Паёмбар(с) ва пӯшидани либос

Паёмбар(с) ва пӯшидани либос

Расули Худо(с) ҳар навъ либосе, ки дар дастрас доштанд мепӯшиданд, либоси сабзрангро дӯст медоштанд. Бештарин либосашон сафедранг буд, Паёмбар(с) мефармоянд: Зиндаҳои худро сафед бипӯшонед ва мурдагонатонро дар он кафан кунед. Он Ҳазрат(с) чи дар ҷанг ва ғайри ҷанг либоси кушод мепӯшиданд. Қабои он Ҳазрат(с) аз сундус буд замоне, ки онро мепӯшиданд ранги сабзаш бар сафедии рӯяшон меомад ва мисли моҳ медурахшиданд. Дарозии либосашон аз қузаки по мегузашт ва рӯпӯшашон аз либосашон кӯтоҳтар буд. Ҳамеша миёнашонро мебастанд ва баъзе вақтҳо дар ҳоли намоз ва ғайри он миёнашонро мекушоданд. Он Ҳазрта(с) рӯпӯше доштанд, ки бо заъфарон ранг шуда буд ва баъзе вақтҳо бо он намози ҷамоат мехонданд. Ҳамчунин абои кӯҳнаву кӯккарда мепӯшиданду мефармуданд: Ман банда ҳастам ва монанди бандаҳо либос мепӯшам.

Паёмбар(с) ду ҷома доштанд, ки фақат дар рӯзҳои ҷумъа мепӯшиданд. Он Ҳазрат(с) абои сиёҳранге доштанд, ки ба касе бахшиданд. Уммул мӯъминин Салама(рз) мефармоянд: Падар ва модарам фадоят бод! он абои сиёҳ куҷо шуд? Паёмбар(с) гуфтанд: Онро ба касе, ки либос надошт бахшидам. Умми Салама(рз) мегӯянд: Абои сиёҳ ба сафедии рангатон бисёр меомад ва ман зеботар аз онро надида будам.

Тазаккур: Сундус, ба  абрешими латиф гӯянд. Дар инҷо манзур абрешими нохолис аст; зеро пӯшидани абрешими холис барои мардон ҳаром аст.

Ҳазрати Анас ибни Молик(рз) мефармоянд: Паёмбари Акрам(с) ангуштар ба даст мекарданд ва бо он номаҳоро мӯҳр мекарданду мефармуданд: Мӯҳр кардани номаҳо беҳтар аз эҷоди шакку шубҳа аст. Паёмбар(с) шабҳо ба сарашон сарпӯш мепӯшиданд ва гоҳе онро аз зери салла ва гоҳе бесалла мепӯшиданд. Паёмбари Акрам(с) саллае доштанд, ки номаш Саҳоб буд, онро ба ҳазрати Алӣ(кр) ҳадия карданд, ҳар вақт ҳазрати Алӣ(кр) онро мепӯшиданд Паёмбар(с) ба асҳобашон мефармуданд: Алӣ дар Саҳоб назди шумо омадааст.

Паёмбари Акрам(с) ҳамеша либосро аз тарафи рост мепӯшиданду чунин мефармудан:  Сипосу ситоиши Худоеро, ки бар ман ҷомае пӯшонид, ки бо он шармгонамро бипӯшонам ва ороста дар байни мардум намоён шавам. Вақте мехостанд либосашонро кашанд аз тарафи чап мекашиданд.

Паёмбар(с) вақте либоси нав мепӯшиданд, либосҳои кӯҳнаашонро ба камбағалон медоданду мефармуданд: Ҳеҷ мусулмоне нест, ки либоси кӯҳнаашро фақат барои ризои Худованд ба камбағале бипӯшонад, магар ин, ки дар паноҳу хайри Худованд хоҳад буд, то замоне, ки он либос бар тани камбағал аст, хоҳ диҳандаи либос зинда бошад ё мурда.

Паёмбар(с) абое доштанд, ки ҳар куҷо мерафтанд, онро таҳ мекарданду ба зерашон меандохтанд. Ҳамчунин он Ҳазрат(с) ба рӯи қамиш мехобиданд.

