Тавтеаи будоиҳо алайҳи мусулмонон

Тавтеаи будоиҳо алайҳи мусулмонон
Раҳбарони будои вилояти Арокони Миянмар ба зуди дар шаҳри “Ситуҳ” маркази ин вилоят, гирди ҳам меоянд то тарҳи пешниҳоди интиқоли ақалият мусулмонони Роҳингиё ба боздоштгоҳҳои асирони ҷангиро мавриди барраси қарор диҳанд.
Ба нақл аз пойгоҳи хабарии World Bulletin, бар асоси ин тарҳ, мусулмононе ки санади тобеияти Миянмарро надошта бошанд, ба ин урдугоҳҳо мунтақил хоҳанд шуд.
Ин иқдом дар ҳоле қарор аст анҷом шавад ки давлати Миянмар бо вуҷуди собиқаи тулони сукути мусулмонони Роҳингиё дар ин кишвар, оноро муҳоҷирони ғайри қонуни аз Бангладеш мехонад ва ба онҳо ҳаққи тобеият намедиҳад.
Сон Тавн, яке аз раҳбарони будои вилояти Арокон ва узви кумитаи ҳамоҳангиҳои изтирори, бо банголи хондани ақалияти мусулмонони Роҳингиё, гуфт: Ба зуди пружаи барраси тобеияти банголиҳо оғоз мешавад ва ҳамзамон бо он, ин тарҳ ба раиси ҷумҳури Миянмар ироа хоҳад шуд.
Бар асоси ин тарҳи пешниҳоди, ҳамаи мусулмонони Арокон чи сокинони деҳкадаҳо ва чи паноҳандагони урдугоҳҳо, ба урдугоҳҳои асрон мунтақил хоҳанд шуд.
Тавн афзуд: Мусулмонони Роҳингиё ва кудакони онҳо ки дар Арокон мутаваллид шудаанд, шаҳрвандони ғайри қонуни маҳсуб мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 140 ҳазор мусулмон ки ба хотири ҳамлаҳои маргбори будоиёни миянмари аз хона ва кошонаи худ гурехтаанд ва дар урдугоҳҳои муваққат ба сар мебаранд. Ҳудуди як милион мусулмони Роҳингиё низ дар Арокон боқи монданд ки ҷузви 135 қавмияти расми ин кишвар ба шумор намеоянд ва дар саршумориҳо ҳисоб намешаванд.
Икно

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.