Панди ҳазрати Исо(а)

Панди ҳазрати Исо(а)
Рӯзе ҳазрати Исо(а) бо иддае аз пайравонаш аз бозорчае мегузашт. Ногаҳон гурӯҳеро дид, ки ба гирди саги мурдае ҷамъ шудаанд ва дар бораи он гуфтугӯ мекунанд.
Яке мегуфт: “Бӯи бади он инсонро хафа мекунад!”
Дигаре мегуфт: “Чи қадар олуда аст!”
Севумӣ мегуфт: “Чи қадар зишт аст!”
Вақте ки навбати ҳазрати Исо(а) расид, гуфт: “Ҳамаи шумо айби ӯро гуфтед ва ман акнун ҳусни онро мегӯям: Воқеан чӣ дандонҳои сафеду зебое дорад!”
Ҳама аз ин сухан тааҷҷуб карданд.
Ҳазрати Масеҳ(а) фармуд: “Кӯшиш кунед, ки ҳамеша аз миёни зиштиҳо ва зебоиҳо, зебоиҳоро нишон диҳед.”

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.