Имом Ҳусейн (а) аз барҷастатарин афроде ҳаст, ки инсоният дар ҳамаи мароҳили таърихияш ононро ҷовидон сохта аст. Имом Ҳусейн (а), сарвари озодагон, аз дурахшонтарин раҳбарони муслиҳе аст, ки дар саҳнаи зиндагӣ, эъҷозро муҳақақ сохта ва корвони инсониятро ба суи аҳдоф ва орзуҳояшон ба ҳаракат дароварданд ва онро барои эҷоди ҷомеаи мутавозин, пеш ронданд.
Имом Ҳусейн(а), беш аз ҳар муслиҳи дигар ҷиҳод кард, бахшид ва фидокорӣ намуд.
Вилодати Имом Ҳусейн(а)
Вай писари Али ибни Абутолиб(а), пешвои ҳақ ва адолат дар замин, бародари Паёмбар(с)[1] ва дарвозаи илми он ҳазрат аст[2].
Модарш сайидаи нисои оламин Фотимаи Заҳро, духтари гиромии Паёмбари Акрам(с) аст, ки Паёмбар(с) дар мавридаш фармуд: Фотима сарвари занони ҷаҳониён[3] ва пораи тани ман аст, манро меозорад ончи ӯро биозорад[4].
Сарвари занони ҷаҳониён навзоди бузургворашро дар панҷуми шаъбон[5] соли чаҳоруми ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара ба дунё овард, ки ҳеҷ бонуе аз духтарони Ҳаво, на дар асри нубувват ва на баъд аз он ҳамонанди ӯро назоида буд, ки баракати азимтар ва сӯди бештар аз ӯ барои инсоният ва ҷаҳон дошта бошад.
Чун Ҳусейн(а) ба дунё омад, Паёмбар(с) худаш маросими шаръии тавалуди муборакашро ба ҷо овард ва ин корҳоро анҷом дод.
Авал: Азон ва иқомат
Паёмбар(с) Имом Ҳусейнро дар оғуш гирифт ва дар гӯши росташ азон гуфт ва дар гӯши чапи ӯ иқомаро хонд.[6]
Дуввум: Номгузори
Паёмбар(с) номи ӯро Ҳусейн гузошт ва фармуд : Ҳорун фарзандонашро Шабир ва Шубайр номид ва ман фарзандонам Ҳасан ва Ҳусейнро ба ҳамон маъное, ки ӯ фарзандонашро номид номидам.[7]
Сеюм:Ақиқа ва тарошидани мӯи сар
Ва дар рӯзи ҳафтуми вилодати он ҳазрат, Паёмбар(с) дастур дод то гӯсафандеро ақиқа бикунанд, ва гушташро байни фақирон тақсим намоянд, ва ҳамчунин дастур дод то муҳи сари фарзанди навзодашро битарошанд ва ҳамвазни мӯи сар, нуқра ба фақирон садақа диҳанд. [8]
Куния ва алқоб
Куния он бузургвор Абуабдуллоҳ, лақабҳои он, Сибти Расулуллоҳ, Сайиди шабоби аҳли ҷаннат, Райҳонаи Расулуллоҳ,[9] ки инҳо баргирифта аз аҳодиси Паёмабри Худост(с).
