
Аз солҳои оғозини садаи 21 дар Тоҷикистон масъалаи консепсияи андешаи миллӣ аҳамияти вижа пайдо кард ва дар нашрияҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сабаби ин ки масъалаи андешаи миллӣ имрӯз якбора аҳаммияти вижа пайдо кард, бегумон он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли сиёсӣ ба даст овард ва ба сохтмони ҳаёти нав ва давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ки бунёди миллии он устувор бошад, шурӯъ кард.
Бо истиқлоли сиёсии Тоҷикистон давраи тозае дар таърихи мардуми тоҷик сар шуд. Акнун тоҷикон бояд сарнавишти таърихии худро ба дасти худ амалӣ бикунанд. Ин вазифаи бузурги миллӣ ба сурате қобили иҷро хоҳад буд, ки худшиносии иҷтимоъиву маънавии миллат мувофиқи замони нав ба пояи баландтар бирасад. Лозим аст, ки миллат манфиатҳои худро умуман ва барои имрӯзу фардо мукаммалтар бидонад ва аз рӯйи ин дониш хатти ҳаракати худро таъйин бикунад.
Барои ин худшиносиву роҳҷӯии таърихӣ консепсияи андешаи миллӣ даркор аст. Ҷустори андешаи миллӣ ва дуруст муайян шудани он аз ҷумлаи омилҳои асосӣ дар шинохти хештан, шинохти манфиатҳои миллӣ ва роҳи рушд аст.
Андешаи миллиро ба ду маъно метавон фаҳмид. Андешаи миллӣ ба маънои тангтар ғамхорӣ дар ҳаққи миллат аст, ғами миллат ба дил доштани шахс ва ҳар сухан, ҳар корро ба дилсӯзӣ барои миллат ва ба меҳру муҳаббати миллат, ки дар дили шахс шӯъла мезанад, вобаста аст. Андешаи миллӣ ба маънои танг бештар хусусияти шахсӣ дорад ва агар фарде аз миллат ҳар фикру андешаи худ ва ҳар қадами худро ба миллатпарварӣ ва хидмати миллат, ба некхоҳӣ дар бораи миллат ва ба осон кардани як мушкили он вобаста донад, аз рӯйи андешаи миллӣ амал кардааст. Миллатро фикр карда, кор кардан лозим аст ва ин андешаи миллӣ хоҳад буд.
Ба маънои васеъ, ба он маъно, ки мо ҳоло ба назар дорем, андешаи миллӣ як идея, як ғояи бузург аст, ки маънои фарогири таърихӣ дорад ва як ақидаи умдаи илмиву назарист, ки такя бар фаҳмиши амиқи равандҳои асосии таърихи асрҳои гузашта овардааст ва мақсад аз он ояндабинист. Андешаи миллӣ моҳияти ҳастии таърихии миллат ва вижагиҳои чеҳраи маънавии ӯро ифода менамояд ва аз ин рӯ имкон дорад, ки ҳам маънои умдаи дирӯзу парирӯзи миллат ва ҳам чигунагии роҳи фардову пасфардои ӯро намоён биёварад. Аз пайванди мантиқии гузаштаи дуру наздик бо имрӯз, аз пайванди замонҳо ва дурнамои оянда андешаи миллӣ ҳосил мешавад.
Азбаски андешаи миллӣ фарогири ҳама ҳастии таърихии миллат аст, ҳар қадами ҷомеъа дар роҳи сӯйи оянда бояд аз андешаи миллӣ сар занад ва ҳар қадаме, ки онро андешаи миллӣ тақозо накардааст, мумкин аст бефоида бошад ё ки бар зарари миллат натиҷа бидиҳад.
