Азизо!

Азизо!Саҳар чун дар ибодат пар кушудӣ
Нишастӣ бо Худо хилват намудӣ
Садо кардӣ Худоро ошиқона
Равон шуд ашки чашмат дона-дона
Азизо, бар мани мискин дуо кун!
Паёми мо равон сӯи Худо кун!
Дар ин моҳи саросар нуру раҳмат
Худо лоиқ намо ризвону ҷаннат!
Абдусалом

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.