Паёмбари Худо(с) ва Имом Ҳусейн(а)
Рӯзе Паёмбари(с) Ислом писари хурдсоли худ Иброҳимро рӯи зонуи чапаш ва Ҳусейнро(а) рӯи зонуи росташ нишонда буд. Гоҳе Ҳасейнро(а) мебусид ва гоҳе Иброҳимро мебӯсид дар ин ҳангом Ҷабраил(а) бо ваҳйе, ки аз ҷониби парвардигори оламин дар ихтиёр дошт, бар он ҳазрат фурӯд омад. Пас аз инки пайғоми Илоҳиро ба иттилои Расули Акрам(с) расонид, Расули Акрам(с) фармуд: Инак Ҷабраил(а) аз сӯи парвардигорам нозил шуд ва пайғом дод, ки эй Муҳаммад парвардигорат ба ту салом мерасонад ва мефармояд, ки ман ин ду фарзандро барои тӯ нигоҳ намедорам. Бояд яке аз ин дуро фадои дигаре қарор диҳи. Пас аз шунидани пайғом нигоҳе ба Иброҳим намуду гирист ва нигоҳе ба Ҳусейн намуду ашк аз дидагонаш ҷори шуд. Сипас фармуд: Агар Иброҳим фидои Ҳусейн шавад, ҷуз ман касе дигар бар ӯ сугвор намешавад ва аз сӯи дигар модари Ҳусейн Фотимаст падараш Алӣ(а), ки гушту хуни ман аст ва агар Ҳусейн фидои Иброҳим шавад духтараму писар амакам ва худи ман бар марги ӯ сугвор хоҳем шуд. Барои ҳамин андуҳгин будани худамро ба андӯҳнок шудани онҳо тарҷеҳ медиҳам. Ин буд, ки тақозо кардам то Иброҳим фидои Ҳусейн бошад. Тақозои ман пазируфта шуд ва Иброҳим пас аз се рӯз беморӣ дар гузашт . Ҳар вақт Пайғамбари Акрам(с) мушоҳида мекард , ки Ҳусейн(а) ба сӯяш медавад, ӯро мебусид ва ба сина мечаспонид ва даҳонашро мебӯсид ва мефармуд: Фидои касе шавам, ки фарзандам Ибррҳимро ба хотираш фидо кардам.[10]
Дар яке аз рӯзҳо Пайғамбари Акрам(с) бо ҳамроҳи асҳобаш ба манзиле даъват шуданд, дар роҳ ба кучае расиданд, ки Ҳусейн(а) дар онҷо бо кӯдакон бозӣ мекард. Расули Худо(с) аз миёни асҳоб берун омад, дасташро кушод, ки он ҳазратро бигирад. Ҳусейн(а) аз ин тараф ба он тараф мегурехт ва Пайғабар(с) ҳам ханда кунон ӯро дунбол мекард, то ин ки Ҳусейнро(а) гирифт, онгоҳ дасташро зери чона ва дасти дигарашро пушти гардани ӯ гузошт ва лаб бар лабаш гузошт ва ӯро бӯсид ва фармуд: حُسینٌ مِنِّی وَ انا مِن حُسین.اَحَبَّ اللهُ مَن اَحَبَّ حُسَیناً. حُسین سِبطُ مِنَ الاَسباط Ҳусейн аз ман аст ва ман аз Ҳусейнам, касе, ки Ҳусейнро дӯст бидорад Худо ҳам ӯро дӯст медорад. Ҳусейн сибте аз асбот аст.[11]
Муҳабати Паёмбар (с) нисбат ба Имом Ҳусейн(а)
Паёмбари Акрам(с) нисбат ба Имом Ҳусейн(а) бо муҳабати фаровон рафтор мекард ва ҷойгоҳи боло ва мизони алоқаи зиёди худ ба ӯро ба мардум нишон медод ва мефармуд: اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُ فَاَحِبُّهُ Худоё ман ӯро(Ҳусейнро(а)) дӯст дорам пас ӯро дӯст бидор.[12]
Ва низ дар бораи ӯ ва бародараш Имом Ҳасан(а) мефармояд: انَّ الحَسَنَ وَ الحُسَین هُما رَیحانتایً مِنَ الدُنیا Ҳасан ва Ҳусейн ду райҳонаи ман аз дунё ҳастанд.[13]
Усома ибни Зайд ривоят кардааст, ки шабе барои ҳоҷати ба манзили Расули Худо(с) рафта будем, Расули Худо(с) бо абои худ чизеро печида буд. Надонистем чӣ аст. Аз ӯ савол кардем, Ҳазрат аборо боз кард, дидем Ҳасан(а) ва Ҳусейн(а) аст. Баъд Расули Худо(с) фармуд: هَذانِ ِابنایَ وَ اِبنَا اِبنَتِی اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُما فَاَحِبُّهُما وَ احِبَّ من یُحِبُّهُما Ин ду писарони ман ҳастанд ва писарони духтарам, Худоё ман онҳоро дӯст дорам ,пас дӯст бидор онҳоро ва дӯст бидор ҳар касе, ки онҳоро дӯст медорад.[14]
