Дар ишорати ишқ

Дар ишорати ишқ

Равнақи айёми ҷавонист ишқ

Мояи коми ду ҷаҳонист ишқ

Майли таҳаррук ба фалак ишқ дод

Завқи таҷарруд ба малак ишқ дод

Чун гули ҷон бӯи таашшуқ гирифт

Бо гули тан ранги тааллуқ гирифт

Робитаи ҷону тани мо аз ӯст

Мурдани мо, зистани мо, аз ӯст

Маҳ ки ба шаб нур деҳи ёфта

Партаве аз меҳр бар ӯ тофта

Хок зи гардун нашавад тобнок

То асари меҳр наафтад ба хок

Зиндагӣ дил ба ғами ошиқист

Торики ҷон дар қадами ошиқист

Абдураҳмони Ҷомӣ

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.