Имӯз рӯзи шаҳодати олими мутафаккир, филсуф ва муфассири муосир устод Муртазо Мутаҳҳарӣ аст.
Ба муносибати ин рӯз; нигоҳе хоҳем дошт ба китобе аз он шахсият, ки дар соҳаи Иқтисод нашр шуда аст.
Китоби « НАЗАРЕ БА НИЗОМИ ИҚТИСОДИИ ИСЛОМ » дар бораи масоили иқтисодӣ аз назари макотиби шарқӣ ва ғарбӣ ва дар ниҳоят назарияи Ислом тавассути Устод Мутаҳҳарӣ навишта шудааст, ки дар соли 2012 ба забони Тоҷикӣ ба чоп расид.
Бахши аввал
Ба номи соҳиби ҷону хирад
Сухани мутарҷим:
Ин китоби устоди мутафаккир, шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ аст, ки аввалин бор дар соли 1989м чоп шуд.
Устод Мутаҳҳарӣ мутафаккир ва равшангари асри бист, яке аз олимони динӣ аст, ки тавонист дар замони худ бо имкониятҳои каме, ки дошт, илми олимони гузашта ва замонро бифаҳмад ва онро бо назари Ислом татбиқсозӣ ва бардоштҳоеро барои мардуми ҷаҳон ироа намояд. Ҳарчанд Устод ҳамеша бо забони форсӣ сухан гуфта ва навиштанд, аммо толибони назария ва тафаккуроташ онҳоро ба даҳҳо забон тарҷума кардаанд ва инак яке аз он навиштаҳо барои гуруҳи устодон, донишпажӯҳон ва донишҷӯёни илми иқтисод ва умуман барои толибону тарафдорони фикри озоду озодандешӣ, бо ёрии Худои Маннон ба хатти срил ба чоп мерасад.
Дар тарҷумаи ин китоб, чун барои гуруҳи аҳли илм навишта шудааст, талош шуд айн ва худи калимаҳои китоб бо камтарин тағйир оварда шавад, то аҳли илму фан битавонанд фаҳму дарки саҳеҳро аз гуфтори нависанда пайдо намоянд ва он мавридҳое, ки имконаш набуд ба ночор шарҳу тарҷумае баён гашт.
Дар инҷо ба ҷиҳати ошно шудани хонандагони азиз бо шахсияти Ӯ, нигоҳе гузаро хоҳем дошт ба зиндагиномаи он мутафаккир ва равшангари асри бистум.
Зиндагиномаи Муртазо Мутаҳҳарӣ
Дар соли 1919-и мелодӣ дар шаҳри Фаримон (Машҳади Эрон) дар хонаводае аз аҳли илму тақво ба дунё омад. Домани поки модар ва руҳи маънавии падараш шайх Муҳаммад Ҳусайн, заминаҳои таълиму тарбияти илоҳиро дар Ӯ эҷод намуд.
Имтиёзи доштани зиндагии пок ва тарбияти илоҳӣ Ӯро барои шинохти ҳақиқат дар синни дувоздаҳсолагӣ барои таҳсили улуми динӣ ба ҳавзаи илмияи Машҳад кашонд ва заминаи пешрафту равшан шудани фикрашро муҳайё кард.
Марҳилаи дарёфти илму адаб
Дар сини 18 солагӣ бо ҳиҷрат аз шаҳри худ зиндагии мустақил ва донишҷӯиро оғоз намуд ва понздаҳ соли бо аҳаммияттарин солҳои зиндагии худро дар назди олимоне ҳамчун Имом Хумайнӣ(р) Буруҷердӣ(р) ва хусусан, аллома Сайид Муҳаммад Ҳусайни Таботабоӣ(р) ба касби илму адаб ва фалсафа ва калом гузаронд. Ӯ бо илми динӣ ва баҳраи қуръоние, ки аз он маҳди илм гирифта буд, дар соли 1952м марҳилаи дигаре аз зиндагиро оғоз кард, ки инбор Теҳрон мизбонаш буд.