Мутаассифона, муайян кардани маънои аслии сарнавишти таърихии миллат ва зубдаи фалсафаи таърихи ӯ бисёр душвор буда, пешбиние дар ин асос боз душвортар аст. Донишмандони рус чандин бор кӯшиш карданд, ки андешаи миллии мардуми русро муайян бикунанд, ҳеҷ яке аз он кӯшишҳо натиҷаи муҳим надод. Ду-се бор чунин вонамуд гардид, ки андешаи миллӣ ёфт шуд, вале пас аз андаке ошкор гардид, ки чунин набудааст. Ҷустуҷӯйи донишмандони рус дар ин роҳ ҳанӯз давом дорад. Аз ин рӯ, пажӯҳишгарони тоҷик низ дар ин ҷустор бояд аз шитоб ва саҳлангорӣ худдорӣ бинамоянд.
Таъйини андешаи миллӣ, ба вижа дар мавриди халқҳои куҳанбунёде чун халқи тоҷик душвор аст.
Ин душворӣ аз чанд сӯй пеш меояд. Як душворӣ аз он ҷост, ки миллати тоҷик чанд қарн боз миллати чандпора буда, ҳар порае дар як густураи таърихии худвижа зистан дорад ва мумкин аст, ки сарнавишти таърихии ҳар пора каму беш аз дигар пораҳо фарқ дошта бошад. Вижагии умумии таърихи ҳамаи ин пораҳоро муайян кардан лозим аст, то ки андешаи миллии мардуми тоҷик ба даст биёяд. Андешаи миллии мардуми тоҷикро дар асоси мадорики як пораи онҳо наметавон баён кард. Он пораи тоҷикон, ки дар Тоҷикистонанд, ба саодати истиқлолу озодӣ расиданд ва таҷрибаи таърихии онҳо барои дигар пораҳо, ки дар Ӯзбакистону Афғонистон ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, ибратомӯз ва ба ғоят ҷолиб аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои бузурге, ки таърих ба пешгоҳи миллати тоҷик гузоштааст, шурӯъ намуд ва аз баъзе ҷиҳатҳо муваффақиятомез амал мекунад. Бо вуҷуди ин, ба фаҳми банда танҳо бо назардошти таҷрибаи таърихии Тоҷикистон наметавонем андешаи миллии мардуми тоҷикро ба вуҷуд биёварем.
Андешаи миллӣ танҳо дар асоси роҳҳои таърихии як бахши миллат ва танҳо барои як бахши миллат, танҳо барои як-ду гурӯҳ, як синфу табақаи ҷомеъа ва як тоифаи мардум ба вуҷуд оварда намешавад. Андешаи миллӣ чунонки ишора рафт, бояд ҳама ҳастии таърихии миллатро бо ҳама пасту баландаш, бо ҳама зиддиятҳо ва фарқу монандиҳо дар бар бигирад, то ки дар ҳақиқат раҳнамои миллат бошад. Сарнавишти таърихии миллат аз вижагиҳои зиндагии таърихии ҳамаи пораҳои он, аз моҳияти рӯйдодҳои мухталифе, ки дар минтақаҳои гуногуни қаламрави таърихии он ба амал омадаанд, намудор меояд ва ин ҳамаро бояд ба назар гирифт. Андешаи миллӣ ҳамгуниву ҳамрангӣ ва ягонагии миллатро ба назар дорад, барои устувор кардани ягонагии миллат хидмат мекунад.
Профессор Абдунабии Сатторзода соли 2006 чун ба як пурсишнома посух гуфт, як фикри муҳим баён кард. Вай гуфт: «Мухтасар бигуем, формули он (андешаи миллӣ – М. Ш.) ин аст: истиқлол + миллат + демократия + пешрафт (прогресс)». Ин формулбандии А. Сатторзода (агар калимаи «миллат» дар ҷойи якум гузошта мешуд, беҳтар мебуд) аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки матлабро возеҳ ва чунон ифода кардааст, ки ба пиндори ин камина на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки барои ҳамаи тоҷикон қобили қабул аст. Ҳар кадоме аз мафҳумҳое, ки А. Сатторзода номбар кардааст – миллат, истиқлол, демократия ва пешрафт имрӯз барои ҳама пораҳои миллати тоҷик аҳаммияти вижа доранд. Истиқлол дар Тоҷикистон ба даст омада бошад ҳам, аҳамияти он кам нашудааст, зеро нигаҳдошт ва устувории пояҳои он дар Тоҷикистон низ аз муҳимтарин вазифаҳои таърихист. Аз ин рӯ, имрӯз маънои мафҳуми истиқлол дар Тоҷикистон ва дигар пораҳои ҷаҳони тоҷикон аз ҳам фарқ мекунад, лекин ин мафҳуми ормонии мардуми тоҷик, ки аз бисёр ҷиҳатҳо ҳаммаънои мафҳуми озодист, дар ҳама гӯшаҳо то рафт бештар аҳаммият пайдо мекунад.
