Осмони бепоя ва азамати Худованд

Осмони бепоя ва азамати Худованд

 

Сақфе, ки саросари ҷаҳонро иҳота карда аст, ба назари мо бепоя меояд. Токунун ҳеҷ устои забардасте натавониста аст, сақфи бепояе бисозад ва паз аз ин ҳам нахоҳад тавонист.

Ин осмони паҳновар, бо ин бузурги, ҷигуна бепоя сохта шуда аст?

Оё ҳақиқатан бепоя аст ё онки поя дорад ва мо намебинем?

Оё ин осмон, сақфи кураи замин аст ё мо чунин гумон мекунем?

Чизе, ки яқин аст, дар ин осмон милионҳо ситора мавҷуде аст, ки бисёре аз онҳо ҳазорон бор, аз замини мо бузургтар ва сангинтар ҳастанд, вале рӯи замин намеафтанд ва барои заминиён хатаре надоранд. Бегумон, модда аз сохтани ин осмон оҷиз аст. Зеро худи модда эҳтиёҷ ба сохтан дорад. Моддае, ки набуда аст ва буд шуда, оваранда мехоҳад. Ақл бовар намекунад, ки набуде, бидуни иллате буд шавад. Тасодуф ҳам ҳамешги наметавонад бошад. Тасодуф амре аст муваққатӣ. Тасодуф бо ҷовидони будан, тазод дорад. Мавҷуди тасодуфи, мавҷуде нест, ки ҳама кас ва ҳама чизро аз он суд бибаранд. Пас ин осмони паҳновар, нишони қудрате бузург ва дониши беинтиҳо ва ҳикмате азим аст.

Ин осмон моро ба қудрати бениҳояти Худованд савқ медиҳад ва ба мо мефаҳмонад, ки Худованд ба ҳар чизе ки фикраш ҳам шояд ба он нарасад тавоност.

Оё боре шуд аст, ки Худовандро ба хотири неъматҳояш шукргузори карда бошед??

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.