Марҳилаи фаолияти илмӣ
Бо қарор гирифтан дар Теҳрон дар канори таълифу таҳқиқ ва навиштаҳои пурбаҳое, ки дошт, муқаддима ва шарҳи ҷилди аввали “Усули фалсафа ва равиши реолизм”-ро дар соли 1953м ва дар соли баъд, шарҳи ҷилди дуюми онро ба поён расонад ва ду сол баъд ба ҳайси устод дар донишгоҳи Теҳрон барои толибони илму маърифат дарсро оғоз кард, ки ин дар канори тадрис ба талабаҳои динӣ дар мадрасаи Марвӣ Теҳрон будааст.
Шахсияти маънавӣ
Муртазо Мутаҳҳарӣ ҳамчун як олими худошинос, ҳеҷгоҳ аз имони илоҳии худ дур нашуд ва таъсироти шири поки модар ва азону қомати падар аз дилу ҷонаш берун нарафт ва дар роҳи покдоманӣ ва равшанфикрии ҳақиқии Ӯ халале эҷод нагашт ва бо имону огоҳие, ки худ дошт, роҳро барои дигарон равшан мекард. Чунон равшангарие, ки баъд аз 31 сол аз шаҳодаташ ҳамчунон нури сухан, тадбири фикр ва андешааш наваш роҳнамо барои тарафдорони андеша ва амал аст.
Ӯ аз назари маънавӣ барои инсонҳое, ки дар ҷустуҷӯи маънавият ҳастанд як муаллим буду ҳаст ва имону тақво, ихлосу покдоманиро дар канори илму андеша ҳамчун сифати асосии як донишманд ба дигарон омухт.
Аз назару амали Устод инро метавон фаҳмид, ки маърифату фаҳм ва донишу тафаккур вақте ба дараҷаи ҳақиқии худ наздик мешавад, ки бо имон ба Худо ва эҳтиром ба халқи Худо ҳамроҳ бошад. Дар назари Ӯ, дарку фаҳм ва шинохти дигар боварҳо ва андешаҳои гуногун ва баёни равшан ва ошкор яке аз вижагиҳои донишманди ҳақиқӣ ва олими илоҳӣ аст.
Аз назари Ӯ иртиботу шинохти дигар адёну тафаккуроти динӣ ва дунявӣ як амри лозим аст, ки ҳар донишҷӯ ва донишпажӯҳе бояд онро барномаи худ бидонад, аммо пайравӣ ва амали кӯркӯрона ба гуфтаҳои равшанфикрони ғарбзадаро балои ҷони ин гуруҳ медонанд, ки бояд аз он парҳез шавад ва аммо…
Ҳар, ки гӯяд ҷумла ҳақ аст аҳмақист,
Ҳар, ки гӯяд ҷумла ботил ӯ шақист.
Дар тафаккури Устод олими динӣ он касе аст, ки илми динро шомили илми дунявӣ бидонад. Яъне дин ва дунё аз ҳам ҷудо набошад ва ҳардуро ду тарафи ҳаёти башар бишуморад. Дар ҳамин роҳ талошҳои зиёде кард ва бо рафтору гуфтор ва навиштори худ онро фарёд зад…
Ва ҳазорон сухан, ки дар боби тафаккури ноб ва ҷомеи Ӯ метавон гуфт, аммо чӣ беҳтар, ки донишпажӯҳони азиз,бо мутолиаи асли гуфторҳояш аз тафаккури эшон огоҳ гарданд.
Ва дар ниҳоят шамъи зиндагии он мутафаккири равшангар, ки ҳамчун бисёре аз ҳамсафонаш, чашми илҳоду нифоқро кӯр карда буд, ба ночор хашми душман бо ангушти гумроҳон ба тарафаш партоб гашт ва дар шабе аз шабҳои соли 1979м қалами равшангариашро шикаст ва Устод ҷовидона шуд.
Бо умеди он ки битавонем, сухани бурро ва гуфтори илмии он шахсиятро, ки худ барои умум ва бо забони равшан баён намудааст, ба хонандагони тоҷикзабон мунтақил кунем.
Ҳамду сано бар Худои Карим ва дуруду салом бар Расули Аъзам ва Авлиёи мукаррам ва тақдиру ташаккур аз дӯстони азизе, ки моро ёрӣ расонданд.
Поянда ва сарфароз бошед
Сайид Акбарзода
Моҳи шарифи Рамазон
1432қ / 2011м