Аз ахлоқи он Ҳазрат(с) ин буд, ки ба чаҳорпоён ва яроқу асбобу анҷомҳояшон ном мегузоштанд. Масалан номи байрақашон Уқоб, номи шамшерашон, ки бо он дар ҷангҳо мерафтанд, Зулфиқор буд ва номи шамшерҳои дигарашон Мехзам, Расуб ва Қазиб буд. Дастаи шамшерашон бо нуқра ороста шуда буд, миёнбандаш аз чарм ва  бо се нуқра ороста шуда буд. Номи камонашон Катум ва тирдонаш Кофур ном дошт. Номи шутурашон Қусво буд, ки ба он Азбоъ низ мегуфтанд. Номи қотирашон Дулдул ва харашон Яъфур буд ва номи гӯсфанде, ки шири онро меошомидан Айнаҳ буд.

Он Ҳазрат(с) кӯзае аз сафол доштанд, ки аз он об меошомиданд ва бо оби он таҳорат мегирифтанд. Мардум фарзандонашонро мефирстонданд ба хонаи Паёмбар(с) агар дар он кӯза об бошад аз он меошомиданд ва барои табаррук аз он ба сару сурату баданашон мемолиданд.

Ривоят шудааст, ки саллаи он Ҳазрат(с) ба андозае буд, ки се давр ё панҷ давр ба гирди сарашон мепечид.

Ривоят шудааст, ки  Паёмбар(с) саллаи сиёҳе доштанд ва бар он намоз мехонданд.

Паёмбари Акрам(с) бо либоси кушод намоз мехонданд.

Паёмбари Акрам(с) ду ҷомаи роҳ роҳ (абои пашмини сиёҳ) доштанд, ки фақат дар ҳоли намоз мепӯшиданд ва умматашонро ба назофату покизагӣ даъват ва ба он дастур медоданд.

Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Либоси пахтагин бипӯшед, ки он либоси Расули Худо(с) буд.

Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Нӯки ғилоф ва дастаи қаличи Паёмбар(с) аз нуқра буд ва мобайни он ду низ бо нуқра зинат дода шуда буд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Ангуштари Расули Худо(с) аз нуқра буд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Нигини ангуштар бояд гирд  бошад, ангуштари Расули Акрам(с) низ гирд буд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Нақши нигини Расули Акрам(с) Муҳаммад-ур-Расулаллоҳ буд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Худо(с) ду ангуштар доштанд бар яке, Ло илоҳа иллаллоҳ ва бар дигаре, Садақаллоҳ навишта шуда буд.

Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Суннати пайғамбарон ин аст, ки  куртаашонро қабл аз шим ба тан мекарданд.

Расули Акрам(с) дар супоришоташон ба ҳазрати Абӯзар(рз) фармуданд: Эй Абӯзар! ман либоси хашини ғавс ба тан мекунам, рӯи замин менишинам, ангуштонамро пас аз хурок мелесам ва бар хари безин (туқум) савор мешавам ва каси дигарро низ бо худ савор мекунам, пас ҳар ки аз суннати ман рӯй гардонад аз ман нест.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) аз либоси сиёҳ кароҳат доштанд, магар дар се чиз: Салла, пояфзол ва або.

Имом Боқир(р) мефармоянд: Суннат аст, ҳангоми пӯшидани кафш аввал пои рост пӯшида шавад ва ҳангоми баровардан, авал пои чап кашида шавад.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Пӯшидани кафши сиёҳ ва наълайни зард аз суннат аст.

Расули Худо(с) дар рӯзи ҷумъа ҷомаи сурхранге мепӯшиданд ва саллаи сиёҳ, ки номаш Саҳоб буд ба сар мебастанд. Дар рӯзи фатҳи Маккаи Мукаррама бо саллаи сиёҳ, ки ба сарашон баста буданд вориди он шуданд. Расули Худо(с) дар рӯзе, ки аз дунё рафтанд як рӯпӯши ғавси ямонӣ ва абое, ки ба он Малбада мегуфтанд ба тан доштанд. Он Ҳазрат(с) тахте доштанд, ки Асад ибни Зурора ҳадия карда буд. Минбарашон се зина дошт ва аз чӯби Тарфоъ буд, ки зане тавассути ғуломаш ба номи Маймун сохта буд. Масҷидашон манора надошт ва Билол(рз) рӯи замин азон мегуфт.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.