Ҳаргоҳ Пайғамбари Акрам(с) ба хонаи духтараш Фотимаи Заҳро мерафт ба Фотимаи Заҳро мефармуд: اُدعِ لِی اِبنَیَّ فَیَشُمُّهُما وَ یَضُمُّهُما اِلیهِ Писарҳоямро садо бизан, (то пеши ман биёянд) пас онҳоро мебӯид ва ба худ мечасбонид.[15]
Пайғамбари Акрам(с) то онҷо Имом Ҳусейнро дӯст медошт, ки онҳангоме ки ӯ ба маҷлиси хитобаи Пайғамбар(с) ворид мешуд, Пайғамбар(с) аз минбар поён омада ӯро дар оғӯш мегирифт ва ба болои минбар мерафт.[16]
Фазилати дӯстӣ ва накуҳиши душманӣ бо Имом Ҳусейн(а)
Расули Ҳудо(с) умматро дар бораи Имом Ҳусейн(а) ва бародари бузургвораш Имом Ҳасан(а) супориши зиёде мекард ва фазилати дӯстӣ бо онҳо ва накуҳиши душманӣ бо онҳоро ба уммат гушзад мекард. Дар ҳақиқат мефармуд: Дӯстӣ бо онҳо воҷиб аст ва душманӣ бо онҳо ҳаром. Ҳамчунон, ки мефармуд: مَن اَحَبَّ الحَسَنَ وَ الحُسَینَ فَقَد اَحَبَّنِی وَ مَن اَبغَضَهُما فَقَد اَبغَضَنِّی. Ҳар кас Ҳасану Ҳусейнро дӯст дорад маро дӯст доштааст ва ҳар кас дӯшманашон бидорад маро душман дошта аст.[17]
الحَسَن و الحُسَین إبنایَ مَن أحَبَّهُما أحَبَّنِی وَ مَن أحَبَنِّی أحَبّهُ الله و مَن أحَبَّهُ الله أدخَلَه الجَنَه و مَن أبغَضَهُما ابغَضَنِی و مَن اَبغَضَنِی أبغَضَهُ اللهُ و مَن أبغَضَهُ اللهُ أدخَلَهُ النار [18]. Ҳасан ва Ҳусейн писарони ман ҳастанд, ҳар кас онҳоро дӯст бидорад, маро дӯст дошта аст ва ҳар кас, ки маро дӯст бидорад, Худо ӯро дӯст медорад ва ҳар касеро, ки Худо дӯст бидорад, ӯро дохили биҳишт мекунад ва агар ҳар кас онҳоро душман бидорад маро душман доштааст ва ҳар кас маро душман бидорад, Худо ӯро душман медорад ва ҳар касро, ки Худо душман бидорад, ӯро дохили дӯзах мекунад.
Ва дар ҷои дигар мефармояд: انا سَلمٌ لِمَن سالمتُم و حربٌ لمن حاربتُم.[19] Ман дар сулҳу созишам, бо ҳар кас ки бо шумо дар сулҳу созиш бошад ва дар ҷангу набардам, бо касе, ки бо шумо дар ҷангу набард бошад.
Имом Ҳусейн(а) сарвари ҷавонони аҳли биҳишт.
Расули Худо(с) мукарраран Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейнро(а) ба ин васф муаррифӣ намуданд ва бо хушҳолӣ мефармуд: Ҷабраил(а) ба ман хабар додааст, ки онҳо сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд. Баъзе аз он ривоётро дар инҷо зикр мекунем: Аби Саид Алхудрӣ мегуяд, ки аз Расули Худо(с) шунидам ки, мефармуд: الْحَسَنُ وَالْحُسَيْنُ سَيِّدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّةِ .[20] Ҳасан(а) ва Ҳусейн(а) сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд.
Абуҳотам ривоят мекунад Расули Худо(с) фармӯд: مَن أحَبَّ أن يَنظُرَ إلى سَيِّدِ شَبابِ أهلِ الجَنَة فَليَنظُرَ إلى الحُسَينِ . Ҳар кас дӯст дорад, ки ба сарвари ҷавонони аҳли биҳишт бибинад ба Ҳусейн нигоҳ кунад. [21]
Ӯ низ ривоят мекунад, ки Расули Худо(с) фармуд: أن حَسَنًا وَ حُسَينًا سَيِّدا شَبابِ أهلِ الجِنَة وَ أبُوهُما أفضَلُ مِنهُما. Ҳасан ва Ҳусейн сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд ва падарашон Ҳазрати Алӣ (а) аз онҳо беҳтар аст. [22]
Шабоҳати Имом Ҳусейн(а) ба Паёмбари Акрам(с)
Яке аз муҳимтарин осори қонуни виросат шабоҳати фарзанд ба ниёкони худ аст. Ин шабоҳат гоҳе дар ранг ва пуст аст ва гоҳе дар қаду қомат ва гоҳе ҳам дар ахлоқ, гоҳе дар тамоми ин хусусиёт ва ё дар баъзе аз онҳо.
