фаластин















