МУҲАММАД РАСУЛИ АЛЛОҲ


Филми “Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)”МУҲАММАД РАСУЛИ АЛЛОҲ

Бар асоси гузориши сомонаҳои интернетии Эрон, муддатест филмбардории Филми Муҳаммад(салавотуллоҳ алайҳи ва олиҳ) шуруъ шудааст ва ҳамакнун дар шаҳрҳои гуногӯни Эрон дар ҳоли филмбардорӣ мебошад.

Ин дуюмин филмест, ки мустақим ба зиндагии Муҳаммад(с) тааллуқ дорад. Аввалин филме, ки ба номи Муҳаммад расулуллоҳ сохта шуд, дар соли 1976м тавассути Мустафо Иқод Сурияӣ ва бозигарии бозигарони маъруфи ғарбӣ, ҳамчун Энтони Куин дар нақши Ҳамза(р) буд ва дар миёни мусалмонони ҷаҳон ҷойгоҳи хуберо пайдо кардааст.

Аммо инбор филмбардорони эронӣ қасд доранд таҷрибаи хуберо ба номи худашон сабт намоянд.

Синамо, ё гуруҳҳои филмбардории Ҷ. И. Эрон, ки метавон онро синамои ҷавон ( 30-сола) донист, қариб аст дар баробари ширкатҳои бузург ва пири синамоие ҳамчун Голивуди Амрико ва Боливуди Ҳинд, қарор гирад. Ин кишвар дар корномаи филмҳои динӣ, осори фохире ҳамчун Юсуф(Юзорсиф), Исои Масеҳ, Марями муқаддас, Имом Ризо, Танҳотарин сардор, Имом Алӣ, Мухтори сақафӣ, Мулки Сулаймон ва ғайраро дорад, тавонистааст дар саҳнаи филму сериалҳои динӣ ҷойгоҳи хуберо ба даст оваранд.

Сохтани филмҳое, ки ба зиндагонии Анбиё ва Авлиёи илоҳӣ рабт дошта бошад, аз роҳҳои муассир ва хубе аст барои таблиғи дину оинҳои мавриди қабули созандагони филмҳо.

Албатта системҳо ва ширкатҳои филмсозии ҷаҳонӣ ҳамчун ГОЛИВУД ва БОЛИВУД ва ғайра, то кунун нишон додаанд, ки дар хидмати ҳунар ва фарҳанге қарор доранд, ки сармоядорони саҳюнист онро менависанд ва қатъан агар кишварҳои исломӣ бихоҳанд дар баробари ин ҳуҷумҳои фарҳангии саҳюнӣ побарҷо бошанд, бояд аз ин имконоти таблиғӣ баҳра баранд ва бо муаррифии мафохир ва хусусан анбиё ва авлиёи илоҳӣ наслҳои ояндаро бо улгуҳои динии худ ошно созанд, дар ғайри ин сурат, фарзандони мо ва ояндагони мо, ҳамонтавре ки акнун мебинем, гирифтори улгуҳои дуруғини ғарбӣ ва голивудӣ хоҳанд шуд.

Нури ТОҶИКОН

Саҳнаҳое аз филми Муҳаммад (с) (тасвирҳо аз сомонаи кимиёи саодат)

МУҲАММАД РАСУЛИ АЛЛОҲ

 

МУҲАММАД РАСУЛИ АЛЛОҲ

 

МУҲАММАД РАСУЛИ АЛЛОҲ

 

МУҲАММАД РАСУЛИ АЛЛОҲ


Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.