Сираи набавӣ;


Ҳаё дар гуфтори Паёмбари Акрам(с) Сираи набавӣ;

Паёмбари Худо(с) фармуданд:

– Ҳаё ва имон ҳамеша ҳамроҳи якдигаранд, ҳар гоҳ яке набошад, дигарӣ низ нахоҳад буд.

– Ҳаё шӯъбае аз имон аст.

– Ҳаё ва имон қарини ҳамдигаранд, онҷо ки ҳаё нест, дин нест.

– Он гоҳ ки туро ҳаё набошад, ҳарчи хоҳӣ бикун!

– Худои Таоло боҳаё ва пардапӯш аст ва ҳаё ва пардапӯширо дӯст дорад. Пас ҳар гоҳ яке аз шумо ғусл мекунад, (ё худро шустушӯ медиҳад), бояд бадани худро бипӯшонад.

– Ҳаё ҳамаи некӣ аст, (ҳар кӣ ҳаё дорад, ҳамаи некиро дорост).

– Ҳаё мояи зинат; тақво мояи бузургӣ аст ва беҳтарин саворӣ – шикебоӣ ва сабр аст ва интизории кушоиш аз ноҳияи Худованд, ибодат аст.

– Ҳаё ҷуз некӣ ба бор намеоварад.

– Ҳар кӣ аз мардум шарм накунад, аз Худованд низ шарм накунад.

– Туро супориш менамоям, ки аз Худо ончунон ҳаё кунӣ, ки аз шахси солеҳи қавми худ ҳаё мекунӣ.

Наҳҷ-ул-фасоҳа

Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.