Ин аст, ки мо тоҷикони Тоҷикистон бояд фаромӯш накунем, ки пораи хурде аз ҷаҳони бузурги тоҷикон ҳастем ва дар ҳалли баъзе масъалаҳои бузурге чун андешаи миллӣ бояд ягонагии таърихии ин ҷаҳони чандпора ва ягонагии маънавии кунунии онро ба назар бигирем. Аммо ҳамаи онҳое, ки то ҳол дар баррасии масъалаи андешаи миллӣ ширкат варзидаанд (аз ҷумла ин каминаи нигоранда), танҳо Тоҷикистонро мадди назар доштаанд. Инро банда норасоии ҷустуҷӯҳои илмӣ ба шумор меоварам.
Андешаи миллиро барои ҳама тоҷикон бояд муайян бикунем ва агар бархе аз унсурҳои он дар бархе аз гӯшаҳои ҷаҳони тоҷикон аз дигар гӯшае ё аз дигар гӯшаҳо тафовут дошта бошад, ин тафовутро бояд таъкид намоем.
Соли 2006 ҳафтаномаи «Миллат» дар бораи андешаи миллӣ ба камина чанд пурсиш пешниҳод кард , ки яке ин буд:
«Бархе ин консепсияро (андешаи миллиро – М. Ш.) маънавигаро дидан мехоҳанд, баъзеи дигар бо назардошти тараққиёти ҷомеъаи муосир мехоҳанд он моддигаро бошад, ба гуфте рӯҳияи технократӣ дошта бошад. Арзишҳои муосирро аз қабили баробарии шаҳрвандон, давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ғайраро ифода кунад. Шумо ба кадом андеша ҳастед?»
Банда ба ин боварам, ки чунин гузориши масъала, ки андешаи миллӣ кадом ҷиҳатҳои ҳастии ҷомеъаи кунуниро фаро бигирад ва аз кадом ҷиҳатҳо қатъи назар бикунад, кадом ҷиҳатро бештар ва кадомеро камтар матраҳ бикунад ва монанди инҳо ба тамом ноҷоиз аст. Чунонки гуфтем, андешаи миллӣ ҳама ҳастии миллат ва ҳама паҳлӯҳои худҷӯиву худрасии иҷтимоъиву маънавии вайро ба яклухтӣ фаро мегирад. Дар ҳар сурат, чашмандози васеъ ва фарогирии куллӣ муҳимтарин хусусияти андешаи миллист. Набояд, ки андешаи миллӣ фақат ба як гӯшаи зиндагии миллат, танҳо ба як ё ду-се минтақаи қаламрави он, як-ду гурӯҳи иҷтимоъии ҷомеъа ва ё ки ба мафҳумҳои навбаромади моддигароӣ ва технократия такя оварад.
Боз мегӯем, ки андешаи миллӣ ҳамаи инҳоро ба якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ фаро мегирад.
Дар ин маврид муҳим он аст, ки чун андешаи миллӣ як низоми мураккаб ва чандпаҳлӯст, нуктае дар он бартарӣ дорад, яъне дар маркази он низом қарор ёфта, ҳама унсурҳои онро зери шуъо гирифта, равшантар намудор меоварад, ҳамаи онҳоро ба ҳам муттаҳид мекунад, амали мутақобил онҳоро самт медиҳад ва ҳамбастагии онро таъмин менамояд.
Ба пиндори банда маънавият дарунмояи андешаи миллии тоҷикон аст.
