Нигаҳдории ҳайвонот аз нигоҳи ислом

Нигаҳдории ҳайвонот аз нигоҳи ислом

Дар омӯзаҳои динӣ, бо дар назар гирифтани маслиҳат ва мафсадаҳо, дар бораи нигаҳдории бархе ҳайвонот дар маҳалли зиндагии инсон тавсея шуда, чунонки аз нигаҳдории баъзе аз онҳо манъ шуда аст.

Гуфтани аст, ки тавсея ба нигаҳдории ҳайвонт дар маҳалли зисти иснон, мубтани бар вуҷуди шароити замони ва макони ва имкони нигаҳдори бо риояти беҳдоши муҳити зиндагии инсон, бидуни осеб ба он ва парҳез аз осебрасои ба ҳамсоягон аст вагарна зистгоҳи ҳайвонот бояд ҷудо аз хонаи одамиён бошад.

Тавсеяҳо ба нигаҳдории бархе ҳайвонот

Аз ҳайвоноте, ки нигаҳдории онҳо тавсея шуда аст, гуспанд, шутур, асп, гурба ва парандагон, хурус ва навъе кабутар.

Паёмбари Акрам(с) фармуда аст: “Хонаводае, ки гуфспандеро нигаҳдори мекунад аз баракати он баҳраманд аст.”[1] Ҳамчунин дар ҷои дигаре он ҳазрат(с) нақл шуда аст, ки шутур мояи иззат ва тавоноии аҳлаш ва гуспанд мояи баракат аст ва хайру хуби бо пушаймони асп то рӯзи қиёмат гиреҳ хурда аст.[2]

Ин се ҳайвон дар иқтисоди хонавода, ҳамл ва нақлу дифоъ дар гузашта барҷаста ва намоён буд а ва ҳамакнун низ бисёре аз гуштҳои ҷаҳон, аз гуспанд ва дар мавқеияти истиснои ва ҳатто дар бархе аз минтақаҳо дар вазъияти одди, аз асп ва шутур барои боркаши ва кор истифода мешавад.

Имом Ризо(а) мефармоянд:”Шоиста нест хонае аз се чиз холи бошад, ки он се, моси ободони хонаанд: Гурба, кабутар ва хурус ва бад нест, ки бо хурус мурғе ҳам бошад.”[3]

Овохи хурус дар саҳарҳо, бонги бедорбрши муъминон барои таҳаҷҷуд аст ва дар гузашта аз он барои шинохти вақти ибодат ва кор истифода мешудааст.

Паёмбари Акрам(с) фармуд: “Дар хонаҳоятон хурус нигаҳ доред, ки Шайтон ба хонае ки дар он хуруси тоҷдор бошад дар наёяд ва фармуд: Ҳаргоҳ хурус дар саҳар бонг занад нидокунандае аз биҳишт фарёд мезанад: Куҷоянд хошеъони зокир ва рукуъкунандагон ва саҷдакунандагон ва обидон дар арфту омад ба масҷидҳо? Пас аввалин касе, ки ин фарёдро мешунавад фариштае аз фариштагони илоҳӣ аст дар чеҳраи хурус аст;[4]” ва низ фармуд: “Хуруси тоҷдор сафед аз ошёнаи соҳибаш ва ҳафт хонаи атрофи он нигаҳбони мекунад.”[5]

Илова бар осорҳои маънави нигаҳдори ингуна ҳайвонот, ки он осор бо ҳисҳои зоҳири дарк намешаванд, бархе аз ҳайвонҳо ҳангоми хатар ё ҳушдорҳои хосс, инсонҳоро огоҳ месозанд.

Ин ҳайвонот боис мешаванд, ки дар он хона исроф камтар шавад зеро хурокҳои боқимондаро ба ин ҳайвонот медиҳанд ва ин ҳайвонт ба онҳо гушти тоза.

[1] Алҷомеъ, ҷ 2, саҳ 509.

[2] Ҳамон, ҷ 1, саҳ 471.

[3] Макоримул ахлоқ, саҳ 130.

[4] Кофи, ҷ 6, саҳ 550.

[5] Кофи, ҷ 6, саҳ 549.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.