Таъсири хурмои ҳаром

Таъсири хурмои ҳаром

Олиме муддате рағбат ва ишқу алоқа ба дуо надошт ва аз ибодат лаззат намебурд.  Бисёр нороҳат буд, то ин ки шабе дар хоб ба ӯ илҳом шуд, ки ин вазъяит таъсири хурмои ҳаром аст.
Аз хоб бедор шуд ва ёдаш омад, ки рӯзе аз мағозае хурмо харидааст ва баъд аз ҳисоб кардани пул ҳангоми баромадан аз мағоза мебинад, ки яке аз хурмоҳо пусида аст ва бе иҷозати соҳиби мағоза онро бо хурмои хуб иваз кард.
Ҳамин як хурмо боис шуд, ки аз лаззати ибодат ва қабулии дуо маҳрум шавад.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.