Пӯшида нест, ки мардуми тоҷик ва аҷдоди эшон аз аҳди бостон маънавиятпарвар ва маънавиятпарвард будаанд. Онҳо дар пайдоиш ва таҳаввули фарҳанги маънавии Шарқ нақше муҳим доштанд. Аҷдоди тоҷикони кунунӣ як дини бузурги ҷаҳониро, ки ойини Зардушт бошад, ба вуҷуд оварданд; барои ин ки як бахши бузурги аҳли башар бо омӯзаҳои авестоӣ аз тафаккури асотирӣ ба тафаккури маънавӣ бигзаранд, яъне барои ин ки дар тафаккури инсон инқилобе рух намояд, кумак намудаанд.
Як хидмати таърихии мардуми тоҷик дар пеши аҳли башар он аст, ки барои устувор шудани пояҳои Ислом ва густариши он дар миёни халқҳои гуногун кӯшидаанд ва ҳамаи туркинажодони атроф ба дасти аҷдоди тоҷикон Ислом пазируфта, ба маънавияти волои исломӣ ва ориёии эронӣ пайвастаанд. Ҳастии таърихии халқҳои эронӣ, аз ҷумла тоҷикон мағз то мағз маънавибунёд буд, ки аз байни онҳо бузургони бисёре аз Рӯдакӣ (қарни 10) то Аҳмади Дониш (қарни 19), Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров (қарни 20) баромаданд. Дар байни онҳо бузургтарин бузургони ҷаҳонӣ чун Ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳастанд. Мардуми тоҷик аз халқҳои таърихсоз, маънавиятгарой ва фарҳангофарину фарҳанггустар будаанд.
Аз ин рӯ андешаи миллии тоҷикон аз маънавияти воло сарчашма мегирад. Дар даврони ҷаҳонгаройӣ (ҷаҳонӣ шудан, глобализм) як нуктаи муҳим дар андешаи миллии тоҷикон, радди моддигароийи маҳз ва маънавиангезӣ хоҳад буд, то ки пайвандҷӯйӣ бо мабдаъи маънавии тамаддуни Ғарб, ба ҳам як кардани маънавиятгароийи шарқӣ ва моддигароийи ғарбӣ муяссар шавад. Арзишҳои кунуние чун давлати ҳуқуқбунёд, баробарҳуқуқии ҳама шаҳрвандон, демократия ва монанди инҳоро ба ҳеч ваҷҳ ба ҷанбаи технократӣ вобаста донистан мумкин нест. Ин мафҳумҳо бунёди маънавӣ доранд ва ба он фаҳмиши маънавият, ки мо дорем, мувофиқанд ва моҳияти маънавии онҳоро дар ҷомеъаи мо устувор кардан даркор аст.
Мардуми тоҷик бояд ба мафҳумҳои сиёсиву ҳуқуқии имрӯз, ба илми ҷаҳонии кунунӣ ва ба фанну фанноварии (техникаву технологияи) рӯзафзун даст биёбанд, лекин арзишҳои маънавиро қурбони дастовардҳои фанниву фанноварӣ ва технократизм кардан мумкин нест. Расидан ба илму фанни муосир бояд ба ҳуввияти фарҳангӣ ва ба вижагиҳои таърихии ҳаёти маънавии миллат зарар наоварад. Ба хотири пешрафти иқтисодӣ аз баҳри баъзе арзишҳои маънавӣ гузаштан гуноҳи бузурги таърихӣ хоҳад буд. Дар ҷомеъаи тоҷикон ба ҳам созиш додани маънавияту моддиёт ва ба ҳам як кардани маънавиятҷӯйӣ ва моддигаройӣ чунин маъно хоҳад дошт, ки мабдаъи моддӣ тобеъи мабдаъи маънавӣ хоҳад буд.