Бинобар ахборе, ки ба мо расида аст Имом Ҳусейн(а) шабоҳати бештар ба ҷаддаш Расули Акрам(с) дошта аст.
Алӣ (а) мефармояд: الحَسَنُ أشبَهُ برسُولِ اللهِ ما بَینَ الصَدرِِ الی الرَأسِِ و الحُسَینُ أشبَهُ بِرَسُولِ اللهِ ما کانَ أسفَلَ مِن ذالک Ҳасан(а)аз сина то сар шабоҳати комил ба ҷадди бузургвораш дошт ва Ҳусейн(а) аз сина то қадам шабоҳати ба ҷадди бузургвораш дошт.[23]
Муҳаммад ибни Заҳоки Хазомӣ мегуфт : کانَ وَجهُ الحَسَنَ یَشبَهُ وَجهَ رَسُول اللهِ و کانَ جَسَدُ الحُسَینَ یَشبَهُ جَسَدَ رَسُول اللهِ. Чеҳраи Имом Ҳасан(а) мисли чеҳраи Расули Худо(с) буд ва пайкари Имом Ҳусейн (а) шабеҳи пайкари Расули Худо(с).[24]
Аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки: أُتِىَ عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ زِيَادٍ بِرَأْسِ الْحُسَيْنِ فَجُعِلَ فِى طَسشتٍ ، فَجَعَلَ يَنْكُتُ ، وَقَالَ فِى حُسْنِهِ شَيْئًا . فَقَالَ أَنَسٌ كَانَ أَشْبَهَهُمْ بِرَسُولِ اللَّهِ Вақте ки сари Имом Ҳусейнро(а) назди ибни Зиёд оварданд, сари мутаҳҳарашро дар табақе гузошт ва бо чубдасти худ бар он чашм ва бинии Имом Ҳусейн(а) мезад ва аз некӯӣ ва зебойи он сухан мегуфт: (рӯӣ ба ин зебоӣ надидам) гуфтам: Ҳусейн шабеҳтарин онҳо(яъне аҳли байт) ба Пайғамбари Худо(с) буд.[25]
*******
Бо барраси ривоёти зиёд, ки аз Расули гироми ислом(с) расида аст метавон истифода кард: Имом Ҳусейн бо доштани сифот ва камолот инсонии фавқулъода мавриди меҳр ва алоқаи Ҷадди бузургвораш буда ва калимоти дар тамҷид ва ситойш он Ҳазрат дар мавриди зиёди баён фармуда ва аз тарафи Пайғамбар Акрам(с) ҳечгоҳ сухани беҳуда нагуфта аст ва Қурон ҳам Ҳазратро(с) аз пайрави ҳавои нафс ба дур дониста аст. وَ مَا يَنطِقُ عَنِ الهَْوَى إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْىٌ يُوحَى Ӯ ҳаргиз аз ҳавои нафс сухан намегуяд,ончи мегӯяд ҷуз ваҳй, ки ба Ӯ илқо мешавад нест. [26]
Фазойли ахлоқии Имом Ҳусейн(а)
Арзиши воқеии инсонҳо ба илм , камолот , фазойл ва сифоти ахлоқи аст. Афроди башар ҳар чанд аз ҷиҳати ҷисм ва зоҳир, либос , мол ва мақом бо ҳам тафовутҳое доранд, вале ин тафовутҳо сабаби имтиёзи онҳо бар якдигар нест. Ончизе, ки сабаби имтиёзи ҳақиқӣ аст илм , фазилат , ахлоқ ва рафтори нек аст. Ба тасдиқи дӯст ва душман Пайғамбари Акрам(с) соҳиби ахлоқи азим ва ягона намунаи камоли башари аст. Аҳли байти ӯ, аз он ҷумла Имом Ҳусейн(а) вориси камолоти илмӣ, ахлоқӣ ва ҷисмӣ ӯ ҳаст. Мардум дар симо ва рафтор ва равиш он, Пайғамбарро(с) медиданд.
Имом Ҳусейн(а) вориси Пайғамбар
Фотимаи Заҳро духтари гиромии Пайғамбари Акрам(с) дар рӯзҳои охири умри Пайғамбар(с), Ҳасан ва Ҳусейнро назди он Ҳазрат овард ва гуфт: Ё Расули Худо инду писарони шумо ҳастанд, ба онҳо чизе ба ирс бибахш . Пайғамбар(с) фармуд: ба Ҳасан азамат ва бурдбори мебахшам ва ба Ҳусейн ҷуду (бахшандаги) ва меҳрубони.
