Борҳо шояд шунидед, ки бархе мегӯянд: “Одам бояд дилаш пок бошад ва ҳар коре хост бикунад”, дар ҳоле ки ин ду ҷумла зидди ҳам ҳаст. Касе, ки бихоҳад одами дуруст ва дилаш пок бошад, дигар наметавонад, ҳар тавре ки дилаш мехоҳад зиндагӣ кунад, чунки дуруст будан шароити хоссеро металабад ва маҳдудиятҳо, қайду бандҳое дорад.
Амали инсон нишондиҳандаи ниятҳои ӯст
Яқинан амалҳои инсон нишондиҳандаи ниятҳо ва даруни ӯст. Касе, ки ҳарчи ки дилаш ва ҳавои нафсаш бихоҳад ва талаб кунад анҷом диҳад ва ба дунболи корҳо ва афъоли шайтонӣ бошад, дигар наметавонад бигӯяд: Даруну дили ман пок аст ва одами дурусту солиме ҳастам. Ин дарун аст, ки берунро месозад ва берун аст, ки дарунро сафо мебахшад. Ба ҳамин хотир ният ва дилу даруни инсон робитаи бевосита бо амалҳо ва рафтори инсон дорад ва аз ҳамдигар таъсир мепазиранд.
Ибтидо беҳтар аст то таърифи саҳеҳ аз “дурусту дил пок будан” баён шавад. Инсон вақте инсони дурусте аст, ки ба дунболи амалҳои солеҳ бошад ва вақте амали солеҳ анҷом медиҳад, ки дарунаш пок бошад ва имон ва эътиқоди дурусте дошта бошад.
Аз назари аҳкоми ухравӣ ва саодат ва растгории инсон, ки бояд гуфт: Эътиқоди қалбӣ ва иқрори забонӣ кофӣ намебошад, балки амали солеҳ низ лозим аст, аз ин рӯ дар оятҳои Қуръони Карим пайваста имон бо амали солеҳ якҷоя омада аст. Чунон ки мефармояд:
«إِنَّ الْإِنسَانَ لَفِی خُسْرٍ إِلَّا الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْر[1]ِ
“Ҳамаи инсонҳо зиёнкоранд, магар касоне, ки имон ва амали солеҳ анҷом медиҳанд ва ҳамдигарро ба ҳақ ва сабр тавсия мекунанд.”
Ҳамчунин Қуръони Карим ба амал таъкиди зиёд дорад:
وَأَن لَّیْسَ لِلْإِنسَانِ إِلَّا مَا سَعَى وَأَنَّ سَعْیَهُ سَوْفَ یُرَى[2]
“ Ва ин ки барои инсон ҷуз он чи саъй ва талош мекунад нест ва дар ҳақиқат саъяш дар оянда дида мешавад. ”
Пас инсоне дили пок ва дуруст дорад, ки муҳаббати Худовандро дар дил дорад ва ба дастуроти ӯ, ки саодати инсонӣ аст амал мекунад.
Ҳар дӯстдоре фармонбардори маҳбуби хеш аст
Оё дуруст аст, ки мухолифи амри Худо амал кунем ва бигӯем, ки Худоро дӯст медорем? Ин муҳол ва нашуданӣ аст !
Имом Содиқ(а) фармуданд : «ما احب الله من عصاه»[3]
“Касе, ки Худоро нофармонӣ мекунад, ӯро дӯст надорад.”
Агар муҳаббати мо рост буд ҳатман аҳли итоати ӯ мешудем, чаро ки ҳар дӯстдоре, фармонбардори маҳбуби хеш аст.
Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:
“Ҳар кас дастуроти Худоро азим шуморад, ҷавоб ба фармони ӯ медиҳад.”[4]
Қуръони Карим мефармояд:
«قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ اللّهَ فَاتَّبِعُونِی یُحْبِبْكُمُ اللّهُ …»[5]
“Эй Паёмбар! Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, аз ман (фиристодаи ӯ) пайравӣ кунед то дӯстатон бидорад.”
Ҳамчунин ҳазрати Алӣ(к) фармуд:
“Агар мехоҳӣ аз Офаридагори худ фармонбардорӣ накунӣ, аз рӯзии ӯ махӯр ва агар душмани ӯро дӯст медорӣ, аз мамлакати ӯ берун шав. Барфарз ки Худованд барои маъсияти худ бим ҳам намедод, воҷиб ва шоиста буд, ки барои шукри неъматаш, маъсият нашавад. Ақл шамшери бурранда аст пас хоҳиши нафсатро бо ақли хеш бикуш.”[6]
Ин назарияро чӣ касоне мепазиранд?
Чунин афкор ва андешаҳое хатари бузург барои ахлоқи башарӣ дорад ва омиле барои тарвиҷи фасод ва бебандуборӣ аст. Иллатҳои баёни ин назария чунин аст;
1.То дар қайду банди аҳкоми динӣ ва шариат набошанд ва ба гуфтаи худашон битавонанд ҳар коре, ки хостанд анҷом диҳанд ва ҳар тавре ки хостанд зиндагӣ кунанд;
2.Барои ин ки виҷдон ва даруни худро қонеъ кунанд;
3.Касоне, ки худ ҳалок шудаанд ба дунболи ҳалок кардани дигарон ҳам ҳастанд то дар ин миён танҳо намонанд.
[1] Сураи Аср, ояти 3.
[2] Сураи Наҷм, оятҳои 39 ва 40.
[3] Маонилахбори шайх Садуқ.
[4] Мавъизаҳои имом, саҳ. 84.
[5] Сураи Оли Имрон, ояти 31.
[6] Равзатулвоизин, саҳ. 664.