Давлати тозаистиқлоли тоҷикон он гаҳ давлати миллӣ хоҳад шуд, ки дар ҷомеъа омили маънавии рушд бартарӣ ёбад, давлат бартарии ин муҳаррики анъании ҳама равандҳои ҳувиятсозро бар омили иқтисодӣ ва омили сиёсӣ таъмин бикунад. Бартарии омили маънавӣ дар ҷомеъа муҳимтарин нуктае дар андешаи миллии тоҷикони замони мо бояд бошад. Дар ин сурат ин саодат даст хоҳад дод, ки пешрафти иқтисодии ҷомеъа ва пайвастан ба моддигаройии ҷаҳони имрӯз бо талафоти камтар дар ҳувияти миллии тоҷикон, дар моҳияти маънавии ҳастии инсон ва асосҳои ахлоқии он сурат бигирад. Вагарна бемаънавиятӣ ва фасоди ахлоқ мардуми моро аз ҳувияти миллӣ маҳрум хоҳад кард.
Чун мегӯем, ки маънавият дар ҳувияти фарҳангии миллати тоҷик ҷойгоҳи асосӣ дорад, нақши дини мубини Исломро низ бояд ёдовар бишавем. Набояд аз ёд бурд, ки фарҳанги миллии мардуми тоҷик саршор аз файзи Ислом аст. Ҳама соҳаҳои ҳаёти тоҷикон аз нақши Ислом бархурдор аст. Ҷойгоҳи Ислом дар ҷомеъаи тоҷикон ҳамеша ба маротиб бештар аз ҷойгоҳи дин дар ҷомеъаи кишварҳои Ғарб буд ва ҳаст. Аз ин рӯ, Ислом дар андешаи миллии мо бояд ҷойгоҳе басазо дошта бошад.
Дин ақл аст, чунонки расули акрам (с) фармудааст, на афюн, ки марксистҳо мепиндоранд. Ҳар чӣ бештар бояд рӯ ба ақл биёварем. Миллату давлат бояд пайваста бо дину диёнат бошад. То ба андешае ростин бирасад. Дини мубин миллат ва миллатҳоро ба ҳам мепайвандад, аз пурзӯртарин омилҳои ягонагии миллӣ ва байналмилалист. Ва ҳол он ки ягонагии миллӣ аз шартҳои умдаи мавҷудияти миллат аст.
Шуъури миллӣ ва шуъури динӣ сахт ҳамбастаи якдигаранд ва ғизогирии онҳо аз якдигар омили муҳимме дар рушди шуури иҷтимоъиву маънавии миллат аст. Давлати миллӣ бо устувор кардани ҳамбастагии шуури миллӣ ва шуури динӣ, бо боло бурдани сатҳи ин ду навъи шуури мардум ягонагии маънавии ҷомеъаро амиқтар мебарад.
Ба даст овардани ягонагии миллӣ ва устувор кардани пояҳои он дар Тоҷикистони кунунӣ аз муҳимтарин вазифаҳост.
Мутаассифона, ҳоло дар Тоҷикистон қувваҳои марказгурез фаъолтар аз қувваҳои марказшитобанд. Дар ҳар давраи таърих, ба вижа дар давраҳои нооромӣ ва пурталотум қувваҳои марказгурез барои фаъолиятафзойӣ мекӯшанд ва дигар ҷунбишҳои зидди ягонагии миллӣ пайдо мешаванд. Хавфе ба сари ягонагии миллӣ, яъне ба сари ҳастии миллат дар ҳар давраи дигаргуниҳои таърихӣ меояд ва дар ин мавридҳо нақши Ислом ва ҳамаи дигар омилҳои таъминкунандаи ягонагии миллӣ, устуворкунандаи бунёди маънавии ҷомеъа афзоиш меёбад. Ва ягонагии миллӣ ба яке аз бузургтарин ҳадафҳои миллату давлат табдил меёбад.
Аз ин рӯ ягонагии миллӣ яке аз муҳимтарин ҷузъҳои андешаи миллӣ мебошад. Ягонагии миллӣ дар давраи ҳозираи таърихи Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикон инчунин аз муҳимтарин ҳадафҳои миллист.
(Давом дорад…)
Муҳаммадҷон Шакурӣ,
14 янв. 2008, Душанбе – 23 февр.2009, Теҳрон, бемористони Меҳр
Nahzat.tj