
Ҳазрати Содиқ(а) фармуд:
“Барои ҳазрати Фотима(а) назди Худованд нуҳ ном аст: 1. Фотима 2. Сиддиқа 3. Муборака 4. Тоҳира 5. Закия 6. Розия 7. Марзия 8. Муҳаддиса 9. Заҳро”.
Сипас ҳазрат ба касе, ки ҳадисро нақл мекард фармуд: Оё медони маъноии Фотима чист? Арз кард: бифармоед, ҳазрат фармуд: Яъне аз шарр бурида шуда, сипас ҳазрат фармуд:
“Агар Алӣ(к) набуд (ва ҳазрати Фотимаро ба зани нагирифта буд) барои ҳазрати Фотима(а) ҳамтое лоиқ дар ҳамсари бар рӯи замин набуд, аз Одам гирифта ба баъд то рӯзи қиёмат.”[1]
Тоҳира ва закия, ишора ба таҳорати ҷисму ҷони он бонуи бузургвор аст, ки аз ҳар шарри ҷисми ва рӯҳи пок будаанд.
Розия ва марзия, ишора ба камоли рӯҳи ва маънавии ҳазрат дорад ва инки ӯ ба мартабае расида аст, ки аз Худованд дар ҳамаи ҳол рози ва Худованд низ аз ӯ рози аст.
[1] Алхисол, саҳ 414; Биҳор, ҷ 43, саҳ 10.