Ва дар ривояти дигар аст, ки фармуд: ба Ҳасан ҳайбат ва бузургии ман барои ӯ ва ба Ҳусейн аст ҷуд ва ҷуръати ман.[27]
Ибодати Имом Ҳусейн(а)
Табарӣ аз Абдуллоҳ ибни Зубайр нақл мекунад, ки чун шаҳодати он ҳазратро шунид, гуфт: : اما واللهِ لَقَد قَتَلُوهُ،طَوِیلاً بِاللَّیلِ قِیامه،کَثِیرا فِی النَهَارِ صَومهБа Худо қасам мардеро куштанд, ки қиёмаш дар шаб тулонӣ ва рӯзааш дар рӯз бисёр буд.[28]
Шиддати тарси Имом аз Худо ба қадре буд, ки ҳаргоҳ вузу(таҳорат) мегирифт ранги чеҳрааш дигаргун мешуд ва бадан муборакашон меларзид ва мефармуд: Шойиста аст, ки мӯъмин вақти дар пешгоҳи Худованди қаҳҳор қарор мегирад, ранги чеҳрааш зард бишавад ва баданаш ба ларзауфтад. Касони, ки ин ҳолатро дар Имом Ҳусейн(а) мушоҳида мекарданд аз ин ҳолати Имом дар ҳайрат мешуданд ва мегуфтанд: Чиқадар аз Худоят хавф(тарс) дорӣ? Имом Ҳусейн(а) дар ҷавоб мефармуд: Дар рӯз қиёмат танҳо касоне дар амон ҳастанд, ки дар дунё аз Худо тарс доранд.[29]
Тавозуъ ва фурутании Имом Ҳусейн(а)
Такаббур ва худписандии инсонҳо аз нодонӣ ва ғафлат аст. Аммо ҳарчи маърифат ва Худо шиносӣ ва тавҳид ва илм ва ҳикмати инсон бештар шавад тавозуъи ӯ зиёдтар мешавад.
Имом Ҳусейн(а) аз кучае мегузашт, ки дар онҷо чандтан аз фақирон порчаеро паҳн карда рӯи он нон гузошта мехӯранд. Ҳамин, ки Имом Ҳусейнро(а) диданд гуфтанд бифармо эй фарзанди Расули Худо(с)!
Имом(а)назди онҳо рафт ва дар канори онон зону зад ва рӯйи замин нишаст ва бо онҳо нон хӯрд ва ин ояро тиловат кард: إِنَّهُ لَا يحُِبُّ الْمُسْتَكْبرِِين ба рости, ки Худо мутакабиринро дӯст намедорад[30]. Баъд Имом Ҳусейн(а) аз онҳо даъват кард, ки ба манзили ӯ биёянд ва ба онҳо таом дод.[31]
Саховати Имом Ҳусейн(а)
Ҷуд ва бахшиши ин хонадон зарбулмасал аст. Яке аз фазоили Алӣ(а), ки сабаб шуд ояти аз Қурон дар шаънаш нозил шавад, инфоқ ва садақоти он ҳазрат дар роҳи Худо буд.
Имом Ҳусейн(а) ҳангоми бахшиш ба соил( талбанда) дучори шарм ва ҳаё мешуданд. Ҳикояти як араби бодия нишин, ки аз Имом Ҳусейн(а) баъд аз хондани шеър дархости пул кард, Ҳазрат вориди хона шуданд ва чаҳор ҳазор дирҳам дар абояшон печиданд ва онро ба хотири шарм ва ҳаё аз сойл(талбанда) аз шикофи дари хона ба ӯ доданд ва гуфтанд: бигир, ман аз тӯ бахшиш мехоҳам, ки агар дар оянда мол ва сарвате ба даст овардам,абр раҳмати мо бар ту хоҳад борид, аммо чи кунам, ки замона дигаргун шуда аст ва мо аз моли дунё андаке дорем.
Шаҳодати Имом Ҳусейн(а)
Имом ҳусейн(а) ҳудуди шаш соли даврон кудакиашро дар замони ҳаёти пур бараракати Расули Ҳудо (с) сипари намуд. Ва дар соли шасту якуми ҳиҷри дар Карболо ба дастури Язид писари Муовия бо ҳамроҳи ёрону фарзандон ба шаҳодат расид.[32]
[1]- Саҳеҳ Тирмизӣ,китоби Маноқиб, боби маноқиб Алӣ ибни Абутолиб.
