Чароғи хатари Иблис

Чароғи хатари Иблис

Аз имом Содиқ(а) ривоят аст, ки фармуданд:

Вақте ки ин оят бар Паёмбар(с) нозил шуд:

وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللَّهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ وَمَن يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللَّهُ وَلَمْ يُصِرُّوا عَلَىٰ مَا فَعَلُوا وَهُمْ يَعْلَمُونَ”([1]

“Ва онҳо ки вақте амали зиште шаванд, ё ба худ ситам кунанд, ба ёди Худо меафтанд; ва барои гуноҳони худ талаби омурзиш мекунанд ва кист ҷуз Худо ки гуноҳонро бибахшад? ва бар гуноҳ, исрор намеварзанд бо инки медонанд”.

Иблис (падари шайтонҳо) сахт нороҳат гардид. Болои куҳе дар Макка ба номи Савр рафт ва фарёд зад ва ҳамаи ёронашро ба ташкили анҷумани худ даъват намуд. Ҳамаи бачча шайтонҳо ҷамъ шуданд. Иблис нозил шудани ояти болоро ба онҳо расонд ва изҳори нигарони кард ва аз онҳо кумак хост.

Яке аз ёрони ӯ гуфт:

Ман бо даъват намудани инсонҳо аз ин гуноҳ ба он гуноҳ, асари ин оятро аз байн хоҳам бурд.

Иблис назарашро напазируфт. Дигаре пешниҳоди мисли аввали кард вале боз мавриди пазириши Иблис қарор нагирифт.

То инки аз миёни шайтонҳо, шайтони куҳнакоре ба номи “Васвоси Ханнос” гуфт:

Пешниҳоди ман ин аст, ки фарзандони одамро бо ваъдаҳо ва орзуҳои тулони олуда ба гуноҳ мекунам (ва мегуям, ки алон барои тавба кардан зуд аст ва фурсати тавба бисёр аст) вақте ки гуноҳеро анҷом дод Худоро фармуш карда ва бозгашт ба сӯи Худо (тавба) аз хотири онон пок мешавад.

Иблис гуфт:

Марҳабо! Роҳ ҳамин аст. Сипас ин маъмуриятро то поёни дунё ба ӯ супорид.

Худовандо моро аз шарри васвасҳои шайтонҳо ҳифз бифармо.Омин



[1] Сураи Оли Имрон, ояти 135.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.