Шукри Худо бар дуъои мардуд!

Шукри Худо бар дуъои мардуд!Моргире море аз моргири дигар дуздиду ба хонаи худ бурд. Аз қазо он мор хашмгин шуду тан ба таслим надод.Афсуни моргири дузд дар ӯ асар накард ва моргирро газиду кушт. Соҳиби аслии мор аз ҳодиса огоҳ шуду гуфт: Худо нигоҳ дорад.

Ман дар ҷустуҷӯи ӯ будам , ки морамро пас бигирам ва дуъо мекардам.

Ғофил, ки чӣ бар сари ӯ хоҳад омад . Агар дуъои ман пазируфта мебуд, акнун ман ба ҷои ӯ мурда будам.

Дуздаке аз моргире мор бурд

Зиаблаҳӣ онро ғанимат мешумурд

Дар дуъо мехостӣ ҷонам аз ӯ

К-аш биёбам мор,бистонам аз ӯ.

Шукри Ҳақро к-он Дуъо мардуд шуд,

Ман зиён пиндоштам, худ суд шуд.

Пас дуъоҳо к- он зиён асту ҳалок,

В- аз карам мешнавад Яздони пок.

“Маснавии Маънавӣ”

Tojikon.org


Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.