Одобу суннатҳои Паёмбар(с) дар сафар

Одобу суннатҳои Паёмбар(с) дар сафар

Имом Боқир(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) рӯзи панҷшанбе мусофират мекарданд.

Расули Худо(с) дар сафар, панҷ чизро бо худ мебурданд: Оина, сурмадон, шона, мисвок ва қайчӣ.

Имом Ризо(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) барои рафтан ба сафари Ҳаҷ, субҳгоҳ аз Мино ҳаракат ва аз роҳи (зуб) мерафтанд ва дар вақти баргашт аз роҳи Машъар ва Мино бармегаштанд. Паёмбари Акрам(с) аз роҳе, ки ба ҷое мерафтанд, дар баргашт аз роҳи дигар меомаданд.

Расули Худо(с) ҳар вақт мехостанд ба ҷанг бираванд, мақсадашонро равшан баён намекарданд, ба хотири хабардор нашудани душманон.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Худо(с) дар сафар ҳар вақт аз баландие поин меомаданд, Субҳоналлоҳ мегуфтанд, ва замоне, ки ба баландие мебаромаданд, Аллоҳу Акбар мегуфтанд.

Расули Акрам(с) дар сафар, аз хонае ба хонаи дигар кӯч намекарданд, магар ин, ки дар он хона ду ракат намоз мехонданд ва мефармуданд: Мехоҳам ин хона дар рӯзи қиёмат ба намоз хонданам гувоҳӣ диҳад.

Расули Худо(с) ба ҳангоми хайру хуш бо мӯъминоне, ки ба сафари Ҳаҷ мерафтанд, мефармуданд: Худованд тақворо тӯшаи шумо кунад, шуморо бо ҳар хайру хубие рӯ дар рӯ кунад, ҳамаи ҳоҷататонро бароварда кунад, дину дунётонро бароятон солим дорад ва шуморо барои ман солим баргардонад.

Имом Содиқ(р) бо марде Худо ҳофизӣ карданд ва дар ҳаққи ӯ инчунин дуо карданд: Дайну амонататро ба Худо супурдам, Худованд тақворо тӯшаат кунад, ба ҳарҷо равӣ бо хайру баракат рӯ ба рӯ шавӣ. Сипас рӯ ба ҳозирон карданду гуфтанд: Ин буд видои Расули Худо(с) бо Алӣ(кр) вақте, ки ба ҷое мефиристоданд.

Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Расули Акрам(с) ба касоне, ки аз сафари Ҳаҷ меомаданд, мегуфтанд: Худованд аъмолатонро қабул кунад, гуноҳонатонро бахшад ва ончи харҷ кардед ба шумо баргардонад.

Расули Акрам(с) замоне, ки мехостанд ба сафар бираванд, байни занҳояшон қуръа мекашиданд ва ба қайди қуръа яке аз онҳоро бо худ мебурданд.

Паёмбари Акрам(с) дӯст надоштанд, касе безанаш ба сафар равад.

Расули Худо(с) фармуданд: Суннат аст, гурӯҳе ба сафар раванд ва тӯшаашонро бо худ баранд; зеро ин кор сабаби дилхушию дилгармӣ ва хушхулқии онҳо мешавад.

Ҳазрати Анас ибни Молик(рз) мегӯянд: Ҳеҷ гоҳ Расули Акрам(с) қасди сафар намекарданд, магар он, ки ба ҳангоми хестан аз ҷо мегуфтанд: Худоё! Бо ёрии ту сафар мекунам ва ба сӯи ту рӯй меоварам ва ба домани раҳматат даст мезанам, ту нигаҳбон ва нуқтаи умеди манӣ. Худовандо! Маро дар ончи бароям муҳим аст ва ончи муҳим намедонам ва ончи ки ту худ беҳтар аз ман медонӣ, ато кун. Худоё! Тақворо тӯшаам кун ва гуноҳамро бахш ва ба ҳар сӯ рӯй кардам маро бо хайру баракат рӯ ба рӯ кун. Баъд аз хондани ин дуо ба сафар мерафтанд.

Расули Худо(с) дар мусофиратҳо тезу тунд роҳ мерафтанд ва чун ба роҳи калонтаре мерасиданд, тезтар роҳ мерафтанд.

Имом Боқир(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) вақте, ки мехостанд бо мусофире Худоҳофизӣ кунанд, дасти ӯро мегирифтанду барои ӯ дуо мекарданд.

Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Расули Худо(с) асое доштанд, ки нӯки он оҳани тез дошт, ба он такия мекарданд ва рӯзҳои иди фитр ва қурбон ва дар сафарҳо онро бо худашон мебурданд ва дар вақти намоз онро дар пешашон қарор медоданд.

Расули Худо(с) мефармоянд: Асо гирифтан нишонаи мӯъмин ва суннати паёмбарон аст.

Ба асо такия кардан аз ахлоқи паёмбарон аст.

Каъб ибни Молик мегӯяд: Расули Акрам(с) аз сафар бар намегаштанд, магар дар рӯз. Яне: Дар шаб Паёмбар(с) аз сафар бар намегаштанд.

Суннат он аст, ки мусофир барои истироҳат фуруд наояд, магар ҳангоме, ки ҳаво гарм бошад ва ҳаракаташ зиёд дар шаб ва салқинӣ бошад.

Суннат он аст, ки мусофир аз хона субҳи зуд ҳаракат кунад ва аввали сафар рӯзи панҷшанбе бошад.

Дар сафар об ҳамроҳ бурдан аз суннат аст.

Расули Акрам(с) вақте аз сафар бармегаштанд, аввал ба масҷид мерафтанду ду ракат намоз мехонданд, сипас ба хона мерафтанд.

Расули Акрам(с) вақте аз ҷанг ё сафари Ҳаҷ бармегаштанд, ҳангоми баромадан ба сарболоӣ ё фаромадан аз он, се бор Аллоҳу Акбар мегуфтанду ин дуоро мехонданд: Маъбуде ҷуз Худованди ягона нест, фармонравоию ситоиш махсуси ӯст, зинда мекунаду мемиронад ва бар ҳар чизе тавоност, мо бозгарданда ба сӯи ӯ ва парастишгару саҷдакунандаву ситояндаи Парвардигорамон ҳастем. Худованд ба ваъдааш вафо кард, бандаашро ёрӣ дод ва худ ба танҳоӣ аҳзоби куфрро дарҳам шикаст.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.