
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо ишора ба роҳкорҳои ҷилавгирӣ аз рафторҳои хушунатомез дар ҷавомеъ, гуфт: “Яке аз иқдомоти пешгиранда аз хушунатҳои ҷавомеъ, мардумсолорӣ ва додани озодии баён ба афрод аст.”
Ба гузориши Nasimonline, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар суханоне дар Кумисиюни “Ҷаҳони орӣ аз хушунат”-и 27-умин давраи Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, иброз дошт: “Конфронси ваҳдат, бистари муносибест, ки дар он, осебҳо ва дардҳои ҷаҳони ислом баён шавад.”
Кабирӣ, мардумсолорӣ ва озодии баёнро омили пешгиранда аз хушунатҳои иҷтимоӣ донист ва афзуд: “Ҳамвора наметавон аз роҳҳои низомӣ аз хушунатҳои иҷтимоӣ ҷилавгирӣ кард ва бидуни додани озодии баён ба миллатҳо, имкон надорад аз хушунатҳои иҷтимоӣ дар амон бошем.”
Вай афзуд: “Бештари ҷавонон, ки дар гаройишҳо ва андешаҳои ифротӣ ва тундрав қарор мегиранд, ба далели ноумедӣ аз ояндаи кишварашон ва хафақони баён даст ба ин иқдомот мезананд. Агар нухбагони ҷомеъа дар ростои найл ба аҳдофашон роҳкори муносиберо иттихоз кунанд, то ҷавонон андешаҳои худро баён кунанд, аз рафторҳои тунд ва хушунатбори ҷавомеъ ҷилавгирӣ мешавад.”
Кабирӣ афзуд: “Агар чунин имконоте пеш меомад, яқинан бисёре аз ин ҷавонҳое, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, вориди ин гурӯҳҳо намешуданд.”
Раиси ҲНИТ ёдовар шуд: “Дар кишвари худамон, дорем аз сӯйи ҷавононамон зери суол меравем, ки марз байни сабр ва тарси шумо куҷост? Ва ба ҳамин сабаб, рӯй ба сӯйи рафторҳои хушунатбор меоваранд ва намехоҳанд сукут кунанд, ки албатта дуруст нест.”
Вай хотирнишон кард: “Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳи бузурге аз миллатҳои мусалмон дар ҳолати яъс ва ноумедӣ нисбат ба оянда ҳастанд. Дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки аслан интихобот вуҷуд надорад. Дар кишваре мисли Миср бо ҳаводисе, ки рӯй дод, маълум нест эътимоди мардум ба сандуқҳои раъй ҷалб шавад.”
Кабирӣ дар бораи таҳаввулоти Сурия, бо ишора ба инки дар ибтидо бархе талошҳо барои касби озодӣ дар Сурия шакл гирифт, аммо ба хотири адами таваҷҷӯҳ ба онҳо ва эъмоли хушунат ба он, гуфт: “Аммо алъон ингуна нест ва ифротгароён майдондор шуданд ва сатҳи васеъе аз хушунатҳоро рақам заданд ва имрӯзҳо хушунатгароён авзоъро дар Сурия душвор кардаанд.”
Вай гуфт: “Агар дар ҷаҳони ислом, насли ҷавонро дар сохт ва ободонии кишвар саҳим кунем, дар оянда дорои сатҳи камтаре аз хушунат хоҳем буд.”