[2] -Саҳеҳ Тирмизӣ,китоби Маноқиб, боби маноқиб Алӣ ибни Абутолиб.
[3]-Усдул ғоба, ҷ.5 с.522
[4] -Саҳеҳ Тирмизӣ,китоби маноқиб, боби фазилати Фотима
[5] Албидоя ва ниҳоя(Ибни Касир), ҷ5 с.462
[6] Усдул ғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ1 с.566/Алмустадрак ало саҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.
[7] Алмустадрак ало саҳиҳайна, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн/ Таърихи мадинаи димишқ(Ибни Асокир) ҷ41 с.119
[8] Албидоя ва ниҳоя(Ибни Касир) ҷ5 с.2444
[9] Сунанӣ Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейнибни Алӣ-ибни Абитолиб.
6-Таърихи Бағдодӣ, ҷ 2 с 204
[11] – Усдул ғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ1 с.566 Сунан ибни Моҷа, китоби алсуна фазлил Ҳасан ва Ҳусайн ибни Алӣ-ибни Абитолиб. Таърихи мадинаи димишқ(Ибни Асокир), ҷ14, с.114
[12] Саҳеҳ Муслим, боби фазоили Ҳасан ва Ҳусайн разиялоҳу анҳо./ Алмустадрак алас саҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн
[13] Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн-ибни Алӣ-ибни Абитолиб./Фатҳул бори дар шарҳи саҳеҳ Бухорӣ боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн разиялоҳу анҳо
[14] Сунану Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн-ибни Алӣ-ибни Абитолиб
[15] Суннану Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейниб ни Алийиб ни Абитолиб ./ Таърихи мадинаи Димишқ(ибни Асокир) ҷ14 с.153
[16] Сунанут тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейниб ни Алийиб ни Абитолиб.
[17] Суннани ибни моҷа,китобиссунна, фазлул Ҳасани вал Ҳусайниб ни Алийиб ни Абитолиб/ Таърихи мадинату димишқ(Ибни Асокир) ҷ14/с.152.
[18] Алмустадрак ало саҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн/ Таърихи мадинаи Димишқ(Ибни Асокир), ҷ14, с.156
[19] Таърихи мадинатун Димишқ (Ибни Асокир), ҷ14, с.158566/ Сунан ибни Моҷа, китоби алсуна фазлил Ҳасан ва Ҳусайн ибни Алӣ-ибни Абитолиб
[20] Усдул ғоба фи маърифатиссаҳоба,ҷ1с.567/ Захоирул Ъуқбо(Аҳмад ибни Абдуллоҳи Ат-Табарӣ)с.128.
[21] Захоирул Ъуқбо (Аҳмад ибни Абдуллоҳи Ат-Табарӣ)с.128.
[22] Захоирул Ъуқбо(Аҳмад ибни Абдуллоҳи Ат-Табарӣ)с.127/ Алмустадрак ало саҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.
[23] Усдул ғоба фи маърифатиссаҳоба,ҷ1с.566. / Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн-ибни Алӣ-ибни Абитолиб./ Албидоя ва ниҳоя(Ибни Касир), ҷ5 с.262
[24] Албидоя ва ниҳоя (Ибни Касир), ҷ5 с.262./ Таърихи мадинаи Димишқ (Ибни Асокир), ҷ14 с.127
[25] Фатҳул бори дар шарҳи саҳеҳ Бухорӣ боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн разиялоҳу анҳо, ҷ7 с467/. Албидоя ва Ниҳоя (Ибни Касир), ҷ5 с.262./ Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейниб-ибни Алӣ-ибни Абитолиб ./Усдул ғоба фи маърифатис саҳоба ҷ1 с.566
[26] Сураи наҷм ояи 3-4
[27] Таърихи мадинаи Димишқ (Ибни Асокир), ҷ14, с.129
[28] Таърихи Табаррӣ, ҷ6, с,273
[29] Маноқиби ибни Шаҳр Ошуб, ҷ6, с,66
[30] Сураи наҳл, ояи 33
[31] Маноқиби ибни Шаҳр Ошуб, ҷ,6 с,66
[32] Албидоя ва ниҳоя(Ибни Касир), ҷ5 с.462