Насими ҷонон

Насими ҷонон

Насими куи ҷонон аст Қуръон,

Шамими атри Раҳмон аст Қуръон.

Бувад равшангари роҳи саодат,

Чу хуршеди фурузон аст Қуръон.

Ба гулзораш, хазон роҳе надорад,

Баҳорон дар баҳор аст Қуръон.

Сафои бустони осмонист,

Шукуҳи боғи ризвон аст Қуръон.

Раҳонад одамиро аз ҷаҳолат,

Фуруғи илму имон аст Қуръон.

Тароватбахши руҳи муъминин аст,

Ба ҷисми орифон, ҷон аст Қуръон.

Ба сидқу рости ҳамто надорад,

Рафиқи некпаймон аст Қуръон.

Ниҳон дар синаи ӯ, сирри ишқ аст,

Калиди ганҷи ирфон аст Қуръон.

Бувад муъҷиз, Расули Ҳошимиро,

Ки дар шаънаш санохон аст Қуръон.

Табиби дардҳои бедаво ӯст,

Ба ҷони хаста дармон аст Қуръон.

Тасалли бахши дилҳои ғамин аст,

Чароғи шоми ҳирмон аст Қуръон.

Халал кай раҳ барад бар соҳати ӯ?

Бинои сахтбунён аст Қуръон.

Дар он сомон ки сомон нест касро,

Паноҳи ҳар мусалмон аст Қуръон.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.